Вакилон аз фраксияи Либерал демократ тарҳи қонунеро омода кардаанд, ки бар асоси он муҳоҷирон вазифадор мешаванд, 30 дарсад даромади худро ба буҷаи Русия супоранд.
Феълан хориҷиёне, ки дар Русия бар асоси патент кор мекунанд, 13 дарсади даромадашонро ҳамчун андоз месупоранд.
Дар назар аст, ки лоиҳаи қонун дар бораи зиёд кардани андози муҳоҷирон дар вақтҳои наздик барои хулоса ба ҳукумати Русия фиристода шавад.
Леонид Слутский, вакили Думаи давлатӣ ва аз муаллифони тарҳ гуфтааст, аз се муҳоҷир ду нафари онҳо бо патент кор мекунанд ва ҳамаи маблағи кор кардаашонро ба оилаҳои худ ба хориҷ мефиристанд. Ҳол онки ба гуфтаи ин вакил, хориҷиён бояд сармояи бештари худро дар Русия гузоранд. Ин маблағ ба гуфтаи Слутский барои рушди минтақаҳои Русия харҷ мешавад.
Вакилони Дума дар ҳоле чунин пешниҳод доранд, ки муҳоҷирон бе ин ҳам аз баланд будани маблағи патент шикоят доранд. Соли 2024 маблағи ҳармоҳаи патент дар Русия вобаста ба минтақаҳо аз 5 то 9 ҳазор рубл мебошад. Маблағи патент солҳои ахир пайваста боло меравад.