Дар Узбекистон, ки манобеи азими газ дорад, мардум хонаҳояшонро бо ангишту ҳезум ва таппӣ гарм мекунанд, чун кишвар ба бӯҳрони энержӣ гирифтор аст ва қодир ба тамоми мардум бо газу барқ нест. Рӯ овардан ба ҳезуму ангишт ба қавли мутахассисон, барои ҳавову муҳити зисти Узбекистон фалокатбор аст.
Соли 2021 вазири энержии Узбекистон гуфт, ки кишвар ба ҳадде гази табиӣ истихроҷу тавлид мекунад, ки се баробар зиёдтар аз талаботи дохилӣ аст. Вале дар як даҳаи гузашта, тавлиди газ дар кишвар рӯ ба поин овардааст ва ҳоло воқеият дар ҳамсояи кишвари Тоҷикистон дигар аст. Бисёре аз мардум, ба ангишт, ҳезум ва таппӣ хонаҳои худро гарм мекунанд, хӯрок мепазанд, нерӯҳои барқии бухории зиёд ҳам бо ангишт кор мекунанд.
Тамоюле, ки ба гуфтаи мутахассисону фаъолон, таъсири баде ба муҳити зист мерасонад. Дуди ангишт, яке аз газҳои хатарнокест, ки ҳаворо олуда ва тағйири иқлим мусоидат мекунад, аз тарафи дигар мардум дарахтони зиёдеро бераҳмона ва ғайриқонунӣ бурида ҳезум мекунанд. Сокинони Узбекистон ҳукуматро гунаҳкор медонанд, ки барои онҳо интихоби дигаре нагузоштааст. Мушкили мазкур ҳар зимистон сахттар мешавад, чун талабот ба газ меафзояд ва ин навъи маводи сӯхт ҳам барои ҳама намерасад.
"Ҳарчӣ пеш омад, месӯзанд, чӣ ангишт, таппӣ..."
Абдусалом Эргашев, фаъоли муҳити зистӣ аз шаҳри Фарғона мегӯяд: “Аз моҳи ноябр инҷониб ҳаво бисёр сард аст, мо аз газ танқисӣ мекашем ва нафақат дар деҳот, балки шаҳрҳо низ.”
Ӯ афзуд: “Дар як маҳаллаи марказӣ, ки ман зиндагӣ мекунам, фишори газ ба ҳадде поин аст, ки дар зимистон бухорӣ гарм намешавад. Мардум дигар интихоб надоранд, барои ҳамин ҳарчӣ пеш омад, месӯзанд, чӣ ангишт, таппӣ, дарахт ва ҳатто дарахтони меваро.”
Буридани ғайриқонунии дарахтон он қадар зиёд шуд, ки ҳукумат ҷазо барои онро сахттар кард. Бар асоси қонуне, ки моҳи феврал ҳукми иҷро гирифт, афроди гунаҳкор ба ин ҷиноят то 1300 доллар ҷарима баста мешаванд. Ҷаримаи афроди мансабдор ва ё ширкату муассисаҳои дигар баландтар аст. Бар илова, ҳар касе, ки ғайриқонунӣ дарахт буридааст, бояд сари ҳар дарахте, ки нобуд кардааст, 100 ниҳол шинонад.
Бисёре аз мардуми Узбекистон, бахусус онҳое, ки берун аз шаҳр ва дар деҳот зиндагӣ мекунанд, барои зимистон аз пеш омода мешаванд, чӯб ва таппӣ захира мекунанд ва ангишт мехаранд. Дар баъзе хонаводаҳо ҳатто пӯсти чормағз ба ҳайси ҳезум ба кор меравад. Як хонавода дар деҳа ба ҳадди миёна бар иловаи сӯхтани ҳезум, ғӯзапоя ва таппиву дигар навъи сӯзишворӣ 1.5 тонна ангишт истифода мекунад.
Натиҷаи он фақат дуди сиёҳе нест, ки зимистон аз лӯлаи бухорӣ ба фазо мепечад. Бадтар аз он аст. Акмал Исомиддинов, як блогери шинохтаи узбек ҳавои кишварро дар яке аз видеоҳояш чунин тасвир мекунад: “Ман дар Фарғона бо мошин ва тирезаҳои баста ҳаракат мекардам, бӯи ғализ дар ҳаво нафасгиркунанда буд. Ин аҳвол на фақат дар Фарғона аст, балки дар 90 дар сади қаламрави кишвар чунин аст. Ин барои муҳити зист ва сиҳатии инсонҳо зиёновар аст.”
Ангишти қаҳрамон
Аҳволи мардум шояд ба ин наздикиҳо сабук нашавад. Узбекистон, ки аҳолиаш ба 36.4 миллион нафар мерасад, дар миёни 20 кишвари ғанӣ аз захираҳои газ дар ҷаҳон қарор дорад ва тахмин мешавад, ки зери заминаш 1. 8 триллион метри мукааб гази табиӣ нуҳуфтааст. Ҳукумат эътироф мекунад, ки истихроҷи тӯлонии захираҳо, ба тадриҷ онҳоро кам кардааст, истихроҷи захираҳои нав мушкилтар аст ва ба технологияҳои нав эҳтиёҷ дорад.
Бар асоси омори расмӣ, дар 10 моҳи соли 2024 дар Узбекистон тақрибан 39 миллиард метри мукааб гази табиӣ истихроҷ кардаанд, ки тақрибан 5 дар сад камтар аз ҳамин давраи соли гузашта аст. Соли 2018 тавлиди газ аз 61. 5 миллиард метри мукааб зиёдтар буд. Истихроҷ, ё тавлид соли 2023 ба 46.7 миллиард метри мукааб расидааст, ки коҳиши 24 дар садиро дар тӯли 5 сол нишон медиҳад.
Ҳукумат қасд дорад, тавлидотро батадриҷ ва то 33 дар боло бурда то соли 2030 ба 62 миллиард метри мукааб бирасонад. Айни замон бино ба гузоришро ҳукумат амр додааст, ки бештар аз ангишт истифода шавад. Бино ба гузориши расонаҳои Узбекистон, соли 2023 ба ҳазорон мактабу, кӯдакистон ва шифохонаҳои давлатӣ фармон доданд, ки ба ҷойи газ ангишт бисӯзанд.
Бо коҳиши истеҳсоли газ, тавлиди ангишт муназзам афзудааст ва баёнгари он омори давлатӣ аст, ки дар он омадааст, тавлиди солонаи газ аз 4 миллион тонна дар соли 2016 ба 6.5 миллион тонна дар соли 2023 расидааст.
Ҳукумат қасд дорад, ин рақамро соли оянда ба 10 миллион тонна бирасонад. Дар робита ба ҳушдорҳо аз тағйири иқлим, ҳукумати Узбекистон гуфтааст, ки барои манобеи сабзи энержӣ сармоягузорӣ мекунад, аз ҷумла боҷи мошинҳои барқиро кам карда, маъракаи шинондани 200 миллион дарахтро ба роҳ андохтааст, то аз ин роҳ дар поксозии ҳавои кишвар мусоидат намояд.