Сулҳ баҳорест, баҳор оварад?
Сулҳ танҳо фазои бетиру туфанг нест, балки ҳолатест, ки касе ҷангро нахоҳад. Инро яке аз ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ, профессор Мартин Оуэр гуфта буд. Донишманди саршиноси тоҷик Акбари Турсон адлро пояи устувори сулҳ номида буд. Ба гуфтаи шаҳрвандони Тоҷикистон сулҳ оромӣ, хушбахтӣ, фаровонист. Имрӯз, гоҳе ки вазъи муҳоҷирони тоҷикро мебинем, метавон аз таърихи гурезаҳои ҷанг ёдовар шуд. Ё ҳамоно дар он сӯи Омӯ афроде ҳастанд, ки омодаанд, бо силоҳ ба Тоҷикистон ҳамла кунанд. Номи тоҷикон акнун на танҳо ҳаммаънои муҳоҷир, балки ифротӣ ва террорист шудааст. Мухолифон аз таъсиси нерӯҳои мусаллаҳ мегӯянд ва шиори инқилоб мепартоянд. Пас, оё дар кишвар сулҳе ҳаст? Вазъи имрӯз ва ёди имзо шудани созишномаи сулҳи Тоҷикистон дар рӯзи 27-уми июни соли 1997 дар фасли нави подкасти “Ганҷи шойгон”.
Навор
-
декабр 22, 2024
Нуқра Раҳматова: Дили инсон бояд нуре дошта бошад
-
ноябр 24, 2024
Мансаб ё "бозгашти шарафмандона"?
-
ноябр 10, 2024
Сарвазири пешин Абдумалик Абдуллоҷонов чӣ мехост?
-
октябр 27, 2024
Нурӣ зидди интихоботи 1994 буд
-
октябр 13, 2024
Он рӯзи соли 1993 дар куҷо будед?
-
сентябр 29, 2024
Зери парчамҳои сабз ва сурх
Гуфтугӯ