Пешниҳод: Ба занони хонашин 6 ҳазор сомонӣ моҳона диҳанд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар Тоҷикистон пешниҳод доранд, занони хонашин маош бигиранд

Дар Тоҷикистон пешниҳод доранд, барои занони хонашин ҳам маош таъин карда шавад. Ба гуфтаи муаллифи пешниҳод Меҳрангез Турсунзода, саҳми занони хонашин, ки дар иқтисоди хонавода бузург аст, дар бештари маврид нодида гирифта мешавад.

Меҳрангез Турсунзода, рӯзноманигор 17 декабр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҷомеаи мо нисбат ба занони хонашин ноадолатиҳо дида мешавад ва бештари масъулиятҳо бар зиммаи ӯст.

“Мард ҳамчун ноновари хона субҳ ба кор меравад ва зан вазифадор аст, ки кудакону калонсолони оиларо дар баробари корҳои хона нигоҳубин кунад. Ва вақте мард бегоҳ бармегардад, ғизои ӯ омода, либосҳояш дарзмолшуда ва хонааш тамизшудааст. Хуб мешуд, агар мардон барои занҳояшон моҳона таъйин ва маблағе пардохт мекарданд, то аз ин тариқ занҳо ҳам соҳиби пуле мешуданд ва худро як сарборӣ барои дигарон фикр намекарданд”, - изҳор дошт Турсунзода.

6 ҳазор сомонӣ моҳона барои кори хона

Меҳрангез дар пайи омӯзиши зиндагии як хонавода, кори занони хонашинро як ба як ҳисоб кардааст ва мегӯяд, ба ҳисоби миёна, ҳар як зани хонашин дар як моҳ ба иқтисоди оилаи худ тахминан 6 ҳазор сомонӣ даромад меорад.

“Мо ин нархҳоро аз хидматрасониҳои одӣ гирифтем. Масалан кори тамизкор, парастор ва ошпаз. Дар шароити феълии Тоҷикистон тамизкор барои ду хона наздики 20 доллар барои як рӯз талаб мекунад. Занҳои хонашин ин ҳамаро ройгон дар хона нишаста анҷом медиҳанд. Инҷо албатта сарфакорӣ барои шавҳар мешавад. Ё ин ки хидматрасонии парастор ҳадди ақал 3 ҳазор сомонӣ аст. Дар умум, ҳамаи инҳо наздики 6 ҳазор сомонӣ мешаванд. Ман ин нархҳоро тахминӣ овардаам, ки агар мард аз ин хидматрасониҳо аз берун истифода барад, чӣ қадар харҷ хоҳад кард”, - мегӯяд ӯ.

Мардҳо розӣ нестанд

Пурсиши сарироҳии Радиои Озодӣ нишон дод, ки аксари мардон ба ин пешниҳод чандон розӣ нестанд. Аюб Ёқубов, сокини Рашт 17-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, мардон дар шароити кунунӣ имкон надоранд, ки баробари таъмини харҷи хона боз ба ҳамсарони худ моҳона диҳанд.

“Мард дар шароити ҳозира ҳамон қадар пуле кор мекунад, ки хоҷагияшро метавонад 60-70 дарсад таъмин кунад. Боз барои маош аз куҷо пайдо мекунад. Ҳамон хурдухурок ва либос ва чизҳое, ки дар хона лозим аст, таъмин кард, боз маош аз куҷо пайдо кунад? Ба фикри ман, маош лозим нест”, - афзуд Ёқубов.

Зубайдуллоҳ Ҳалимов, сокини пойтахт низ фикри ҳамсон дорад. Ӯ мегӯяд, мардон худ аз 1,5 то 3 ҳазор сомонӣ дар моҳ даромад доранд ва бо ин даромад онҳо имкони пардохти моҳона ба занҳоро надоранд.

Бархе аз занон ҷонибдоранд, ки барои онҳо шавҳаронашон маош ҷудо кунанд. Умеда Ҳафизова, сокини шаҳри Душанбе 17-уми декабр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, мардон бояд ба занҳои худ моҳона диҳанд.

“Барои он ки зан харҷҳои шахсии худро бояд худаш таъмин кунад. Ҳастанд, занҳое, ки ҳамон маблағи аз шавҳар гирифтаашро ҷамъ мекунанд ва боз ба фоидаи оилаи худ сарф мекунанд. Ин ҳам хубии худро дорад”, - илова кард.

"Талаби моҳона аз шавҳар одилона аст"

Ба назари ҷомеашинос Хосият Комилова, дар оилаҳое, ки занон таъмин ва ҳуқуқҳояшон пурра риоя намешавад, талаби моҳона аз шавҳар барои корҳои хона одилона хоҳад буд.

“Агар оила меҳнати зан қадр надошта бошад ва зан худаш ҳам ҳуқуқу овоз надошта бошад, шояд дархости пул ҷой дошта бошад. Лекин дар оилаи мо вазъ куллан дигар аст. Баробарҳуқуқӣ ҳукмфармо мебошад ва ҳаминро ба инобат гирифта, ман ҳечвақт аз шавҳари худ барои корҳои хонаам пул талаб намекардам. Зеро вай шояд аз ҳамин 600 долларе, ки дар пажуҳиш зикр шудааст, зиёдтар ба ман хидмат мекунад”, - изҳор дошт Комилова 17 декбр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ

Дар гузашта раиси Шӯрои мудирони Анҷумани миллии бонувони соҳибкори Тоҷикистон Гулбаҳор Маҳкамова гуфта буд, соҳибхоназанҳои тоҷик, ба вижа сокинони рустоҳо, ки бори гарони кори хонаву кишоварзӣ ба дӯши онҳо асту барои ин кор маош намегиранд, бояд мавриди ҳимояти иҷтимоӣ қарор бигиранд.

Бонки ҷаҳонӣ ҳам дар як арзёбии худ гуфта буд, ки саҳми занон дар Даромади нохолиси миллии Тоҷикистон чоряки ҳаҷми умумиро ташкил медиҳад. Ба ҳисоби мутахассисони бонк, дар Тоҷикистон “69 дарсади занони қобили кор бепул кор мекунанд, дар ҳоле, ки шумори ин гурӯҳи мардон 49 % будааст”.