Талгат Ластаев, муовини вазири нақлиёти Қазоқистон, гуфт, корҳои саҳроии таҳқиқот анҷом шуда, боқимондаҳои ҳавопайморо дар анбори махсусе дар фурудгоҳи Оқтау нигоҳ медоранд.
Баъзе аз коршиносони хориҷӣ, аз ҷумла аз Созмони байнулмилалии авиатсияи шаҳрвандӣ аз Бразилия барои таҳқиқи ҳодиса вориди Қазоқистон шудаанд.
Қарор аст, қуттии сиёҳи ҳавопайморо низ барои таҳқиқ ба Бразилия фиристанд. Кишваре, ки ҳавопаймоҳои навъи Embraer истеҳсол мекунад.
Ҳавопаймои ширкати "Озарбойҷон Эйрланз", ки рӯзи 25-уми декабр аз шаҳри Боку ба Грозний парвоз дошт, дар фазои Русия осеб дида, дар наздикии шаҳри Оқтау дар Қазоқистон суқут кард.
38 нафар ҷон бохта, 29 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, рӯзи 28-уми декабр аз ҳамтои озариаш Илҳом Алиев барои суқути ҳавопаймои ширкати озарӣ узр пурсид.