Ҳодиса
Се рӯз гузашт. Ҳамлаварон ба хабарнигорони "Озодӣ"-ро накофтанд ё наёфтанд? ВИДЕО
Бо гузашти се рӯз ва бо вуҷуди муроҷиатҳо ба Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ҳанӯз ҳамлаварон ба хабарнигорони Радиои Озодӣ ва "Настояшее Время" дар Душанбе ошкору дастгир нашудаанд. Аз таҷҳизоти рабудашуда низ то ҳанӯз хабаре нест. Мақомот расман дар ин бора хабар надоданд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи рӯзноманигорон низ.
Ҳамла ба хабарнигорони Радиои Озодӣ ва телевизиони "Настояшее Время" рӯзи 17-уми майи имсол, пас аз он рӯй дод, ки онҳо барои гирифтани шарҳи Улфатхоним Мамадшоева, яке аз фаъолони ҷомеаи мадании Бадахшон, ба хонааш дар пойтахт рафта буданд. Мақомот он рӯз ӯро ба ташкили эътирозҳо дар Хоруғ муттаҳам карданд.
Шахсони ношинос дар назди хонаи ӯ ба хабарнигорону наворбардорони Радиои Озодӣ ва телевизиони "Настояшее Время" дар Душанбе ҳамла карда, дастгоҳи наворгирӣ ва телефонҳояшонро кашида гирифтанд.
Масъулони ШКД-и ноҳияи Сино-2-и шаҳри Душанбе, ки тафтишро пеш мебаранд, ба зангҳои батакрори Радиои Озодӣ дар мавриди пешрафт дар таҳқиқи ҳодиса посух намедиҳанд.
Муллораҷаб Юсуфӣ, хабарнигори Радиои Озодӣ, рӯзи 19-уми май гуфт, баъд аз чаҳор соати ҳодиса ба Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино-2 муроҷиат карданд.
"Дар онҷо чӣ гуна рӯй додани ҳодисаро пурра навишта гирифтанд. Як нафари моро ба ҷойи ҳодиса бурда, пурсиданд. Ваъда доданд, ки ҳодисаро таҳқиқ хоҳанд кард, аммо то ҳол ягон ҷавоб нагирифтем," -- афзуд Юсуфӣ.
Ба қавли хабарнигор, онҳо вакили мудофеъ гирифта, то охир барои барқарор кардани адолат талош хоҳанд кард. Айни чунин ҳодиса бо Анӯшервон Орифов, хабарнигори телевизиони "Настояшее Время" ва наворбардораш рӯй дод.
Дар умум, ба иттилои хабарнигорони Радиои Озодӣ ва "Настояшее Время" аз онҳо ҳафт телефон ва як дастгоҳи наворгириро гирифтаанд. Ба қавли Анушервон Орифов, ҳамлаварон гуфтаанд, хабарнигорон дастгоҳҳоро дертар хоҳанд гирифт, аммо нагуфтаанд, кай ва аз куҷо.
"Он таҷҳизоте, ки фақат аз гуруҳи кории мо, яъне "Настояшее Время" гирифтанд, бештар аз 9 ҳазор долар (112 ҳазор сомонӣ) арзиш дорад," – афзуд ӯ.
Хабарнигорон мегӯянд, ҳамла одӣ ё розҳзанӣ набуд, балки ҳадафмандона ва танҳо бо нияти гирифтани телефони мобили ва дурбини наворгирӣ анҷом шуд. Дастгоҳҳое, ки дар он суҳбати Улфатхоним Мамадшоева маҳфуз буд.
Ҳуқуқдонҳо мегӯянд, афроди ношинос дар чанд маврид ҳуқуқи хабарнигоронро поймол карданд:
- “Якум, ғайриқонунӣ ва бе нишон додани санаде ба кори хабарнигорон дахолат кардан;
- Дувум, задан ва сипас мусодира кардани таҷҳизоти кории онҳо.”
Шокирҷон Ҳакимов, доктори илми ҳуқуқ, гуфт: “Тартиби мусодира ҳаст. Барои мусодира асос лозим. Асос ин санади расмӣ аз тарафи додситон, баъзе маврид аз сӯи додгоҳ. Агар корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ бошад ва қаблан далелҳо бошад, баъдан зимни содир шудани ҷиноят боздошт ва мусодира мекунанд.”
Дар пайи ин ҳодиса президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ҳамлаҳои ҷудогона ба хабарнигорони Радиои Озодӣ ва телевизиони “Настояшее Время”-ро дар Душанбе шадидан маҳкум кард. Ҷейми Флай рӯзи 17-уми май дар изҳороте гуфт, “борҳо аз мақомоти Тоҷикистон хостем, ки фишорро алайҳи расонаҳои озод бас кунанд.”
То ҳол ҳеч созмонҳои хабарнигории Тоҷикистон ба ҳамла ба хабарнигорону наворбардорони Радиои Озодӣ ва телевизиони "Настояшее Время" вокунише накарданд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Субҳонқул Раҳимов: "Ҳавопаймо мисли маст буд"
Субҳонқул Раҳимов, зодаи Тоҷикистон ва мусофири ҳавопаймои суқуткардаи озарӣ мегӯяд, ҳангоми наздик шудани ҳавопаймо ба шаҳри Грозний дар Чеченистон як садои баланди таркишро шунидааст.
Ҳавопаймои ширкати Озарбойҷон Эйрланз, ки рӯзи 25-уми декабр аз шаҳри Боку ба Грозний парвоз мекард, дар наздикии шаҳри Оқтау дар Қазоқистон суқут кард. Субҳонқул Раҳимов, дар суҳбат бо хабаргузории “Ройтерс” гуфтааст, ки баъди шунидани садои баланд, ба дуохонӣ шуруъ кард.
Ӯ афзуд: “Ман фикр кардам, ки дигар ҳавопаймо пора-пора мешавад”. Дар натиҷаи суқути ҳавопаймо, ки ба замин афтодаву нисфаш оташ гирифт, 38 нафар кушта ва 29 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.
Яке аз қурбониён зодаи Тоҷикистон аст. Русия гуфтааст, ки бояд мунтазири натиҷаҳои таҳқиқи расмӣ шуд, то маълум кунанд, ки дар воқеъ чӣ рух додааст. Чаҳор манбаи огоҳ аз таҳқиқи ибтидоӣ дар Қазоқистон ба хабаргузории Ройтерз гуфтаанд, ки системаи дифои ҳавоӣ ва зидди мушакии Русия иштибоҳан ҳавопаймои мусофирарро задааст.
Ширкати Озарбойҷон Эйрлайнз рӯзи ҷумъа тамоми парвозҳо ба шаҳрҳои Русияро боздошт ва гуфт, сабаби суқути ҳавопаймо “дахолати физикӣ ва фаннӣ аз берун” будааст. Субҳонқул Раҳимов мегӯяд, ки пас аз садои баланди таркиш, ҳаракати ҳавопаймо ба мисли ҳаракати инсони маст буд. Ӯ афзудааст: “Мисли онки маст буд, на ҳавопаймои пешина”. Ҳавопаймои Эмбраер, аз шаҳри Боку, пойтахти Озарбойон бархоста ба Грозний, пойтахти Чеченистон мерафт, ки онҷо Русия системаи дифои зиддимушакиро барои рафъи ҳамлаҳои паҳподҳои Украина ба кор андохтааст.
Пас аз суқути ҳавопаймо аввал гуфта мешуд, ки мумкин аст, ҳавопаймо ба селаи паррандагон бархӯрда бошад ва мехост фуруди изтирорӣ анҷом бидиҳад. Баъди суқут ба гуфтаи Субҳонқул Раҳимов, сукуте ҳамаҷоро фаро гирифт ва баъдан нолаву фарёд баланд шуд.
Дмитрий Песков, сухангӯи ҳукумати Русия дар посух ба ин суол ки системаи дифои зиддимушакии Русия иштибоҳан ҳавопайморо задаанд, гуфт, ки то замони хотимаи таҳқиқ чизе гуфта наметавонад. Ҳикмат Бобооғлу рӯзи 27-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “ба эҳтимоли қавӣ” мушаки системаи дифои ҳавоиии Русия ба ҳавопаймо осеб расонидааст ва “бар асоси мушоҳидаву хулосаҳо ин фарзия ба ҳақиқат наздик аст, ки ҳавопайморо задаанд.”
Ҷон Кирби, сухангӯи ҳукумати Амрико ҳам дар ин ҳамин рӯз гуфт, мутахассисон “аломатҳоеро дидаанд, ки нишон медиҳад, ҳавопайморо системаи дифои ҳавоии Русия сарнагун кардааст.”
“Росавиатсия” идораи нозири парвозҳо дар Русия гуфт, ки ба капитани ҳавопаймо пешниҳод кардаанд, ки дар дигар фурудгоҳҳо биншинанд, вале ӯ фурудгоҳи Оқтауро интихоб кардаааст.
ФСБ аз маҳви ду "террорист" хабар дод, бо навиштаҳои тоҷикӣ дар телефони онҳо
Мақомоти амниятии Русия мегӯянд, чанд узви як гурӯҳи ифротгарои исломӣ ва зодагони Осиёи Марказиро нобуд карданд, ки мехостанд, дар Маскав ҳамлаи террористӣ анҷом бидиҳанд.
Мақомоти амниятии Русия мегӯянд, чанд узви як гурӯҳи ифротгарои исломиро нобуд карданд, ки мехостанд, дар Маскав ҳамлаи террористӣ анҷом бидиҳанд. ФСБ ва ё Хадамоти Федералии Амнияти Русия, рӯзи 27-уми декабр бо нашри як баёнияи шубҳабарангези расмӣ гуфт, аъзои «Вилояти Хуросон» ки як ҳалқаи ДОИШ аст, ният доштаанд, як шӯъбаи умури дохилиро дар Маскав битарконанд.
«Вилояти Хуросон» аксаран аз зодагони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ташкил ёфтааст. Дар баёнияи расмӣ, ки хабаргузориҳои русӣ ҳам онро нашр кардаанд, гуфта мешавад, ин афрод қасд доштаанд, кормандони пулис дар Маскавро ҳадаф бигиранд. Дар баёния омадааст, ки ҳангоми талоши боздошт, афроди муттаҳам ба ҷиноят муқовимат нишон доданд ва дар ҷойи ҳодиса кушта шуданд.
Дар баёнияи ФСБ доир ба теъдоди кушташудагон ва кай сурат гирифтани ҳодиса чизе гуфта нашудааст. Дар баёния омадааст, ки ин афрод ба гуруҳи ба ном Давлати исломӣ савганди садоқат ёд карда ва дастур гирифтаанд, ки бо харидани балонҳои газ ва сохтани маводи тарканда, кормандони пулис дар Маскавро ҳадаф қарор бидиҳанд.
Дар хабар гуфта нашудааст, ки кушташудагон шаҳрвандони куҷо ҳастанд, аммо дар видеои таҳриршудае, ки хабаргузории давлатии «ТАСС» нашр кардааст, як телефони ҳамроҳро дида мешавад, ки навиштаҳои динии тоҷикӣ ва муколамаи «Зайд» ном фардеро дар Вотсапп бо кадом каси дигар нишон медиҳад.
Ба гуфтаи Хадамоти Федералии Амнияти Русия, «бадниятон баъди он таҳти назорати нерӯҳои амниятӣ гирифта шуданд, ки дар бораи як шӯъбаи вазорати умури дохилии Русия ҳамчун ҳадафи амали террористӣ маълумот ҷамъ меоварданд.»
Дар баёния ҳамчунин омадааст: «Онҳо бо савганди садоқат ба гурӯҳи Давлати исломӣ мошин харидаанд, дар он балонҳои газ гузошта ва ба таҳияи абзори худсохти тарканда шурӯъ кардаанд. Ҳангоми боздошт террористон муқовимати мусаллаҳона нишон доданд ва дар ҳамлаи ҷавобӣ маҳв карда шуданд.»
Дар видеои «ТАСС» ҷасади ду нафари оғушта ба хун дида мешаванд, ки чеҳраҳояшонро ноаён кардаанд ва назди яке туфангча истодааст. Мақомоти интизомӣ гуфтаанд, ки дар ин замина парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва таҳқиқот идома дорад. Дар гузашта ФСБ чандин нафарро бо гуноҳи терроризм ва қасди анҷоми амали террористӣ боздошт кардааст, ҳарчанд онҳо гуфтаанд, ки гуноҳе надоранд.
Ҳадсу гумонзанӣ дар бораи фалокати ҳавопаймои озарӣ зиёд мешавад
Қарор аст, мутахассисони Қазоқистон рӯзи 27-уми декабр барои таҳқиқ ба маҳалли суқути ҳавопаймое раванд, ки рӯзи 25-уми декабр дар шаҳри Оқтау суқут кард. 38 нафар ҷон бохт. Айни замон гумонзанӣ зиёдтар мешавад, ки мумкин аст, ҳавопайморо тасодуфан системаи дифоии мушакии Русия зада бошад.
Таҳқиқи фалокат идома дорад ва айни замон сӯгвории қурбониёни фалокат ва муолиҷаи бозмондагоне, ки аксаран аз Озарбойҷон, Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон буданд. Ду зодаи Тоҷикистон ҳам дар ин ҳавопаймо буданд, ки яке зинда монд ва дигарӣ ҳалок шуд.
Ҳавопаймои мусофирбари ширкати “АЗАЛ” ва Озарбойҷон Эйрлайнз, ки аз шаҳри Боку ба Грозний пойтахти Ҷумҳурии Чеченистони Русия парвоз мекард, бо 67 сарнишин ба замин афтод. Ҳавопаймо баъди бозгашт аз фурудгоҳи Грозний мехост фуруди изтирорӣ анҷом бидиҳад, вале якбора ба замин бархӯрд ва таркидаву оташ гирифт. Аз миёни мусофирон 38 нафар ҷон бохтанд, 29 тани дигар зинда монданд ва бисёре аз онҳо ҷароҳат бардоштаанд.
Баҳсу тахминзаниҳо дар бораи фалокат идома дорад ва баъзе аз коршиносон мегӯянд, ки сӯрохиҳое, ки дар думи ҳавопаймо дида мешавад, метавонад, осори ҳамлаи системаи дифои мушакии Русия бошад, ки ҳадафи он рафъи ҳамлаҳои дронҳои Украина ба Чеченистон буд.
Як мақоми расмии Амрико бо шарти зикр накардани номаш ба хабаргузориҳо гуфтааст, ки аломатҳо далели он аст, ки системаи зидди мушакии Русия, ҳавопайморо задааст, вале ҳеч ҷузъиёте надодааст.
Далелҳо, аз ҷумла наворҳо аз дохили ҳавопаймо қабл аз суқут, акси сӯрохҳо дар думи ҳавопаймо, гуфтаҳои мусофирон ишора ба он мекунад, ки ҳангоми саъйи фуруди ҳавопаймо дар Грозний, ба ин шаҳр паҳпод ҳамла кардаст.
Хабаргузории Ройтерс бо такя ба манобеи огоҳ аз таҳқиқот дар Озарбойҷон навиштааст, мумкин аст, ки ҳавопайморо системаи дифои ҳавоии Пантсир-С зада бошад, ки барои маҳви ҳавопаймоҳо сохта шудааст.
Ҳоло маълум нест, ки қутти сиёҳ, ки тамоми иттилои ҷараёни парвозро сабт мекунад, дар кадом кишвар таҳқиқ мешавад, чун ҷараёни ташхиси он осон нест ва на ҳамаи кишварҳо онро анҷом дода метавонанд. Гулоғо Аслонлӣ, раҳбари Мусовот, як ҳизби мухолифи давлат дар Озарбойҷон гуфтааст, фалокатро бояд як кумиссиёни байналмилалӣ таҳқиқ кунад.
Ӯ афзудааст: “Русияро ба инҷо набояд иҷоза дод. Агар қуттии сиёҳро барои таҳқиқ ба Русия баранд, ман ба натиҷаҳои он таҳқиқ шубҳа хоҳам дошт.”
Талгат Ластаев, муовини вазири нақлиёти Қазоқистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мутахассисон рӯзи 27-уми декабр ба маҳалли ҳодиса мераванд ва тақдири минбаъдаи қуттии сиёҳ маълум мешавад. Ба гуфтаи мақомот, таҳқиқи комили қуттӣ то ду ҳафтаро дар бар мегирад, аммо вобаста ба осеб дидани он мумкин аст, ба дарозо ҳам бикашад.
Мавлон Ошимбоев, раиси порлумони Қазоқистон роҷеъ ба гузоришҳои тасдиқношуда дар бораи суқути ҳавопаймо бар асари зарбаи мушакӣ изҳор доштааст, ки то замоне таҳқиқ поён наёбад, “чизе наметавон гуфт.” Ба қавли ӯ, Қазоқистону Русия ва ё Озарбойҷон ҳеч яке аз пинҳон доштани иттило манфиате намебинанд ва онро ба ҷомеа хоҳанд расонд.
Дмитрий Песков, сухангӯи раиси ҷумҳури Русия низ гуфтааст, ки “бояд мунтазири поёни таҳқиқот шуд” ва пеш аз он гумонзанӣ дар бораи ҳодиса дуруст нест. Хабаргузории русии “Интерфакс” бо такя ба мақомоти расмӣ, навиштааст, ки ҳавопаймои Эмбраер-190 соли 2013 ба парвоз шурӯъ кардааст ва моҳи октябр аз назари фаннӣ ташхис шуд ва бо 15 000 соати парвоз, халабонаш “таҷрибаи зиёд” доштааст.
Самир Ризоев, мудири ширкати “Азербайҷан Эйрлайнз” ба хабарнигорон гуфт, ки ҳавопаймо моҳи октябр муоина шуд ва ҳеч аломате аз нуқси фаннӣ надоштааст. Ширкат тамоми парвозҳои хатсайри Боку-Грознийро то замони поёни таҳқиқот боздоштааст.
Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон гуфт, ҳанӯз дар бораи сабабҳои суқут сухан гуфтан барвақт аст ва якҷо ишора кард, ки мумкин аст, ҳавои номусоид сабаби фалокат шуда бошад.
Дар бораи ду тоҷике, ки дар ҳавопаймои Озарбойҷон буданд, чӣ медонем?
Субҳонқул Раҳимов ва Зиннатулло Саъдуллоев, ду тоҷике, ки дар ҳавопаймои ширкати "Azerbaijan Airlines" буданд, кӣ ҳастанд? Ин ҳавопаймо, ки аз Боку ба Грозний парвоз мекард, рӯзи 25-уми декабр дар ҷануби Қазоқистон суқут кард. Мақомот гуфтанд, аз 67 мусофир ва сарнишин 38 кас ҷон бохт.
"Тобистон ба Тоҷикистон меомад, боз ба Русия бармегашт"
Субҳонқул Раҳимов 48 сол дошта, зодаи деҳаи Нарванди ноҳияи Айнии вилояти Суғд аст.
Усмон Азизов, раиси деҳаи Нарванд, рӯзи 26-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Субҳонқул Раҳимов бо ҳамсар ва шаш фарзандаш дар шаҳри Екатеринбург зиндагӣ мекунад ва ҳар тобистон ба зодгоҳаш меояд.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, Раҳимов ва ҳамсару фарзандонаш шаҳрвандии Тоҷикистон ва ҳам Русияро доранд: "Субҳонқул аз падари тоҷик ва модари рус ба дунё омадааст. Факултаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳи Донишгоҳи техникиро тамом кард. Беш аз 20 сол аст, ки ба Русия рафта меояд. То ҷое медонам, дар Русия дар кадом сохтмон кор мекунад."
Азизов ҳамчунин гуфт, пас аз садамаи ҳавопаймо ва то вақте ки худи Субҳонқул Раҳимов тамос нагирифт, наздиконаш нигарони сарнавишти ӯ буданд. Масъули деҳаи Нарванд афзуд, Раҳимов ҳоло дар бемористоне дар Қазоқистон зери назорати пизишкон аст.
Дар наворе, ки худи Субҳонқул Раҳимов баъд аз садамаи ҳавопаймо сабт кард, дида мешавад, ки пешониаш осеб дидааст. Ӯ дар наворе аз дохили ҳавопаймо, ки қабл аз суқут сабт шудааст, ором ба назар мерасад. Баъд аз афтодани ҳавопаймо, дар навори дигар худ ва пораҳои ҳавопайморо нишон дода, мегӯяд, "халабон ҳалок шуд".
Талошҳои Радиои Озодӣ барои тамос бо Субҳонқул Раҳимов то ин дам бенатиҷа буд.
Ба сари Зинатулло чӣ омад?
Дар рӯйхати мусофирони ҳавопаймои афтода, ки расонаҳои Қазоқистон ва ширкати "Azerbaijan Airlines" дар шабакаи "X" (Твиттер) нашр карданд, номи Зиннатулло Саъдуллоев ҳам омадааст.
Ҷустуҷӯйи Радиои Озодӣ нишон дод, ки Саъдуллоев 29-сола ва аз ноҳияи Файзобод аст. Вай аз соли 2020 шаҳрвандии Русияро доштааст. Наздиконаш намехоҳанд дар ин бора бо расонаҳо суҳбат кунанд.
Ба гузориши чанд расонаи русӣ, аз ҷумла "Газета" ва "Лента" Зиннатулло Саъдуллоев дар садамаи ҳавопаймо фавтидааст. Наздикони Саъдуллоев аз ҷумла, хоҳарзодаи ӯ иддао доранд, ки "ӯ ҳалок нашудааст".
"Зиннатулло дар соли 2020 шаҳрвандии Русияро гирифта буд. Барои як кор ба Озарбойҷон рафта, ба Русия бармегашт. Як духтари хурдсол дорад," -- гуфт хоҳарзодаи Зиннатулло Саъдуллоев.
Ҷустуҷӯи Радиои Озодӣ нишон дод, ки Зиннатулло Саъдуллоев моҳи феврали соли 2024 ҳамчун соҳибкори инфиродӣ дар идораи молиёт (андоз)-и Ёқутистони Русия сабтином шудааст. Кори ӯ “харидуфурӯши чакана тавассути почта ё тавассути шабакаи иттилоотию коммуникатсионӣ” таъин шудааст.
Мақомоти Тоҷикистон дар бораи ин ду зодаи Тоҷикистон шарҳе надодаанд. Радиои Озодӣ барои гирифтани шарҳ ба дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ муроҷиат карда, интизори посух аст. Татяна Москалкова, омбудсмени Русия, низ рӯзи панҷшанбе гуфт, дар миёни мусофирони ҳавопаймои суқуткарда шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам буданд, вале тафсилот надод.
Ҳодиса чӣ хел рух дод?
Ҳавопаймои ширкати "Azerbaijan Airlines" рӯзи 25-уми декабр, ки аз Боку ба Грозний парвоз мекард, дар секилометрии Оқтау, дар ҷануби Қазоқистон нишасти изтирорӣ анҷом дод.
Канат Бозумбаев, муовини нахуствазири Қазоқистон, гуфтааст, аз 67 нафаре, ки дар дохили ҳавопаймо буданд, 38 нафар ба ҳалокат расида, 29 кас зинда монд. Аҳволи 11 мусофири зиндамонда вазнин гуфта мешавад.
Аз 67 мусофир ва ҳайати парвоз, 42 нафарашон шаҳрванди Озарбойҷон, 6 кас аз Қазоқистон, 3 нафар қирғизистонӣ ва 16 каси дигар табааи Русия будаанд.
Фарзияи расмии суқути ҳавопаймо феълан маълум нест ва таҳқиқ идома дорад. Бархӯрд бо селаи паррандаҳо, таркиши баллони кислород дар дохили ҳавопаймо ва мушкили фаннӣ аз сабабҳои эҳтимолии садама гуфта мешавад. Як фарзияи дигар ҳам ахиран расонаӣ шуд, ки ҳавопаймо шояд тавассути низоми дифои ҳавоии Русия зарба хӯрдааст.
Гумонзадҳо ба қатлҳои мармуз дар Конибодом кистанд?
Пайвандони баъзе аз гумонзадҳо ба қатлҳои мармуз дар шаҳри Конибодом мавқеи худро ба қазия баён карданд.
Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 21-уми декабр хабар дод, ки Солеҳҷон Худойбердиев, Аҳадҷон Тӯхтаев, Манучеҳр Одилов ва Бахтиёр Равшановро бо иттиҳоми даст доштан дар кушторҳои пайиҳам дар Конибодом дастгир кард. Дар як моҳи охир дар ин минтақаи вилояти Суғд даҳ кас, аз ҷумла чор ноболиғ аз се оила кушта шуданд. Аз моҳи марти соли 2024 то ин дам теъдоди умумии кушташудаҳо зиёда аз бист кас ҳисоб шудааст.
Намояндагони Додситонии кул ба ҷуз нашри номи гумонбарон ҷузъиёт надоданд ва нагуфтанд, ки ин сокинони Конибодомро бо чӣ далел гумонбар медонанд. Инчунин, маълум нест, боздоштшудаҳо ба қатлҳои мармуз дар моҳи декабр гумонзад ҳастанд ё дар мавридҳои аз он пеш низ даст доранд.
Ҷустуҷӯйи хабарнигори Радиои Озодӣ ва суҳбат бо наздикони онҳо маълум кард, ки аз чор боздоштшуда се нафар қаблан бо иттиҳомҳои дигар, аз ҷумла бадахлоқӣ, зиндонӣ шудаанд. Вале пайвандонашон мегӯянд, ки онҳо ба кушторҳои пайиҳам дар Конибодом робита надоранд.
СОЛЕҲҶОН ХУДОЙБЕРДИЕВ
Хонаи Солеҳҷон Худойбердиеви 26-сола, яке аз дастгиршудаҳо, дар деҳаи Гулбоғи ҷамоати Фирӯзобаи шаҳри Конибодом ҷорйгир аст. Падараш чанд сол пеш бар асари тасодуфи нақлиётӣ фавтида, ӯ то замони боздошт ҳамроҳи модару бибияш мезист.
Рӯзи 23-юми декабр модараш дар хона набуд. Бибияш, Галиябону Аҳмадулинаи 75-соларо дар назди дарвоза ёфтем. "Каме ба бокс машғул шуда, баъд ба гурӯҳи дорбозҳо ҳамроҳ шуд. Боре ба деҳа дорбозҳо омаданд. Азбаски набераи ман боқувват буд, ӯро ба гурӯҳашон гирифтанд. Вай аз он кораш пули зиёд ба даст намеовард ва ба хӯрдану пӯшиданаш намерасид. Сипас ба шаҳр рафта, кор мекард. Як бор ба Русия ҳам рафта омад. Бештар бо кори саҳро машғул буд", -- гуфт ӯ.
Ба нақли Галиябону Аҳмадулина, гурӯҳе аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ шаби 19-уми декабр Солеҳҷон Худойбердиевро аз хона гирифта бурдаанд.
"Он шаб духтарам гиря кард, ман гиря кардам, набераам тарсида буд. Се нафар дар назди ойина бо ходаҳои дароз истода, "Солеҳҷон баро, Солеҳҷон баро" гуфта, дод заданд. 5 ё 10 дақиқа аз хона набаромад. Ҳамаамон дод гуфта, дар назди дар истодем. Ман гуфтам, ки ойинаро нашиканед. Баъд дарро шикаста даромаданду набераамро гирифта рафтанд," – изофа кард Галиябону Аҳмадулина.
Ин зан гуфт, намояндагони мақомот се рӯз ҳавлии онҳоро тафтиш карда, "вале чизе наёфтаанд". Мегӯяд, дар шароити сангин зиндагӣ мекунанд ва наберааш "боре ҳам пули зиёд ё тилову ҷавоҳирот наовард". Мақомот дар ин бора шарҳ намедиҳанд. Ба ҷуз изҳороти Додситонии кул дар бораи боздошти ӯ маълумоти дигари расмӣ дастрас нест.
АҲАДҶОН ТӮХТАЕВ
Аҳадҷон Тӯхтаеви 27-сола низ сокини деҳаи Гулбоғ аст ва ҳамроҳи модараш мезист. Рӯзи 23-юми декабр дарвозаи ҳавлияшон қуфл зада буд. Назари пайвандони ӯ дар бораи боздошт шуданаш маълум нест. Бархе ҳамдеҳагонаш дар суҳбати бидуни микрофон гуфтанд, ки Аҳадҷон Тӯхтаев дар назди як қассоб кор меомӯхт ва аз ин ҳисоб рӯз мегузаронд.
МАНУЧЕҲР ОДИЛОВ
Пайвандони Манучеҳр Одилови 28-сола аз ҷамоати Раҷаб Ҳамробоеви шаҳри Конибодом омода нашуданд, ки дар назди дурбин гап зананд. Онҳо дар суҳбати бидуни микрофон гуфтанд, ки ӯ ҳамроҳи модараш ба савдои кӯчагӣ машғул буд.
Тибқи иттилои дарёфтӣ, Манучеҳр Одилов, Аҳадҷон Тӯхтаев ва Солеҳҷон Худойбердиев дар гузашта бо гуноҳи бадахлоқӣ боздошту зиндонӣ шуда, бо ҳамдигар шинос будаанд.
БАХТИЁР РАВШАНОВ
Ҳамсари Бахтиёр Равшанови 36-сола, боздоштшудаи дигар, мегӯяд, шавҳараш бо се нафари аввалӣ "робитаи кориву ҳамкорӣ надошт".
Зарнигор Баротова рӯзи 23-юми декабр гуфт: "Шавҳарам ба ин корҳо ҳамроҳ набуд. Ман бо боварии сад дарсадӣ мегӯям. Баъди ин ҳодисаҳо боре чорворо ба саҳро бурдем. Дидем, ки дар як тараф коғазҳо буд. Пурсидам, ки агар ҳамаи ин коғазҳо пул бошад, чӣ кор мекардед? Гуфтанд, онҳоро гирифта ба ятимхона медодам. Одаме, ки ҳамин хел дилу ният дорад, аз дасташ чунин кор меояд?"
Мақомот дар ин бора шарҳ намедиҳанд. Ба ҷуз изҳороти Додситонии кул маълумоти дигари расмӣ дар бораи Бахтиёр Равшанов ва боздоштшудаҳои дигар дастрас нест.
Бахтиёр Равшанов писархолаи Солеҳҷон Худойбердиев будааст. Ба гуфтаи пайвандонаш, ӯ кафшергар аст ва чанд сол боз дар сохтмонҳо дар Конибодом кор мекард. Пештар дар муҳоҷирати корӣ дар Русия низ будааст.
Хонаводаи Бахтиёр Равшанов дар деҳаи Санҷидзори Конибодом зиндагӣ мекунанд. Дар ҳоле ки маълум нест, мақомот ӯро ба кадом кушторҳо айбдор медонанд, баъд аз қатли аъзои ду оила дар ин деҳа дар тобистони имсол ӯ 5 рӯз боздошт ва сипас раҳо карда шудааст.
Аз моҳи марти соли 2024 то ин дам дар Конибодом зиёда аз бист нафар дар шароити мармуз кушта шуда, мардуми минтақаро сахт нигарон кард. Додгоҳи олии Тоҷикистон ва Додгоҳи вилояти Суғд дар моҳи декабр ду нафарро дар пайванд ба кушторҳо дар Конибодом зиндонӣ карданд, аммо наздиконашон норозиянд. Гузашта аз ин, сокинони баъзе аз деҳаҳо мегӯянд, ки ҳанӯз пурра ором нестанд. Онҳо шабона гулхан афрӯхта, навбатдорӣ ва хонаву дару оилаашонро муҳофизат мекунанд.
Видеоро дар инҷо бинед:
"Ба бачаҳоям нарасед." Баъзе ҷузъиёти қатли як зану шавҳар дар Конибодом
Бо гузашти се рӯз аз ду мавриди нави куштор дар шаҳри Конибодом, фарзияҳои расмӣ дар бораи ҳодиса ва изи гумонбарон эълон нашудааст.
Шаби 15 ба 16-уми декабр дар деҳаи Ҳисорак (Қӯрғонча)-и ҳамин шаҳр чор нафар аз ду оила ба таври шубҳабарангез ба ҳалокат расиданд. Як ҳафта аз он пеш шаш узви як оиларо дар Шӯробқалъаи Конибодом кушта дарёфтанд. Ангезаи ин кушторҳо чист?
"Фикр мекунам, онҳоро барои пулу чиз куштаанд"
"Духтараш нақл кард, ки охирин гапи модараш "ба мо расидед, илтимос, ба се бачаам нарасед, баромада равед" будааст," – гуфт Назира, ҳамсояи Ғайбулло ва Зарнигор Маҷидовҳо, ки шаби 15 ба 16-уми декабр ба таври мармуз ҷон бохтаанд.
Дар ин ҳодиса се фарзанди онҳо ҷон ба саломат бурда, ончиро, ки дидаанд, ба сокинону мақомот гуфтаанд. Духтари калонии онҳо 7-сола, хурдиаш 1,5 сола аст. Ба гуфтаи онҳо, волидонашон бо ҳамлагарон даргир шуда, муқовимат кардаанд, вале ба ҳалокат расидаанд.
Назира, сокини деҳаи Ҳисораки Конибодом, гуфт: "Онҳо ду кас будаанд. Маска (ниқоб)-и сиёҳ доштаанд. Духтараш нақл кард, ки "модарам тилою пуламонро дар байни хона партофтанд. Баъд ба дасти модарам либосовезак пайдо шуду бо он ҳардуи мардро заданд."
Пайвандони оилаи Маҷидовҳо мегӯянд, Ғайбулло Маҷидови 35-сола ва Зарнигор Маҷидоваи 28-сола “зану шавҳари меҳрубон буданд” ва бо аҳли деҳа “муносибати хуб доштанд”. Ғайбулло Маҷидов соҳибкор буда, зиндагии миёнҳолона доштааст. Чанд сол пеш иморати нав сохта, дар канори деҳаи Ҳисораки шаҳри Конибодом ҳамроҳи оилааш мустақилона мезист.
Турсуной Шерматова, холаи Ғайбулло Маҷидов, мегӯяд, “фикр мекунам, онҳоро барои пулу чиз куштаанд. Хайр, пулу чизашро гирифтанд, худашонро чаро куштанд? Онҳоро ягон модар зоидааст ё ягон ваҳшӣ ҳастанд? Ман барои ҳамин ҳайрон мешавам”.
Дар дурии тақрибан 500 метр аз ҳавлии оилаи Маҷидовҳо дар он шаб ду узви оилаи Шокировҳо низ ба қатл расидаанд. Ойиша Шокироваи 70-сола нафақахӯр буда, Ҷавлон Шокирови 44-сола ба муҳоҷирати меҳнатӣ мерафтааст. Дар рӯзи сабти ин гузориш дар хонаи онҳо ба ҷуз аз муфаттишон пайвандону наздиконаш набуданд ва ҷузъиёти марги модару фарзанд маълум нест.
Деҳаи Ҳисорак (собиқ Қӯрғонча) як рустои хурде дар наздикии маркази шаҳри Конибодом аст.
Видеоро дар ин ҷо бинед:
Мақомот чӣ гуфтанд?
Мақомот то ин лаҳза дар бораи ин ҳодиса ҳеч шарҳе намедиҳанд. Радиои Озодӣ барои гирифтани шарҳи ҳодиса ба шаҳрдории Конибодом ва Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон муроҷиат кард, вале посухе нагирифт.
Раиси вилояти Суғд рӯзи 16-уми декабр ба куштори чанд оила дар шаҳри Конибодом вокуниш карда, гуфтааст, барои пайдо кардани омилони ин кушторҳо, "беҳтарин муфаттишону коршиносон аз тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот сарҷамъ омада", барои "дар мӯҳлатҳои кутоҳтарин пайдо намудани ҷинояткорон" талош доранд.
Дар хабарномаи расмӣ омадааст, ки дар Конибодом ситод ва навбатдорони ихтиёрӣ ташкил шуда, дар кӯчаҳо дурбинҳои назоратӣ гузошта мешавад. Вале дафтари матбуоти Раиси вилояти Суғд дар бораи шумораи қурбониёни кушторҳои охир дар Конибодом ва инки чаро гунаҳкорон пайдо нашудаанд, чизе нагуфтааст.
Баъд аз моҳи марти имсол дар бораи кушта шудани аъзои дастикам ҳашт оила дар шаҳри Конибодом гузориш расид. Ангезаи кушторҳо норӯшан монда, омилон боздошт нашудаанд. Маълум нест, ин ҳодисаҳо ҳалқаҳои як занҷиранд ё аз ҳам ҷудо, дуздию ғоратгариянд ё ваҳшатангезӣ.
Дар шаҳри Конибодом боз чор касро куштаанд
Шаби 15-уми декабр дар шаҳри Конибодом чор каси дигар кушта шудаанд. Инҳо аъзои ду оила ҳастанд. Ҳодиса дар деҳаи Ҳисорак (собиқ Қурғонча) рух додааст.
Як манбаи Радиои Озодӣ дар мақомот ва ҳам сокинон гуфтанд, ду нафар аз кушташудаҳо зану шавҳар ва ду каси дигар модару писар буданд.
Тибқи иттилои дарёфтӣ, Ғайбулло Маҷидови 35-сола ва ҳамсараш Зарнигори 28-сола будаанд. “Аз инҳо се фарзанд ятим монд, шаби ҳодиса онҳоро накуштаанд,”-афзуд манбаи Озодӣ.
Ба гуфтаи манобеи Озодӣ, афроди номаълум шаби гузашта Ойиша Шокирова 70-сола ва писари 44-солааш Ҷавлон Шокировро ҳам ба қатл расониданд.
Мақомот то ин лаҳза дар бораи ин ҳодиса ҳеч шарҳе намедиҳанд. Радиои Озодӣ барои гирифтани шарҳи расмии ҳодиса ба шаҳрдории Конибодом ва Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон муроҷиат кард. Абдусалом Тухтасунзода, раиси шаҳри Конибодом баъди шунидани суоли мо, бо зикри инки "маҷлис дорам" гӯширо гузошт. Сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ ба зангҳои батакрори мо посух надод.
Деҳаи Ҳисорак ё собиқ Қурғонча, як деҳаи хурде дар наздикии маркази шаҳри Конибодом аст.
Баъд аз моҳи марти имсол, дар бораи кушта шудани аъзои дастикам ҳашт оила дар шаҳри Конибодом гузориш расид. Ангезаи кушторҳо норӯшан монда, омилон боздошт нашудаанд. Маълум нест, ин ҳодисаҳо ҳалқаҳои як занҷиранд ё аз ҳам ҷудо, дуздию ғоратгариянд ё ваҳшатангезӣ.
Додгоҳҳои Тоҷикистон то ин дам ду касро барои даст доштан дар қатлҳои мармузи Конибодом ба ҳабс маҳкум кард. Марат Сатторов ба ҳабси абад ва Шарифҷон Ашӯров ба 20 сол зиндон маҳкум шуд. Наздикони Шарифҷон Ашӯров ба бегуноҳии ӯ пойфишорӣ доранд. Пайвандони бархе аз кушташудаҳо ҳам мегӯянд, агар инҳо қотилони асосӣ бошанд, пас чаро куштори оилаҳо дар Конибодом то ҳол давом дорад?
20 сол зиндон. Ҳукми сокини дигари Конибодом бо гуноҳи куштани ду кас
Баъд аз ҳабси абади як сокини Конибодом, ки омили қатли ду оила дониста шуд, Додгоҳи вилояти Суғд сокини дигари ин шаҳрро қотили аъзои хонаводаи дигаре номид.
Ҳукми Шарифҷон Ашӯров рӯзи 12-уми декабр дар Додгоҳи вилояти Суғд эълон шуд. Додрас ӯро ба куштани бародараш Музаффар Урмонов ва ҳамсари ӯ, Иноят Урмонова, айбдор донист ва ба 20 сол зиндон маҳкум кард.
Ҳарду тарафи қазия ҳукмро ноодилона ва бедалел мешуморанд. Дар оғоз додситон ба маҳкумшуда ҳабси абад талаб карда буд, аммо Шарифҷон Ашӯров дар сухани охирин худро бегуноҳ донист.
Дилдора Ғиёсова, духтари Шарифҷон Ашӯров, рӯзи 12-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт: “Ту куштӣ гуфтанд. Падарам ин корро накардаанд. Одамоне ҳастанд, ки ҳодисаро дидаанд. Ҳоло ҳақиқат мебарояд. Падарам ба синни 68 расиданд. Гапро дуруст намефаҳманд. Гуфтанд, ки кушторро ман накардам. Он касро маҷбур кардаанд, ки баёнот диҳанд. Халта пӯшонда, скоч (ширеш) карда, задаанд.”
Куштори зану шавҳари тақрибан 70-сола шаби 16 ба 17-уми апрели 2024 дар деҳаи Сайҳуни шаҳри Конибодом рух додааст. Мақомоти интизомӣ баъзе аз хешовандонро, ба гуфтаи худашон, борҳо бозпурсӣ ва якеро дастгир карданд.
Пайвандон мегӯянд, зери фишору шиканҷа баёнот додаанд ва биноан хоҳони таҳқиқи дубора ва одилона ҳастанд. Шарифа Холматова, хоҳари Шарифҷон Ашӯров, қаблан дар суҳбаташ бо Радиои Озодӣ чунин гуфта буд: “Маро заданд, дод гуфтам. Шояд акоям (Шарифҷон Ашӯров) инро шунида, раҳмашон омад ва иттиҳомро ба гардан гирифтанд. Туҳмат кардам, бахти акоямро сиёҳ кардам.”
“Ба ман гуфтанд, ин корро шавҳарат кардаасту ба гардан гирифт, чаро ту намегирӣ? Шавҳарамро дидам, нишаста наметавонистанд. Ба ман гуфтанд, рав як куртаамро гиру тасдиқ кун, ки дастонаш хун буд ва ман онро тоза кардам. 44 сол боз зиндагӣ дорем. Гуфтани ин гапи дурӯғро виҷдонам намебардорад,” – нақл карда Дилором Ашӯрова, ҳамсари Шарифҷон Ашӯров.
Ашӯрова мегӯяд, шаби ҳодиса шамол буду ҳамроҳи шавҳараш дар хона нишаста буданд. Пайвандони дигари оила ҳам ба даст доштани онҳо дар ҳодиса шубҳа доранд, чун аз хонаи кушташудаҳо молу дороии зиёде рабуда шудааст.
Музаффар Урмонов ва Шарифҷон Ашӯров дар ҳамсоягӣ зиста, дар Хоҷагии деҳқонии Комилҷон Султонови деҳаашон мироб буданд. Вай ба номи падараш насаб гирифта, бародарону хоҳаронаш насаби Ашӯров доранд. Шеваи таҳқиқи куштори Музаффар Урмонов ва ҳамсараш, Иноят Урмонова, дар деҳаи Сайҳуни шаҳри Конибодом наздиконашонро нигарон кардааст.
Гузашта аз ин, ангезаи куштор маълум нест. Ба гуфтаи наздикон, мақомот ҳодисаро “заминаи бадбинӣ” номидаанд. Хайрулло Урмонов, писари Музаффар Урмонов, мегӯяд, “рости гап, бо амакам дар як ҷо зиндагӣ мекунем. Ҳамроҳи бачаҳояшон бозӣ карда, калон шудем. Ягон бор даъвои падару модарамро бо амакам нашунидаам”.
Пайвандони ин ду оила дар Конибодом аз мақомот хоста буданд, ки ҳодисаҳоро мӯшикофона таҳқиқ карда, гунаҳкоронро ёбанд ва ҷазо диҳанд. Вале бо ин муроҷиатҳо аз ҳукми тӯлонӣ гирифтани Шарифҷон Ашӯров дар ҳайратанд. Ҳамакнун азм доранд, аз рӯйи ин ҳукм ба зинаҳои болоӣ шикоят баранд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Дар як соли охир дар бораи кушта шудани аъзои дастикам шаш оила дар шаҳри Конибодом гузориш расид. Охиринаш аввали моҳи декабр рух дод. Ангезаи кушторҳо норӯшан монда, омилон боздошт нашудаанд. Маълум нест, ин ҳодисаҳо ҳалқаҳои як занҷиранд ё аз ҳам ҷудо, дуздию ғоратгариянд ё ваҳшатангезӣ.
Барои қатли ду оила дар Конибодом як нафар ба ҳабси абад маҳкум шуд
Додгоҳи олии Тоҷикистон як сокини шаҳри Конибодомро бо гуноҳи қатли аъзои ду хонавода ба ҳабси абад маҳкум кардааст.
Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, Марат Сатторов посбони мактаби деҳаи Санҷидзори Конибодом буд. Назари худаш ва пайвандонаш ба ҳукм маълум нест. Пайвандони баъзе аз кушташудаҳо ба қотили ҳақиқӣ ё ба камияш ягона будани ӯ шубҳа доранд.
"Гоҳ мегуфт, ки ӯ куштааст, гоҳи дигар мегуфт, накуштааст"
Ҳукми Коллегияи ҳарбии Додгоҳи олии Тоҷикистон дар охири моҳи ноябр содир шуда, Радиои Озодӣ танҳо 12-уми декабр тасдиқи хабарро ба даст овард. Ба иттилои дарёфтӣ, парвандаи Марат Сатторовро яке аз додрасҳои Коллегияи ҳарбии Додгоҳи олӣ баррасӣ кардааст. Мурофиа моҳи ноябр дар бинои Додгоҳи вилояти Суғд гузашт. На тафтишот ва на додгоҳ ангезаҳои қатлҳоро номбар намекунанд.
Рӯзи 12-уми декабр дар Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфтанд, бо сабаби қувваи қонунӣ нагирифтан, феълан ҳукмро шарҳ дода наметавонанд.
Яке аз сокинони деҳаи Санҷидзор, ки ҳамсар ва ду фарзандаш охири моҳи майи имсол кушта шудаанд, ба Радиои Озодӣ гуфт, наздикони кушташудаҳо дар мурофиаи Марат Сатторов ширкат доштанд.
“Сатторови 42-сола дар мурофиа гоҳ мегуфт, ки кушторро ӯ кардааст, гоҳ мегуфт, ки накардааст. Ба ғайр аз гуноҳи куштани шаш кас, дар парвандаи Сатторов чанд иттиҳоми дигар буд. Мо аз ҳукм шикоят надорем, аммо дар диламон шубҳа аст. Бинед баъди боздошти Марат Сатторов боз ҳам чанд оиларо дар Конибодом куштанд. Ростӣ гап шубҳа дорем, ки ҳамин кас қотили асосӣ бошад,” - афзуд ин ҳамсуҳбати мо.
Кӯшишҳои Радиои Озодӣ барои суҳбат бо вакили дифоъ ва наздикони Марат Сатторов то ин дам бенатиҷа буд. Ба гуфтаи чанд сокини деҳаи Санҷидзор, Сатторов моҳи июл дастгир шуда буд.
Рӯзи 31-уми июли имсол Абдусалом Тухтасунзода, раиси шаҳри Конибодом, ҳам дар бораи боздошти як гумонзад дар куштори чанд сокини Санҷидзор хабар дод. Аммо ӯ ва намояндагони дигари мақомот ҳеч шарҳе намедиҳанд.
Кушторҳои пайиҳам
Моҳи майи имсол дар деҳаи Санҷидзор аз ду оила (яке тоҷик ва дигаре қирғизтабор) шаш кас кушта шуданд. Се кушташуда Маҳбуба Аҳмадоваи 38-сола, Нозанин Аҳмадоваи 17-сола ва Дамир Аҳмадови 14-сола буданд. Аз аъзои кушташудаи оилаи қирғизтабор Зулайхо Иброҳимоваи 54-сола, додараш Абдуфаттоҳ Иброҳимови 47-сола ва Қурбонгул Иброҳимоваи 46-сола ном бурданд.
Баъди моҳи май ҳадди ақал шаш куштори мармуз ё норӯшан дар шаҳри Конибодом расонаӣ шуд. Намунаи охираш қатли шаш узви як хонавода дар деҳаи Шӯробқалъаи Конибодом аст, ки шаби 8-уми декабр рух дод. Падари хонавода Наимҷон Неъматов 37-сола, ҳамсараш 33 сола ва фарзандонаш аз 2 то 13-сола буданд.
Ангезаи ин кушторҳо маълум нест. Наздикони баъзе аз қурбониён, аз ҷумла, пайвандони Муҳиддин Шарифов, гуфтанд, ки баъди ҳодиса аз хонаи онҳо як пулу тило гум шудааст. Бино ба хабарҳои нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ, шаби 28 ба 29-уми март Муҳиддин Шарифови 65-сола гуё ҳамсараш Марям Шарифоваи 60-сола, Фирӯза Шарифова, набераҳояш Абубакр Шарифов ва Азиза Кабирзодаро кушта, сипас худашро ба дор овехтааст. Фарзандонаш, ки он замон дар Русия буданд, мегӯянд, ба ин фарзия бовар надоранд.
Масъулони мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, қисме аз чунин ҳодисаҳо ба ҷанҷолҳои хонаводагӣ рабт доштанд ва таҳқиқи дигар ҳодисаҳо идома дорад. Дар як маврид аз даст доштани як нафар ё гурӯҳи беруна суҳбат шуда буд.
Кушторҳои норӯшан дар Конибодом нигаронии сокинонро ба миён овардааст ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ талаб карданд, ки мақомот гунаҳкоронро пайдо кунанд. Мақомот, аз ҷумла шаҳрдори Конибодом талош карданд сокинонро ором созанд ва гуфтанд, ин кушторҳо ба ҳам пайванд надоранд. Дар гузашта чунин парвандаҳо боиси баёнияҳои мақомот мешуд ва онҳоро президенти кишвар ё вазири корҳои дохилӣ таҳти назар мегирифтанд. Дар мавриди қатлҳои Конибодом то ҳол касе аз мансабдорони баландпояи Тоҷикистон изҳороте надодааст.
"Ҷасадҳоро ба ташхис бурданд." Марги мармузи 6 узви як оила дар Конибодом
Дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд марги мармузи шаш узви як хонадон аз деҳаи Шӯробқалъа (Шӯрқӯрғон)-ро таҳқиқ доранд. Ин ҳодиса шаби 8-уми декабр рӯй додааст.
Мақомот шарҳ надоданд. Чанд ҳамсуҳбати огоҳи Радиои Озодӣ рӯзи 9-уми декабр гуфтанд, ки ҷасади падару модар ва чор фарзанди онҳо дар рӯйи ҳавлии хонаашон пайдо шуд.
Онҳо:
- Наимҷон Неъматови 37-сола,
- Нафиса Неъматоваи 33-сола,
- Амина Неъматоваи 13-сола,
- Фотима Неъматоваи 10-сола,
- Зӯҳро Неъматоваи 10-сола,
- Муҳаммадюсуф Неъматови 2-сола ҳастанд.
Дар ҳоле ки мақомот дар ин бора маълумот намедиҳанд, чанд манбаи Радиои Озодӣ гуфтанд, ки зоҳиран аъзои ин хонавода кушта шудаанд. Сабабу омилаш маълум нест.
Пайвандони Неъматовҳо дар деҳаи Шӯробқалъаи Конибодом рӯзи 9-уми декабр ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтанд, ки "мақомот ҷасадҳоро ба муоина бурданд". Онҳо низ тафсилот надоданд.
Дар ҷойи ҳодиса гурӯҳи таҳқиқотии Вазорати корҳои дохилӣ пайи муайян кардани сабаби ҳодиса буд, аммо намояндагонаш омода нашуданд, ки дар ин бора шарҳ диҳанд.
Куштори аъзои ин оила дар ҳолест, ки шаҳри Конибодом бештар аз як сол боз бо чунин ҳодисаҳо сархати расонаву шабакаҳои иҷтимоӣ гардидааст. Дастикам чанд аъзои шаш оила дар ин минтақа бо аломатҳои қасдан ба ҳалокат расондан ёфт шудаанд.
Масъулони мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, қисме аз чунин ҳодисаҳо ба ҷанҷолҳои хонаводагӣ рабт доштанд ва таҳқиқи дигар ҳодисаҳо идома дорад. Дар як маврид аз даст доштани як нафар ё гурӯҳи беруна суҳбат шуда буд.
Шаби 16 ба 17-уми апрели соли 2024 дар ҷамоати Ғафурҷон Ортиқови шаҳри Конибодом як зану шавҳар дар хонаашон кушта шуданд. Мақомоти корҳои дохилӣ гуфтанд, ки дар ҷасади Музаффар Урмонов ва Иноят Урмонова нишонаҳои марги маҷбуриро диданд.
Шаби 28 ба 29-уми майи 2024 шаш узви ду оила дар деҳаи Санҷидзори шаҳри Конибодом кушта шуданд. Як оила тоҷик ва хонаводаи дигар қирғиз. Оилаи тоҷик аз модар ва ду фарзанд иборат буд: Маҳбуба Аҳмедоваи 38-сола, Нозанин Аҳмедоваи 17-сола ва Дамир Аҳмедови 14-сола. Пайвандонашон гуфта буданд, ки дар бадани онҳо аломати куштори маҷбуриро диданд. Зулхо Иброҳимоваи 54-сола, додараш Абдуфаттоҳ Иброҳимови 47-сола ва Қурбонгул Иброҳимоваи 46-сола аз оилаи қирғизтабор буданд. Дар шаби ҳодиса се кӯдаки Абдуфаттоҳ Иброҳимов ва Қурбонгул Иброҳимова низ ҳамроҳашон буда, зинда мондаанд.
Ин вазъ бисёре аз хонаводаҳо ва пайвандони онҳоро, ки дар муҳоҷирати корӣ дар Русия ва кишварҳои дигар қарор доранд, нигарон кард. Абдусалом Тухтасунзода, раиси шаҳри Конибодом, моҳи июл аз боздошти як гумонзад дар куштори чанд сокини Санҷидзор хабар дод, вале ҷузъиёти парванда ва муҳокимааш ошкор нашуд.
Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:
Як ҳавопаймои бесарнишин дар наздикии Душанбе афтодааст
Як паҳпод (дрон)-и калонҳаҷм, ки бештар ба ҳавопаймоҳои бесарнишини низомӣ шабоҳат дорад, дар шаҳраки Шарораи Ҳисор афтодааст. Ин минтақа дар панҷкилометрии шаҳри Душанбе ҷойгир аст.
Ҳодиса рӯзи 3-юми декабр дар кӯчаи ба номи Карим Девонаи шаҳраки Шарора, дар наздикии минтақаи аҳолинишин, рӯй дод.
Сокинони маҳаллӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, "ягон кас ва ягон хона зарар надид".
Ба нақли онҳо, ҳавопаймо ба симчӯби барқ бархӯрда, ба замин задааст.
Дар наворҳое, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, алангаи оташ дар ҷойи ҳодиса намоён аст.
Маъмурони пулису низомиён гирди ҷойи ҳодисаро ҳалқа гирифтаанд.
Нозирони роҳ дар шаҳраки Шарораи Ҳисор тасдиқ карданд, ки "дар фосилаи тақрибан 1 ё 2 километр як паҳпод суқут кардааст ва онро бор мекунанд".
Мақомоти Тоҷикистон ба таври расмӣ ҳодисаро шарҳ намедиҳанд.
Фурудгоҳи низомии Айнӣ дар канори шаҳри Душанбе ва дар ихтиёри Вазорати дифои Тоҷикистон аст. Радиои Озодӣ рӯзи 3-юми барои гирифтани шарҳи расмӣ ба дафтари матбуоти вазорат муроҷиат кард, аммо то ин лаҳза посух нагирифт.
Оташи таниш домани Башор Асадро ҳам гирифт. Дар бораи гурӯҳҳо чӣ медонем?
Оташи танишҳои минтақаӣ дар Ховари Миёна домани Башор Асадро ҳам гирифт.
Дар ҳоле ки ҳукумати Сурия дар бештар аз як соли охир талош карда буд, худро аз даргириҳои Ғазза ва Лубнон дур нигаҳ дорад, пас аз барқарории оташбас миёни “Ҳизбулоҳ” ва Исроил, гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Башор Асад худро зуд ба Ҳалаб расонданд. Ин гурӯҳҳо, ки дар миёнашон ҷангҷӯёни тоҷику узбек ҳам ҳастанд, чӣ собиқа доранд ва идеологияашон чист?
Саид Ҷаъфарӣ, Радиои Фардо
“Таҳрир аш-Шом”
Ин гурӯҳ дар аввал ба унвони “Ҷабҳат-ун-нусра” шинохта мешуд. Шохае аз гурӯҳи “Ал-Қоида” дар Сурия. “Ҷабҳат-ун-нусра” дар соли 2012 дар ҷанги дохилӣ дар Сурия нақши муҳим ва пурранг дошт. Баъд аз сар задани ихтилофҳо, ба шохаҳо ҷудо шуд.
Гурӯҳи нави “Таҳрир аш-Шом” соли 2016 зуҳур кард. Раҳбараш Абумуҳаммад Ҷулонист. Ин гурӯҳи ҷадид иртиботи худро бо “Ал-Қоида” қатъ ва таъкид кард, ки дигар нисбате ба он надорад. Амрико дар соли 2018 “Таҳрир аш-Шом”-ро ба унвони созмони террористӣ муаррифӣ кард. Кишварҳои зиёде низ ин гурӯҳро террористӣ медонанд.
Рӯйкард ё равиши “Таҳрир аш-Шом” ҳамчунон салафӣ аст. Эътиқоди идеологӣ дар раҳбарони он, аз ҷумла раҳбари асосии он Абумуҳаммад Ҷулонӣ, ки қаблан ба унвони фармондеҳи "Ҷабҳат-ан-Нусра" маъруф буд, мушоҳида мешавад. Бо ДОИШ, ки дар шарқи Сурия ҳузур дорад, тафовут дорад. Ин ду дар гузашта ҳатто бо якдигар вориди даргирӣ шудаанд. Аз он ҷо ки “Таҳрир аш-Шом” муддате назорати Идлибро дар ихтиёр дошт, навъи ҳукуматдории онро метавон бештар шабеҳи “Толибон” донист.
“Таҳрир аш-Шом” раҳбари ҳамлаи охир дар Сурия аст, аммо дигар гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Башор Асадро гирдиҳам овардааст, то якҷоя минтақаҳои бештаре аз хоки Сурияро таҳти тасаллути худ дароваранд.
“Артиши озоди Сурия”
Бархилофи гурӯҳҳои исломгаро, “Артиши озоди Сурия” аз фармондеҳони пешини артиш таркиб ёфтааст. Онҳо дар ибтидо рӯйкарди миллӣ доштанд, вале дертар ба “Ихвон-ул-муслимин” гароиш пайдо карданд.
Ин гурӯҳ аз аввали ҷанги дохилӣ дар Сурия мавриди кишварҳои ғарбӣ қарор дошт. Пештар дар манотиқи мухталифе аз Сурия фаъол буд, ҳоло ҳузураш дар гӯшаҳои зери назорати Туркия дар шимоли Сурия маҳдуд аст.
Чаро ҳоло?
Пешравии гурӯҳҳои ситезаҷӯ билофосила пас аз он сурат гирифт, ки оташбаси миёни “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон ва Исроил ниҳоӣ шуд.
“Ҳизбуллоҳ” ва гурӯҳҳои зери назари Эрон, ба монанди “Лашкари фотимиюн”, солҳои охир дар ҷилавгирӣ аз пешравии гурӯҳҳои мухолифи Башор Асад нақши муҳим доштанд. Тайи моҳҳои охир бахши қобили таваҷҷуҳе аз тамаркузи нерӯҳои ниёбатӣ мутаваҷҷеҳи ҷабҳаи Лубнон аст.
Аз сӯйи дигар, аз кор уфтодани амалиёти мавсум ба “меҳвари муқовимат” боис шуд, то ҳамоҳангии ин гурӯҳҳо барои ҷилавгирӣ аз пешравии нерӯҳои мухолифи Сурия бо душвории бештаре рӯ ба рӯ шавад. Артиши Исроил ҳафтаҳои охир марзи Лубнон ва Сурияро бо ҳадафи қатъи иртиботи миёни “Ҳизбуллоҳ” ва гурӯҳҳои вобаста ба Ҷумҳурии Исломӣ бомбаборон кард.
Албатта, дар тӯли чанд моҳи охир таҳаррукоте аз сӯйи гурӯҳҳои мухолифи Башор Асад барои анҷоми амалиёт ва пешравӣ мушоҳида шуда буд, аммо ҳаракати аслӣ пас аз барқарории оташбас миёни “Ҳизбуллоҳ” ва Исроил сурат гирифт.
Равиши Русия чист?
Туркия дар соли 2019 бо номи амалиёти "Чашмаи сулҳ" ба Ҳалаб ҳамла кард. Ҳадафаш дур кардани гурӯҳҳои курд ва эҷоди як минтақаи ҳоил ё буферӣ дар наздикии марзии Сурия бо Туркия буд, то ба гуфтаи Анкара аз ин тариқ битавонад суриҳоро дар онҷо паноҳ диҳад.
Он ҳамла, ки бо танқидҳои густурдаи байнулмилалӣ ҳамроҳ буд, сабаб шуд, дар ниҳоят бо миёнравии Русия созиши хатми ҷанг ҳосил шавад. Ва минтақаи ҳоил дар марзи Сурия ва Туркия эҷод шуда, нерӯҳои Русия дар канори Ҳалаб ҷой гирифтанд.
Ҳамлаи охири ситезаҷӯён ба минтақае сурат гирифт, ки нерӯҳои русӣ ҳам дар онҷо ҳузур доранд, аммо Маскав дар тӯли моҳҳои охир дар қиболи ин таҳаррукот иқдоми хосе анҷом надодааст. Сиёсате, ки метавонад аз даргириҳои муҳимтари Маскав дар Украина ва ё шояд созиши паси пардаи Владимир Путин бо Раҷаб Таййиб Эрдуғон ҳикоят дошта бошад.
Манфиатҳои Туркия
Туркия аз ибтидои ҷанги дохилӣ дар Сурия талош кардааси, ки бо ҳузури густурдатари худ ва нерӯҳои вобаста ба ин кишвар, зимни афзоиши нуфузи минтақаияш, суст кардани гурӯҳҳои курдро чи дар хоки Сурия ва чи дар хоки худаш пеш барад.
Ҳукумати Эрдуғон дар солҳои ҷанги дохилии Сурия ҳамчунин ошкоро хоҳони канор рафтани Башор Асад аз қудрат буд ва аз гурӯҳҳои гуногуни ситезаҷӯ дар ин кишвар ҳимоят мекард.
Вазъияти Эрон
Яке аз марказҳое, ки нерӯҳои низомии Эрон дар Сурия ҳузури фаъол доранд, шаҳри Ҳалаб аст. Дувумин шаҳри бузурги Сурия, ки барои Ҷумҳурии Исломӣ арзиши роҳбурдӣ дорад, то ба воситаи он битавонад масири интиқоли аслиҳаро ба “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон такмил кунад.
Бо ин ҳол, дар ҳафтаҳои охир тамаркузи гурӯҳҳои ниёбатии вобаста ба Эрон беш аз ҳама мутаваҷҷеҳи даргирҳои “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон бо Исроил буд. Дар натиҷа, онҳо фурсати чандоне барои муқобила бо таҳдиди гурӯҳҳои шӯришӣ дар Сурия пайдо накарданд.
Бо зарбаҳое, ки гурӯҳҳои ниманизомии вобаста ба Ҷумҳурии Исломӣ дар тӯли беш аз як соли охир дидаанд, метавон интизор дошт, ки авзоъ барои ҳукумати Эрон дар Сурия низ бадтар шавад.
Манобеъ: "Боим" дар Туркия дастгир ва ба Тоҷикистон оварда шудааст
Иброҳим Сафаров, машҳур бо лақаби “Боим”, сокини 53-солаи шаҳри Душанбе, ки номаш борҳо бо фурӯшу интиқоли маводи мухаддир расонаӣ шудааст, дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шудааст.
Ду манбаи Радиои Озодӣ дар мақомоти тафтишотӣ рӯзи 1-уми декабр гуфтанд, ки Иброҳим Сафаров дар аввали моҳи октябр аз Истанбул ба Душанбе оварда шуд.
“Ӯ ба таъсиси шабакаи фурӯши ҳабҳои экстазӣ” ва “нигаҳдории силоҳ айбдор мешавад,” – афзуд як манбаъ.
Наздикони Иброҳим Сафаров боздошту истирдоди ӯро на тасдиқ ва на рад карданд.
Дар гузашта низ исми Иброҳим Сафаров бештар бо интиқолу фурӯши миқдори бузурги маводи мухаддир расонаӣ шуда буд.
Расонаҳои русӣ аз ӯ “Пабло Эскобари Тоҷик” ном мебурданд. Ӯ соли 2006 дар Русия бо беш аз 200 кило ҳероин боздошт ва ба 19 сол зиндон маҳкум шуда буд. Соли 2020 дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки озод шудааст. Маълум нест, ки Иброҳим Сафаров таҳти чӣ шароит пеш аз муҳлат аз зиндон раҳо шудааст.
“Ӯ пас аз озод шудан ба Туркия рафт ва аз он ҷо як шабакаи фурӯши маводи мухаддир дар Тоҷикистонро ба роҳ монд. Ҳудуди даҳ узви гурӯҳи ӯ боздошт шуданд ва худаш дар ҷустуҷӯ буд,” –гуфт яке аз манбаъҳои Радиои Озодӣ, ки нахост номаш фош шавад.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар моҳи июли имсол Комрон Ҳамроев, сокини 28-солаи шаҳри Душанберо бо гумони фурӯши “ҳабҳои экстазӣ” боздошт кард.
Мақомот дар хабарномае гуфтанд, ки Комрон Ҳамроев аз наздикони “Боим” буда, бо дастури ӯ дар Душанбе маводи мухаддир мефурӯхт.
“Ҳамроев Комрон таҳти роҳбарии хешовандаш Сафаров Иброҳим, бо тахаллуси Боим, ки пеш барои кочоқи маводи мухаддир суд шуда, ҳоло дар хориҷи кишвар қарор дорад, ба ин кирдори ҷиноятӣ машғул буд,” -- гуфта шудааст дар хабарномаи ВКД.
ВКД гуфта буд, ки гурӯҳи “Боим” аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва бо истифода аз васоили пешрафта ин корро анҷом медод.
Иброҳим Сафаров солҳои 2000-ум дар Тоҷикистон чеҳраи маъруф буд. Ӯ дар баргузории консерт ва таҳияи суруд ба сарояндагон мадад мекард.
Мақомот ба тахриби ду бинои навсохт дар Душанбе шуруъ кардаанд
Намояндагони мақомот дар шаҳри Душанбе рӯзи 28-уми ноябр ба тахриби ду бинои навсохт оғоз карданд. Сокинон мегӯянд, бо ин тасмим розӣ нестанд. Бино аз 19 хона буда, дар умум 70-80 кас дар он зиндагӣ мекунанд. Ҷиҳози бошандагон ҳанӯз ҳам дар дохили хонаҳост.
Дар аксу наворҳое, ки рӯзи панҷшанбе ба дасти Радиои Озодӣ расид, чанд нафар боми хонаҳоро мекананд ва техникаву таҷҳизоти дигар омодаи кор истодаанд. Мошини ёрии таъҷилӣ ва оташнишонӣ низ дар маҳалли ҳодиса ҳаст.
Хабарнигори Радиои Озодӣ аз наздикии ҷойи ҳодиса гуфт, ки атрофи бино бо деворҳои оҳанин печонида шудааст ва дар берун маъмурони милиса қарор доранд.
Як сокини бино ба шарти фош нашудани номаш гуфт, манзили онҳоро тахриб мекунанд, вале намегӯянд, ки ба куҷо раванд. "Мо мехоҳем, ба мо хона диҳанд. Гап задан намемонанд. Ҳар касе гап зад, бурда маҳкам мекунанд ва дертар сар медиҳанд. 15 сол пул ҷамъ карда, нав соҳиби хона шуда будам. Ҳанӯз ҳам аз бонк қарздорам," -- шикоят кард ӯ.
Пулиси шаҳри Душанбе рӯзи 13-уми октябр дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки ин ду бино дар хиёбони Рӯдакӣ “худсарона” ва бо таҳияи санадҳои “сохта” бунёд шудаанд. Додситонӣ гуфтааст, ки дар ҷойи онҳо бояд баландошёнаҳои дигаре қомат афрозанд.
Таваккал Нозимов, яке аз сокинон, рӯзи 16-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки хабари тахриби бино ӯро нигарон кардааст, чун ҷойи дигаре барои рафтан надорад. Соҳибони манзилҳои дигар аз он дар ҳайратанд, ки чаро баъди бештар аз як сол масъалаи ғайриқонунӣ бунёд шудани бино ба миён омадааст?
Ба чунин пурсишҳо ниҳодҳои давлатӣ, аз ҷумла ҳукумат ва Додситонии ноҳияи Шоҳмансур ва Додситонии шаҳри Душанбе посух надоданд. Рӯзи 16-уми октябр хабарнигорони Радиои Озодӣ аз намояндагони ин ниҳодҳо хостанд, ки мавзуъро шарҳ диҳанд, аммо ҷавобе нагирифтанд.
Ҷамшед Азизмуҳаммадзода, соҳиби ин ду бинои навсохт, дар боздошт аст ва мавқеаш ба қазия маълум нест. Пулиси шаҳри Душанбе дар баёнияаш рӯзи 13-уми октябр ӯро ба он гумонзад кард, ки ба 16 кас ғайриқонунӣ хона фурӯхтааст.
Сокинон мегӯянд, дар даст санад доранд ва тайи бештар аз як сол пули обу барқ ва хидматрасониҳои дигари иҷтимоиро низ додаанд.
Дар солҳои охир Бунёди биноҳои истиқоматӣ дар Душанбе афзудааст. Баъзе аз сокинон мегӯянд, ба ин восита мушкили камбуди манзил ҷуброн хоҳад шуд. Иддае аз сифати сохтмонҳо розӣ нестанд ва бархеи дигар аз он шикоят мекунанд, ки хонасозон як манзилро ба чанд нафар фурӯхтаанд. Иҷозаи сохтмони хонаҳоро мақомот медиҳанд.
"Ягон қонун нагуфтааст, ки..." Шикояти Маҳпора Киромова зидди нозирони милиса
Маҳпора Киромова, рӯзноманигори тоҷик, шикоят дорад, ки нозирони милиса дар Душанбе рӯзи 20-уми ноябр ҳуқуқи писари 14-солаашро поймол кардаанд. Ба нақли ӯ, писараш "бо зӯр дастгир ва ҷайби ӯ бе ҳузури шоҳидон кофтукоб шудааст". Дар идораи милиса касе масъаларо шарҳ надод.
"Ягон қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон нагуфтааст, ки биё ва бе риояи ягон қонун ҷайби кӯдакро коб, як чизро барор ва онро асос куну нисбаташ зӯроварӣ кун. Яъне, аз ҷониби нозири минтақа ҳуқуқи фарзанди ман комилан поймол шудааст", - изҳор дошт ӯ рӯзи 22-юми ноябр ба Радиои Озодӣ.
"Мавзӯест, миёни модару фарзанд"
Ба гуфтаи рӯзноманигор, баҳс аз як сигори электронӣ сарчашма мегирад, ки нозирони милиса аз ҷайби фарзандаш пайдо ва сипас барои боздошту зӯран бурдани ӯ асос кардаанд. Дар асл, ба гуфтаи рӯзноманигор, сигори электронӣ ба дӯсти яке аз ҳамсинфони писараш тааллуқ дошта, аз ӯ хоста шудааст, ки дар хона ба барқ гузорад.
"Саргарми бозӣ шуда, фаромӯш кардааст, ки дастгоҳро ба барқ пайваст кунад. Ҳангоми гусели ҳамсинфаш нозирони милиса аз ҷайби ӯ ҳамон дастгоҳро пайдо мекунанд. Ин ки ягон қонуншиканӣ нест, ҷиноят ҳам нест. Ин мавзӯест, ки бояд миёни кӯдак ва модар ҳаллу фасл шавад”, - афзуд Киромова.
Дар идораи милиса (нозироти минтақавии №5) касе масъаларо шарҳ надод. Ширкатдорони дигари воқеа низ нахостанд, бо хабарнигорони Радиои Озодӣ рӯ ба рӯ шаванд. Дар Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе аз ин қазия изҳори бехабарӣ карданд.
Киромова ҳоло ба зидди нозирони милиса ба Додситонии кул, Додситонии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Ваколатдор ва Кумисюни ҳуқуқи кӯдак шикоят кардааст.
Ҳикояти Маҳпора Киромова аз боздошти писари ноболиғаш ва бархӯрди ғайриҳирфаии пулис ба ӯ ва ҳам худи рӯзноманигор дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳоеро ба миён овард. Бештари шарҳнависон рафтори нозиронро зидди қонун номиданд.
Шарҳи ҳуқуқдон
Рӯзноманигор Меҳрангез Турсунзода рӯзи 25-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин ҳодиса қонун аз сӯйи шахсе поймол гаштааст, ки бояд онро ҳифз кунад: “Дар ин сурат кӯдак метавонад як хулоса кунад, ки ҳамаи гуфтаҳои мо дар бораи Конститутсия, қонунҳо ва ҳуқуқи инсон дурӯғанду бояд бар асоси қонунҳои кӯча зиндагӣ кард”.
Ба гуфтаи ҳуқуқшинос, Хуршед Қурбоншоев, кормандони ҳифзи ҳуқуқ метавонанд ҳар шаҳрвандро дар ҳолати шубҳаовар буданаш дастгир кунанду аз назар гузаронанд. “Вале агар шахси шубҳанок ноболиғ бошад, фавран бояд намояндаи қонунии ӯ огоҳ карда шавад. Ҳангоми тафтиши чизу чораи онҳо бояд ду шахси холис иштирок кунад,” – шарҳ дод ӯ.
Маҳпора Киромова мегӯяд, барои ҳимояи манфиатҳои фарзандаш ба ӯ ҳуқуқшиносони Эътилофи зидди шиканҷа ва Бунёди иҷтимоии Ташаббуси ҳуқуқӣ кумак мекунанд.
Шикоятҳо аз бархӯрди номуносиби маъмурони милиса ҳар чанд вақт расонаӣ шуда, таваҷҷуҳи мақомоту ҷомеаро барои чанд муддат ба ин мушкил ҷалб мекунанд, аммо бо гузашти вақт ҳама чиз фаромӯш ва ҳодисаҳо аз нав такрор мешаванд.
Видеоро дар ин ҷо бинед:
Чанд хонандаи мактаб дар як тасодуф дар Суғд маҷруҳ шудаанд
Муфаттишон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (вилояти Суғд) тафтиши тасодуф ё садамаи нақлиётиеро оғоз кардаанд, ки дар натиҷаи он чанд хонандаи як мактаб захм бардоштаанд.
Фалокат рӯзи 15-уми ноябр дар ҳудуди хоҷагии деҳқонии “Комронбек” дар ҷамоати Ёва рух дод. Гуфта мешавад, ки он рӯз мошини "Портер" хонандагони мактаби рақами 48-и деҳаи Боғи Болоро ба пахтачинӣ мебурд.
Як манбаъ дар Раёсати корҳои дохилии Суғд бо шарти фош нашудани номаш гуфт, ки се хонанда – ду духтар ва як писар – ҷароҳати сахт бардошта, муолиҷа мегиранд. Онҳо то 15-сола ҳастанд ва ба ҳамин сабаб ному насаби онҳоро наменависем.
Сокинони деҳаи Боғи Боло гуфтанд, ки теъдоди наврасони осебдида бештар аст ва аксари онҳоро ба беморхонаи шаҳри Хуҷанд бурданд. Як пизишки беморхона низ ба шарти фош нашудани номаш гуфт, “дар он рӯз 13 наврасро оварданд ва аксарият баъди муоинаву табобат ба хона ҷавоб дода шуданд”.
Волидони наврасони осебдида бо хабарнигорон гап задан нахостанд. Ҳамсуҳбати мо дар Раёсати корҳои дохилии Суғд гуфт, ба зидди ронанда барои риоя накардани қоидаи ҳаракат дар роҳ парванда боз мешавад.
Суоли асосӣ ин аст, ки он рӯз хонандагони мактаб барои чӣ ба майдони пахта рафта буданд? Омӯзгорони мактаби рақами 48 дар деҳаи Боғи Боло гуфтанд, толибилмонро барои ёрӣ ба деҳқонон бурда буданд, то ҳосили пахта дар сармо ҳайф нашавад. Ҳангоми бозгашт садама рух додааст.
Сокинони деҳаи Боғи Боло дар суҳбати ҳузурӣ гуфтанд, ки кӯдаконро чанд вақти охир ба пахтачинӣ мебаранд.
Чанд сол пеш ба пахтачинӣ фиристодани хонандагони мактабро дар Тоҷикистон расман манъ карданд, чун ба гуфтаи мақомот ба рафти таҳсили онҳо зарар мерасонад. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон борҳо аз Тоҷикистон хостаанд, аз корҳои вазнини кӯдакон пешгирӣ кунанд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Як кушта ва панҷ захмӣ. Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон чӣ гузашт?
Дар ҳамла ба дараи Зарбузи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (вилояти Хатлон), дар сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон, як шаҳрванди Чин кушта ва панҷ нафар захмӣ шудааст.
Дар ҳукумати ноҳияи Шамсиддини Шоҳин рӯзи 18-уми ноябр ҳодисаро тасдиқ карда, вале тафсилот надоданд.
Ду манбаи огоҳ аз қазия ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳамла шаби 17 ба 18-уми ноябр "аз тарафи шахсони мусаллаҳ ва аз он сӯйи марз" сурат гирифтааст. Аммо ҳардуи онҳо дақиқ гуфта натавонистанд, ки ҳодиса кори қочоқчиёни маводи мухаддир будааст, ё гурӯҳҳои ҷангҷӯ.
"Аз панҷ захмӣ чаҳор нафар шаҳрвандони Чин ҳастанд. Як нафар сокини маҳаллӣ. Ҳамаи онҳо аз пой маҷруҳ шуда, ба бемористони вилоятӣ ба Кӯлоб бурда шудаанд. Мақомоти интизомӣ дар ҷойи ҳодиса ҳастанд ва таҳқиқ мекунанд", -- гуфт яке аз манбаъҳо ба Радиои Озодӣ.
Ҳамсуҳбати мо ҳузури чиниҳоро ба вуҷуди корхонаи тило дар минтақа пайванд дод: "Дараи Зарбуз дар наздикии мавзеи Сари Ғор ҷойгир аст. Чиниҳо дар онҷо кор мекарданд." Дар мавзеи Сари Ғор як Комендатураи сарҳадӣ низ ҷойгир аст.
Як намояндаи ҳукумати Шамсиддини Шоҳин, ки ба далелҳои амниятӣ номаш фош намешавад, корхонаи тило дар дараи Зарбуз нав номнавис шуда, чиниҳо корҳои иктишофӣ анҷом медоданд.
Марзи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо Афғонистон, ки беш аз сад километр дарозӣ дорад, аз қитъаи назораташ мушкили сарҳади Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар гузашта дар марзи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин гаравгонгирӣ ва ҳамла ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва сарҳадбонҳо сабт шуда буд. Бори аввал аст, ки дар пайи ҳамла дар марз як шаҳрванди Чин кушта мешавад.
Ин дар ҳолест, ки тайи моҳҳои охир ҳамла ба коргарони чинӣ дар Покистон афзудааст. Мақомоти Покистон ва Чин моҳи октябри имсол эълон карданд, ки дар пайи таркиш дар наздикии фурудгоҳи Карочӣ ду коргари чинӣ кушта ва дастикам 8 нафар захмӣ шуданд. Сафорати Чин таркишро "ҳамлаи террористӣ" хонд.
Бо вуҷуди ваъдаҳои "Толибон" дар бораи истифода нашудани хоки Афғонистон аз сӯи гурӯҳҳои террористӣ, мақомоти Тоҷикистон аз он тарафи марз нигаронӣ доранд. Онҳо соли 2023 аз чанд мавриди убури қочоқчиён ва террористон бо силоҳ ба Тоҷикистон хабар доданд.
Аз ҷумла, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 6-уми августи соли гузашта аз кушта шудани се узви гурӯҳи "Ансоруллоҳ" ва мусодираи аслиҳаи зиёд хабар дод. Санҷиш ва тасдиқи ин хабар ба воситаи манобеи мустақил мушкил аст, вале он дар расонаҳои ҷаҳонӣ баёнгари осебпазирии Тоҷикистон аз хатарҳое шуд, ки аз Афғонистон сарчашма мегиранд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Идомаи амалиётҳо ба зидди муҳоҷирон ва бо бераҳмии хос дар Русия
Бо вуҷуди он, ки чанд рӯз пеш Вазорати корҳои дохилии Русия аз анҷоми амалиёти Нелегал-2024 гузориш дод, рейдҳои нерӯҳои амниятӣ ҳамроҳ бо намояндагони ҳаракати миллатгароёнаи “Русская Обшина” ва ё Ҷамъияти Русҳо ҳамоно дар шаҳру ноҳияҳои ин кишвар идома дорад.
Муҳоҷирони корӣ мегӯянд, тафтиш дар хобгоҳҳои онҳо дар Маскав ба таври густарда ва бо як бераҳмии махсус сурат мегирад. Аз ҷумла, дар аксу наворҳое, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, дар бадани муҳоҷирони тоҷик осори калтаккорӣ ва латту кӯб дида мешавад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи ҷабрдидаҳо ҳамаи сандаҳои иқомат ва кори онҳо дар Русия қонунӣ буда, бархе ҳам шаҳрвандии ин кишварро доштаанд. Ба нақли яке аз мусоҳибони Радиои Озодӣ амалиёт дар як хобгоҳи Маскав нисфи шаб оғоз ёфта муҳоҷиронро то нисфирӯзӣ бо шикам рӯи фарш хобондаву иҷозати баланд шуданро надодаанд.
Дар наворе дигаре, ки дар яке аз анборҳои меваву сабзавот дар шаҳри Маскав сабт шудааст, бадрафторӣ бо муҳоҷирон ба чашм мехӯрад. Нерӯҳои қудратӣ бо алфозӣ қабеҳ муҳоҷиронро аввал саф кашонда, сипас фармон медиҳанд, ки ба зону бишинанд. Ҳамзамон нафарреро бо номи “акаи Сабур” меҷӯянд.
Фишор ба муҳоҷирон, бахусус шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия баъди ҳамла ба толори консертии “Крокус” зиёд шуд ва ҳоло боздошту ҳабс, ихроҷу истирдод аз мушкилоти рақами яки муҳоҷирони тоҷик дар Русия шудааст.
Вячеслав Володин, раиси Думаи Давлатӣ рӯзи сешанбе дар канали хул дар Телеграм навишт, ки аз оғози соли 2024 дар ин кишвар 13 қонуни марбут ба кору зиндагии муҳоҷирон қабул карда шудаааст.
Дар ин байн рӯзи 14-уми ноябр Владимир Путин президенти Русия дар мулоқот бо Леонид Слутский раҳбари Ҳизби Либерал Демократ роҳҳои халос шудан аз муҳоҷирони ба гуфтаи онҳо беихтисосро матраҳ кард.
Ӯ гуфт: «Албатта, мардум саволҳои душвор, аз ҷумла масъалаи муҳоҷирати кориро дар миён мегузоранд. Мо бо пешниҳоде кардем, ки онро аксари вакилон аз Ҳизби Русияи Воҳид ва дигар ҳамкоронамон дастгирӣ карданд. Яъне ба муҳоҷирони беихтисос иҷоза надиҳанд, ки оилаҳои бузурги худро биёранд, то манбаи ташаннуҷи иҷтимоӣ, навбатпоӣ дар дармонгоҳ, рафтори душвори кӯдакони муҳоҷир дар мактабҳо ва дигар чизҳое, ки ба урфу одатҳои мо, ба пояҳои ҷомеаи мо мувофиқат намекунанд, вуҷуд надошта бошад.”
Ба навиштаи пойгоҳи хабарии “Важние истории” дар 6 моҳи соли 2024 додгоҳҳои Русия ҳукми рондани 86 ҳазор муҳоҷирро содир кардаанд. Ин аз омори соли 2022 бештар аст. Тибқи иттилои расмӣ, дар нимаи аввали соли ҷорӣ 17 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия берун карда шудаанд.
"Ҷасадро худам шустам." Марги сарбози 20-солаи тоҷик дар қисми низомӣ
Ҷасади Ботир Эргашев, сарбози Нерӯҳои марзбонии КДАМ-ро, ки дар як қисми низомӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин хидмат мекард, дар зодгоҳаш - деҳаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов - дафн карданд, аммо суолу тахминҳо дар бораи марги ӯ боқист. Вай 20-сола буд.
Намояндагони Нерӯҳои марзбонӣ ва ҳукумати маҳаллӣ рӯзи 11-уми ноябр ҳангоми супоридани ҷасади Ботир Эргашев ба волидонаш гуфтаанд, ки "ӯ худкушӣ кард". Падараш, Баҳодур Эргашев, иддао дорад, ки дар бадани ҷавон осори латукӯб буд. Додситони ҳарбии Кӯлоб тафтишро шуруъ кардааст.
"Лабҳояш дарида буд"
Падари Ботир Эргашев рӯзи 14-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аз марги мармузи писараш дар як қисми низомӣ то ҳол ба худ наомадааст. Мегӯяд, писараш ҳамагӣ як рӯз пеш аз ҳодиса бо онҳо телефонӣ гап зада буд ва то поёни хидматаш рӯзҳои андак монда буд.
"Дар соли 2022 ба хидмат рафт. Бояд ҳамин шабу рӯз меомад. Рӯзи 10-уми ноябр додараш ҷашни зодрӯз дошт. Занг зад, табрик кард. Бо модараш гап зад. Рӯзи дигар писарамро қима-қима карда ба мо оварда доданд," – гуфт Баҳодур Эргашев.
Кӯшиши мо барои гирифтани шарҳи расмӣ то ин дам бенатиҷа буд.
Пайвандонаш мегӯянд, ҷасади Ботир Эргашевро намояндагони Раёсати марзбонии КДАМ ҳамроҳи масъулони ҳукумати ноҳияи Ҷаббор Расулов супориданд. Онҳо гуфтаанд, ки Ботир Эргшаев дар қисми низомӣ худкушӣ кард. Аъзои хонавода ба ин фарзия шубҳа доранд. "Дар суҳбат бо мо боре ҳам аз шароити хидмат шикоят накарда буд," – гуфт Баҳодур Эргашев.
Вай афзуд, дар ҷисми писараш осори латукӯб ва шиканҷаро дидааст: "Ҳарду мояаш кабуд буд. Ҷасади бачаамро худам шустам. Аз гардан то поёни нофашро бурида буданд. Ду ҷойи каллаашро бурида дӯхтаанд. Дар пушти сараш як шикофии калон буд, шояд задаанд. Лабҳояш дарида буд."
"Баъд мефаҳмам, ки давлат ҳаст"
Дар ҳамин ҳол манбаъҳои Радиои Озодӣ дар мақомоти вилояти Хатлон гуфтанд, ки Додситони ҳарбии гарнизони минтақаи Кӯлоб таҳқиқро сар кардааст. Пайвандонаш азм доранд, барои дарёфти ҳақиқат то ниҳодҳои болоӣ муроҷиат кунанд.
"Кӣ бачаи маро кушта бошад? Ба ман ёфта нишон диҳанд, шуд. Баъд ман мефаҳмам, ки давлат ҳаст. Имрӯз бачаи маро ин хел мекунанд, пагоҳ бачаи ҳамсояро. Ин ҳолатро дида, баъд кӣ рафта хидмат мекунад?" – афзуд Баҳодур Эргашев.
Марги сарбозони тоҷик дар артиши Тоҷикистон ҳодисаи нав нест. Дар гузашта ҳам дар натиҷаи тасодуфу муноқиша ба ҳалокат расидани онҳо расонаӣ шудааст. Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар як гузориши солонаи худ гуфтааст, ки дар соли 2023 марги 40 сарбоз дар артиш сабт шудааст. Аз ин шумора, ба эътирофи Омбудсмен, 8 маврид худкушӣ буда, "6 нафар аз беморӣ фавтиданд".
Радиои Озодӣ дар соли 2023 дар бораи марги камаш 5 сарбоз хабар дода буд. Наздикони ҳамаи онҳо мегуфтанд, ки ба табиӣ будани марги фарзандони худ бовар надоранд ва хоҳони таҳқиқ ҳастанд.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
"Платформа чаппа шуд." Ҳалокати 3 коргар дар сохтмони "Роғун"
Дар натиҷаи ҳодисаи нохуше дар маҳалли сохтмони неругоҳи барқии "Роғун" се коргар ба ҳалокат расида, як каси дигар маҷруҳ шудааст. Ба гуфтаи мақомот, ҳодиса рӯзи 12-уми ноябр рух додааст.
Дар Хадамоти назорат дар соҳаи куҳкорӣ, ки масъули бехатарии корҳо дар бахши сохтмон дар Тоҷикистон ҳастанд, рух додани ҳодисаро тасдиқ карданд. Як масъули ин ниҳод бидуни зикри номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, фавтидагон коргарони ширкати "Хокрӯд" мебошанд, ки дар неругоҳи “Роғун” кор мекарданд.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, коргарони фавтида 39, 40 ва 51 сола буданд.
Ин масъули Хадамот дар бораи ҳодиса ҷузъиёти зиёд надод. Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода аз ҳодиса бехабарӣ карданд.
Дар наворе, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, яке аз коргарон мегӯяд, “платформа” ба рӯйи коргарон афтидааст ва се нафар ҳалок шуданд. Яке аз коргарон, ки зоҳиран пояш зери харобаҳо мондааст, "оча" гӯён фарёд мезанад. "Платформа" майдончаи муваққатӣ аст, ки коргарон дар рӯйи он истода, дар баландиҳо кор мекунанд.
Ҷузъиёти бештар нашр мешавад.
Сокини Хуросон барои латукӯби ҳамсар ва кӯдакаш 8 сол зиндонӣ шуд
Додгоҳи ноҳияи Хуросон, як сокини ин минтақаро барои задани ҳамсар ва фарзанди хурдсолаш, ба 8 соли зиндон маҳкум кардааст.
Дар хабари расмӣ омадааст, Алимов М.Г шоми 7-уми июли имсол дар ҳолати мастӣ, ба хонааш дар деҳаи Чорбоғи ноҳияи Хуросон омада, бо ҳамсараш ҷанҷол кардааст.
Ба навиштаи сомонаи Додгоҳи ноҳияи Хуросон, ин мард ҳамсарашро латукӯб мекунад, ки дар натиҷа фарзанди думоҳааш “зарари ҷисмонӣ ба саломатиаш бардошта” дар Беморхонаи вилояти Хатлон бистарӣ шудааст. Дар хулосаи ташхиси тиббӣ-додгоҳӣ омадааст, косахонаи сари кӯдаки навзод осеб гирифтааст, ки ба саломатии ӯ хавнок дониста мешавад.
Назари гумонбар Алимов ва наздиконаш ба қазия маълум нест. Рӯшан нест, ки онҳо аз болои ҳукми додгоҳ шикоят бурдаанд ё не.
Ин мард бо иттиҳоми расондани зарари вазнин ба саломатӣ (моддаи 110-и Кодекси ҷиноӣ) ба 8 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум шудааст. Додгоҳ нисбати ин мард ҳадди камтарини ҷазоро таин кардааст, чун ин банди қонун аз 8 то 12 соли зиндонро пешбинӣ кардааст.
Хушанати хонаводагӣ ва нофаҳмӣ миёни зану шавҳар, аз масъалаҳои доғ дар ҷомеаи Тоҷикистон гуфта мешавад. Ҳарчанд вақт Вазорати корҳои дохилӣ аз муноқишаҳои хонаводагӣ хабар медиҳад, ки баъзеаш бо фоҷиа тамом мешаванд.
Маҳбуси фирории тоҷик дар Русия боздошт шуд. Ӯ чӣ тавр аз зиндон гурехтааст?
Ҷустуҷӯйи яке аз шаш маҳбусе, ки аз зиндони Липетски Русия фирор кардааст, идома дорад.
Расонаҳои Русия рӯзи 26-уми октябр хабар доданд, ки 6 маҳбус аз зиндони Липетски Русия гурехтаанд. То ҳол 5 нафари онҳо боздошт шудаанд.
Бино ба иттилои мақомоти Русия, маҳбусони фирорӣ, зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд. Ба навиштаи расонаҳои русӣ, яке аз маҳбусон шаҳрванди Тоҷикистон ва дигарон зодаҳои Узбекистон ҳастанд.
Саҳифаи “Маш" дар Телеграм, акс ва маълумоти шаҳрванди фирории Тоҷикистонро нашр кардааст, ки ӯро пайдо кардаанд. Ин нафар Даврон Ҷабборов, сокини 27-солаи вилояти Хатлон мебошад. Ба қавли манбаъ, ӯ соли 2022 бо иттиҳоми таҷовуз ва авбошӣ ба 9 сол зиндон маҳкум шудааст. Назари худаш ва пайвандонаш ба ҳукм ва ҳамчунин фирори ӯ маълум нест.
Расонаҳои Русия, аз ҷумла саҳифаи “Маш" ва "Baza" навиштаанд, маҳбусон таавассути нақбе фирор кардаанд, ки ним сол ба кандани он машғул буданд. Ду нафарро дар вилояти Тамбов ва се 3 нафари дигарро дар наздикиҳои зиндон боздошт намуданд. Бино ба иттилои мақомоти маҳаллӣ, аввал сокинон кулоҳҳои маҳбусонро пайдо карда, дертар пулис худи онҳоро дастгир кардааст.
Маҳбустон мехостанд марзро убур карда, ба кишварҳои худ баргарданд. Вазорати Корҳои дохилии Русия аз лаҳзаи пурсиши яке аз маҳбусон нашр кардааст, ки дар он вай мегӯяд, “ният доштем, ки ба хона равем.”
Дар робита ба ин қазия Кумитаи тафтишотии Русия нисбати кормандони зиндон бо иттиҳоми хунукназарӣ парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.
Ҳадди ақал ду маҳбуси фирорӣ дар бозпурсиҳои аввал гуфтанд, мехостанд аз тариқи Қазоқистон ба Узбекистон раванд.
Нашрияи «Коммерсант» менависад, зиндониёни фирорӣ бо гуноҳи таҷовуз ба номус ва қочоқи маводи мухаддир адои ҷазо мекарданд. Яке аз онҳо фақат ним сол дар зиндон будааст.
"Ӯро бо банд нафасгир кардаанд." Куштори як ҷавон дар Конибодом
Як ҷавони 21-сола дар шароити мармуз ё норӯшан дар шаҳри Конибодом кушта шудааст. Амрулло Боймирзоев, сокини ноҳияи Мастчоҳ, дар коргоҳи тоза кардани пахта кор мекард. Ҳодиса шаби 22 ба 23-юми октябр дар ҷамоати "Патар"-и шаҳри Конибодом рух додааст.
Як манбаи огоҳ аз қазия рӯзи 24-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Боймирзоев дар ҷойи кораш мехобид ва шахсони ношинос шабона ӯро куштаанд.
"Тафтиш нишон додааст, ки ӯро бо банд нафасгир кардаанд. Амрулло 20 рӯз пеш соҳиби фарзанд шуда, ӯро ба серӣ надида буд," - гуфт ин манбаъ.
Мақомот қазияро то ҳол шарҳ надодаанд ва сабабҳои куштори ҷавон феълан маълум нест.
Амрулло Боймирзоев, писари Нарзулло Боймирзоев, мудири идораи кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ буд. Ҷасади ӯро рӯзи 24-уми октябр дар зодгоҳаш, ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ, дафн карданд.
Ин ягона куштори норӯшан дар шаҳри Конибодом нест. Баъд аз моҳи апрели имсол дар бораи кушта шудани аъзои камаш панҷ оила дар шаҳри Конибодом гузориш расид. Ин ҳодисаҳо нигарониҳоро ба миён оварданд, зеро ба гуфтаи сокинони шаҳр шахсони ношинос шабона бо ниқоб дар кӯчаҳо мегаштанд.
Абдусалом Тухтасунзода, раиси шаҳри Конибодом, моҳи август аз боздошти як гумонзад дар пайванд ба ин кушторҳо хабар дод. Аммо на раиси шаҳр ва на дигар мақомот дар ин бора ҷузъиёт намедиҳанд.
Тасодуфи нақлиётии як маъмури милиса дар Кӯлоб. Ду кас ҷон бохтааст
Як маъмури милисаро дар шаҳри Кӯлоб ҳамчун сабабгори тасодуфи нақлиётие боздошт кардаанд, ки дар натиҷаи он ду нафар ба ҳалокат расид.
Орзу Ҷононов ба он муттаҳам аст, ки шоми 15-уми октябри имсол ҳангоми ҳаракат бо суръати баланд идораи мошинро аз даст дода, се нафарро дар пиёдароҳ задааст.
Баҳодур Ҷалилови 35-сола дар ҷойи ҳодиса ҷон бохта, Ҷаҳонгир Шерафганзодаи 31-сола дар бемористон фавтид. Сиёвуш Холматови 28-сола дар бемористон муолиҷа мегирад.
Ду манбаи огоҳ дар Додситонӣ ва Раёсати корҳои дохилии Кӯлоб рӯзи 23-юми октябр гуфтанд, ки ҳодиса дар наздикии "Боғи Хуталон" рух дод. Ба гуфтаи мусоҳибони мо, Орзу Ҷононов ҳангоми ронандагӣ "маст буда", мошини "Ҳундай-Аванти"-ро бо суръати бештар аз сад километр дар як соат рондааст, ки мухолифи қоидаҳои ҳаракат дар шаҳр аст.
"Мошин ба дарахт ва симчӯб бархӯрда, ба пиёдароҳ рафтааст. Ҳамон вақт Баҳодур Ҷалилов, Ҷаҳонгир Шерафганзода ва Сиёвуш Холматов аз кор баромада, ба хона мерафтанд. Мошин онҳоро пахш кардааст,” -- гуфт як манбаи Радиои Озодӣ.
Манбаъҳо гуфтанд, ки Орзу Ҷононов осеб надидааст. Абдулло Ҳакимови 31-сола, ки дар канори ӯ нишаста буд, маҷруҳ шуда, дар бемористон бистарист.
Хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи 22-юми октябр талош кард, ки бо хонаводаи фавтидаҳо суҳбат кунад, аммо онҳо нахостанд дар назди дурбин гап зананд. Бузургони ин хонаводаҳоро рӯзи 22-юми октябр ба Додситонии шаҳри Кӯлоб даъват кардаанд.
Пайвандони Ҷаҳонгир Шерафганзода, яке аз фавтидагон, ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ӯ панҷ моҳ пеш оиладор шуда буд. Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, аз ҷараёни тафтишот феълан шикоят надоранд.
Ҳамсоягони фавтидаҳо дар суҳбатҳои хусусӣ гуфтанд, ки аз Баҳодур Ҷалилов се фарзанд ятим мондааст. Яке аз наздикони Баҳодур Ҷалилов ба Радиои Озодӣ гуфт, чанд моҳ пеш бародари ӯ фавтида буд ва Баҳодур ягона писари хонадон ба ҳисоб мерафт.
Ба зидди корманди милиса Орзу Ҷононов бо иттиҳоми вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки боис ба марги одамон шудааст, парванда боз кардаанд. Моддаи 212-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои ин иттиҳом аз аз 10 то 15 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.
Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:
Бори аввал нест, ки кормандони милиса дар Кӯлоб бо риоят накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ сабаби марги раҳгузарон мешаванд.
Рустам Нозимзода, афсари Бозрасии Давлатии Автомобилӣ (ГАИ), соли 2023 дар як садама сабаби марги сокини 83-солаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин шуд. Дар ҳодисаи шабеҳ соли 2018 як ҷавони 15-сола зери чархи мошини Саидмуъмин Исломов, муфаттиши Бозрасии Давлатии Автомоблии шаҳри Кӯлоб монду ҷон дод.
Дар нимаи аввали соли равон дар вилояти Хатлон 122 тасодуфи нақлиётӣ сабт шудааст. 67 нафар дар ин садамаҳо ҷон бохтаанд.
Боздошти сардори ШКД-и Ромит. Фирдавс Кабутов ба чӣ гумонзад аст?
Маъмурони Додситонии кулли Тоҷикистон Фирдавс Кабутов, сардори Шуъбаи милисаи Ромит (минтақае дар шаҳри Ваҳдат)-ро дастгир кардаанд. Ду манбаи Радиои Озодӣ рӯзи 16-уми октябр гуфтанд, ки ӯ ба "таҷовузи духтари ноболиғ" гумонзад аст. Шарҳи расмӣ дастрас нест.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ, дастури боздошти Фирдавс Кабутов дар ҳафтаи аввали моҳи октябр содир шудааст. "Ӯ ҳоло дар Боздоштгоҳ аст ва нисбаташ бо гумони “таҷовузи такрорӣ нисбат ба духтари ноболиғ” (моддаи 138, қисми 2, банди “д”-и Кодекси ҷиноӣ) парванда боз шудааст,” -- гуфт яке аз манбаъҳои Радиои Озодӣ.
Вай афзуд, “духтар 17-сола аст, аммо ба додситонӣ шикоят кардааст, ки Фирдавс Кабутов ӯро бо таҳдид аз 16-солагӣ таҷовуз мекард. Ҳодиса дар шаҳри Душанбе шудааст.”
Яке аз пайвандони дури Фирдавс Кабутов, ки нахост аз ӯ ном барем, ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯро “пешпо” додаанд. Ба қавли ӯ, “духтар бо хоҳиши худаш бо ӯ тамос дошта, синни воқеияшро пинҳон доштааст.” Ин нафар иддао кард, ки гуё духтар аз Кабутов пул хоста, бо шунидани ҷавоби рад ба зидди ӯ ба додситонӣ шикоят кардааст.
Назари духтар ва наздиконаш дастрас нест, вале афроде, ки аз қазия хабар доранд, мегӯянд, ҷабрдида ба додситонӣ гуфтааст, беш аз як сол Кабутов ӯро тарсондааст, то ба касе шикоят накунад.
“Яке аз наздикони духтар аз воқеа огоҳ шуда, ба додситонӣ хабар додааст. Додситонӣ Кабутовро барои суҳбат даъват кардааст, вале ӯ мегӯяд, то вазир иҷозат надиҳад, ба ҳеч куҷо намеравад. Баъдан боздошт мешавад,” -- гуфт ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.
Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳодисаро шарҳ надода, вале гуфтанд, ки Фирдавс Кабутов аз мансаб сабукдӯш шудааст.
Шуъбаи умури дохилӣ дар Ромит, ки Фирдавс Кабутов сардори он буд, соли 2015 боз шуда, даҳҳо корманд дорад.
Дар сурати исбот шудани иттиҳом, ба сардори ҳамакнун собиқи Шуъбаи пулис дар Ромит аз ҳафт то 25 сол зиндон таҳдид мекунад.
Солҳои охир хабарҳо аз озори ҷинсии ноболиғон бештар расонаӣ мешаванд. Порлумони Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2023 тағйиротеро ба Кодекси ҷиноӣ қабул кард, ки тибқи он ҷазо барои озори ҷинсии ноболиғон сахттар шудааст.
Гуфтугӯ