Садамаи ҳавопаймои "Boeing 737-800" дар Куриёи Ҷанубӣ боис ба марги 179 кас шудааст. Ду сарнишин наҷот ёфтанд.
Ҳодиса рӯзи 29-уми декабр дар шаҳри Муан рӯй дод.
Ҳавопаймо бо 175 мусофир ва 6 сарнишин аз Бангкок, пойтахти Тайланд, парвоз карда буд.
Тибқи иттилои муқаддамотӣ, чархи ҳавопаймо ба мушкил дучор шудааст. Масъулони ҳолатҳои изтирории шаҳри Муан гуфтаанд, ки сабабҳои садамаро таҳқиқ мекунанд.
Хабаргузории “Рейтерс” навишт, ки ҳавопаймо ҳангоми фурудоӣ аз хати парвоз берун шуда, ба девори бетонии фурудгоҳ бархӯрд.
“Франс Пресс” мегӯяд, ҳавопаймои ширкати “Jeju Air” ҳангоми нишастан бидуни чарх ба замин зад.
Ин садамаи маргбортарини ҳавопаймо дар 27 соли охир дар Куриёи Ҷанубӣ будааст. Дар ҳодисаи мушобеҳ дар соли 1997 беш аз 200 нафар ҷон бохта буд.