Рӯзи 1-уми январ созишнома барои интиқоли гази Русия аз тариқи Украина ба анҷом расидааст.
Намояндагони идораи гази Украина хабар доданд, ки “Газпром” барои тамдиди созишнома дархости нав надод. Киев пештар аз музокирот барои идомаи транзити гази Русия ба Аврупо худдорӣ карда буд.
Президенти Русия Владимир Путин гуфта буд, ки бастани созишномаи нав дар бораи интиқоли газ ба Аврупо то оғози соли 2025 ғайримумкин аст.
Словакия ва Австрия, муштариёни асосии гази Русия дар Аврупо, аллакай аз манбаъҳои дигар гази мавриди ниёзи худро таъмин кардаанд. Барои ҳамин, баъзе аз таҳлилгарон гуфтаанд, қатъи газ аз тариқи Украина ба бозори Аврупо таъсири зиёде надорад.
Аз соли 2022 ва баъди ҳамлаи бедалели Маскав ба Украина, кишварҳои аврупоӣ гази Амрико, Норвегия ва Қатарро ҷойгузини гази Русия кардаанд.