Дар як моҳи охир дар ин минтақаи вилояти Суғд даҳ узви се оила ба таври мармуз кушта шуд. Мақомот мегӯянд, таҳқиқи ҳодиса идома дорад, вале дар бораи боздошти гумонзадҳо ба таври расмӣ хабар дода нашудааст.
Радиои Озодӣ рӯзи 19-уми декабр чанд наворе дарёфт кард, ки тибқи он сокинони деҳаҳои Конибодом дару тирезаи хонаашонро бо панҷараҳои оҳанин маҳкам кардаанд. Яке аз занон мегӯяд, “инро дар ҳаёташ кушода наметавонад”.
“Худо хоҳад, дигар ором ҳастем”, -- изҳори умед кардааст сокини дигари Конибодом. Ӯ ҳам дар навор панҷараи оҳанини хонаашро нишон медиҳад. Дар ҳамин ҳол, дар даромадгоҳи шаҳри Конибодом дидбонгоҳ гузошта шуда, дар деҳаҳо сарбозон мегарданд. Гурӯҳе аз сокинон шабона оташ рӯшан карда, навбатдорӣ мекунанд.
Бархе сокинони деҳаи Ҳисорак (Қӯрғончаи собиқ) дар Конибодом мегӯянд, шабро асосан дар хонаи наздикон дар марказ мегузаронанд. Шаби 15 ба 16-уми декабр дар ин деҳа чор нафар аз ду оила ба таври шубҳабарангез ба ҳалокат расиданд.
“Ҳамаамон ба хонаи хоҳарам рафтем. Милисаҳо гуфтанд, дар рӯшноӣ равед, илтимос, дар инҷо хоб наравед. То замони ёфтани сабабгорони ҳодиса дар инҷо намонед. Ба ҳамсояҳо ҳам гуфтанд, ҳама рафт,” – гуфт Назира, сокини Ҳисорак.
Навор дар Инстаграм:
Дар як моҳи охир дар Конибодом даҳ узви се оила кушта шуд. Шумори умумии кушташудаҳо дар тақрибан як соли охир дар ин минтақа аз 20 нафар гузашт. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, дар пайванд ба кушторҳои пешина дар Конибодом ду нафарро дастгиру зиндонӣ карданд, вале наздиконашон онҳоро бегуноҳ донистанд.