Бар асоси гузориши нерӯҳои Украина, паҳподҳои Русия рӯзи 22-юми декабр ба тарафи Херсон, Суми, Полтава, Харков, Запорожйе, Житомир ва Киев партоб шуданд, аммо Украина муваффақ шудааст, аз шумораи умумии 103 паҳпод, 52 паҳподро сарнагун кунад.
Ҳарчанд дар ин ҳамлаҳо марказҳои тиҷоратӣ ва биноҳои истиқоматӣ осеб диданд, артиши Украина эълом кардааст, ки ин ҳамлаҳо талафоти ҷонӣ дар пай надоштанд.
Ҳамлаҳои густурдаи Русия як рӯз пас аз он анҷом шуд, ки Украина биноҳои баландошёнаро дар Қазон дар Ҷумҳурии Тотористон ҳадаф қарор дод. Қазон тақрибан дар 800-километрии шарқи Маскав қарор дорад.
Тибқи гузоришҳо, Украина тайи шабонарӯзи гузашта як бори дигар ба дохили хоки Русия ҳамла кардааст.
Андрей Кличков, раиси минтақаи Орёл дар наздикии марз бо Украина эълон кардааст, ки пас аз ҳамлаи паҳподӣ ба ин шаҳри Русия, ки дувумин ҳамла дар як ҳафтаи охир буд, дар як пойгоҳи энержӣ сӯхтор ба миён омадааст.
Киев дар бораи ин иттиҳом ибрози назар накардааст, аммо наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, нишон медиҳад, ки зоҳиран дар ин минтақа таркиш рух додааст.
Русия аз оғози ҷанг ба зерсохторҳои ғайринизомӣ ва энержии Украина ҳамла мебарад, аммо дар ҳафтаҳои охир ҳамлаҳои ҳавоии худро ба зерсохторҳои энержии Украина афзоиш додааст. Ин ҳамлаҳо ба вижа бо оғози фасли сармо бештар ва боис ба қатъи дарозмуддати барқ дар Украина шудаанд. Ин севумин зимистони пайдарпай аст, ки украиниҳо бо ин вазъият рӯбарӯ ҳастанд.
Ба гуфтаи Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, Маскав танҳо дар як ҳафтаи гузашта беш аз 550 бомбаи ҳидоятшуда, 550 паҳпод ва 20 мушак ба тарафи Украина партоб кардааст. Киев айни замон Маскавро ба ҳамла ба биноҳои истиқоматӣ муттаҳам мекунад, аммо Маскав онро рад менамояд.
Аз оғози ҳамлаи Русия, Украина сармоягузории зиёде барои тавлиди паҳподҳо кардааст, то камбуди нерӯи инсонӣ дар майдони набардро ҷуброн кунад. Коршиносон мегӯянд, ки тавлиди паҳподҳои Украина акнун тақрибан бо Русия баробар шудааст.
Киев паҳподҳои дурпарвози худро барои ҳадаф қарор додани пойгоҳҳои муҳими Русия, монанди таъсисоти энержӣ ва таслиҳотӣ, ки дар фаъолиятҳои ҷангии Русия нақши калидӣ доранд, истифода кардааст.
Бо ин вуҷуд, Украина дар ҷараёни ҷанг талош кардааст, аз ҳадаф қарор додани минтақаҳои ғайринизомӣ худдорӣ кунад, то бо интиқоди эҳтимолии пуштибонҳои ғарбии худ рӯбарӯ нашавад.