Аз донишгоҳи Вашингтон то Бостону Вирҷиния ва Сиэтлу Йел. “Замини модарон” имсол Шаҳзодаи Самарқандӣ, рӯзноманигор ва нависандаи тоҷики муқими Ҳолландро барои баҳсу таҳлили ин китоб ба Амрико бурд. Достоне, ки шебу фарози фурӯпошии Шӯравиро ба риштаи тасвир кашида.
Аз донишгоҳи Вашингтон то Бостону Вирҷиния. “Замини модарон” имсол Шаҳзодаи Самарқандӣ, нависандаи тоҷики муқими Ҳолландро барои баҳсу таҳлили ин китоб ба Амрико бурд. Достоне, ки шебу фарози фурӯпошии Шӯравиро ба риштаи тасвир кашида. Радиои Озодӣ рӯзи 19 декабр бо Шаҳзодаи Самарқандӣ гуфтугӯ кард.
Васияти академик Раҳим Масов, ки агар зинда мебуд, 16-уми ноябри имсол 85-сола мешуд, ҳанӯз иҷро нашудааст.
Осорхонаи Садриддин Айнӣ, сардафтари адабиёти муосири тоҷик, дар Соктареи ноҳияи Ғиждувон ба феҳристи маконҳои сайёҳии вилояти Бухоро дохил шудааст.
Ҷӯрабек Муродов, ҳунарманди мардумии СССР аз хабари ба мероси ҷаҳонии фарҳангӣ ворид шудани асбоби рубоб, тарзи сохтану иҷрои он истиқбол кард.
Нозанин Юлчиева, раққосаи балет, мегӯяд, касбе, ки наздикон бовар доштанд, ӯ баъди чанд рӯз тамрин тарк мекунад, ҳоло манбаи асосии таъмини хонавода шудааст.
Фарзонаи Хуҷандӣ, аз маъруфтарин шоирони муосири тоҷик тирамоҳи имсол ба синни 60 расид. Хабарнигори Радиои Озодӣ ба муносибати мавлудаш бо Фарзона доири рисолати эҷодкорӣ ва печутобҳои рӯзгораш суҳбат кард. Сароғоз аз ӯ пурсидем, ки ин шасти камолот то куҷо ба ӯ камол бахшид?
Рӯзи 1 ноябр дар ноҳияи Восеъ дар синни 66-солагӣ Маҳмадсафар Муродов - фалаксаро ва Ҳофизи халқии Тоҷикистон даргузашт.
Адабиётшиносон ва дӯстдорони шеър рӯзи якуми ноябр дар театри Камоли Хуҷандӣ дар маркази вилояти Суғд ҷамъ омаданд, то аз вижагиҳои эҷодиёти Фарзона (Иноят Хоҷаева) суҳбат кунанд. Нишаст ду рӯз давом мекунад. Дар рӯзи аввал меҳмонон аз вилоятҳои Самарқанду Фарғона, Эрон ва Олмон сухан гуфтанд.
Сокинони дараи Яғноб, як гӯшаи дуруфтодаи Тоҷикистон, аз ояндаи забони худ нигаронанд, ки ба гуфтаашон дар вартаи нобудӣ қарор дорад. Забони яғнобӣ аз гӯишҳои қадимии суғдӣ аст ва ҳоло тақрибан 10-12 ҳазор кас дар Тоҷикистон бо он гап мезананд.
Мирзо Шукурзода, нависанда, шоир ва пажуҳишгари шинохтаи тоҷик дар синни 75-солагӣ дар шаҳри Хуҷанд даргузашт.
Дар шаҳри Бухоро як осорхона ва театри нодири лӯхтакҳои миллӣ зери хатари аз байн рафтан аст.
Ёфтҳои бештар