Ҳамсари Далерҷон Мирзоев: "Талаб дорад ё пул диҳем ё хонаро холӣ кунем"

Зиёда Шукурова, ҳамсари Далерҷон Мирзоев, яке аз гумонзадҳои ҳамла ба толори "Крокус"

Пайвандони баъзе аз гумонбарони парвандаҳои пурсарусадо мегӯянд, ки соли 2024 барояшон сангину ғамангез гузашт.

Радиои Озодӣ рӯзи 19-уми декабр бо Зиёда Шукурова, ҳамсари Далерҷон Мирзоев, яке аз гумонзадҳои ҳамла ба толори консертии “Крокус Сити Ҳолл”-и шаҳри Маскав суҳбат кард.

Ӯ гуфт, тақрибан даҳ моҳ боз чор фарзандро ба танҳоӣ бузург мекунад.

“Халқ ягон ёрдам мекунад. Картошка меоранд, пиёз меоранд. Фарзанди калониямро ба мактаб намондам, чун барф бориду либосҳояш тунук буданд. Ду фарзанди дигарамро, ки бемор шуданд, ба модарам додаам”, - изҳор дошт Зиёда Шукурова.

Ба нақли ин зан, ҳоло ӯ ва фарзандонаш дар хонае зиндагӣ доранд, ки эҳтимол аз он берун карда шаванд.

“Хона аз бародари калонии шавҳарам аст. Зани собиқи ӯ талаб дорад, ки ё пули боқимондаро диҳем, ё хонаро холӣ кунем. 30 ҳазор сомониро дода будем ва 50 ҳазор сомонии дигараш мондааст. Вай мегӯяд, ин хона ҳаққи фарзандони ман аст”, - изҳор дошт Шукурова.

Манзили мавриди баҳс

Зиёда Шукурова мегӯяд, аз соле, ки мегузарад, дар ёдаш рӯзҳои сангин мемонанд. Тақдири шавҳараш ҳам дар ҳоли ҳозир номаълум аст.

Далерҷон Мирзоеви 32-сола аз деҳаи Галахонаи ноҳияи Рӯдакӣ рӯзи 23-юми марти соли 2024 бо гумони ҳамла ба “Крокус Сити Ҳол” дар Брянски Русия боздошт шуд. Додгоҳи шаҳри Маскав ӯро то моҳи феврали соли 2025 ба ҳабс гирифтааст. Таҳқиқи парванда идома дорад.

Ба нақли наздиконаш, ӯ шаш моҳ пеш аз ҳодиса ба Русия рафта, дар хонаи писарамакаш дар Новосибирск мезист ва таксӣ меронд. Дар Тоҷикистон низ ба таксиронӣ машғул будааст.

Мақомоти Русия ӯ ва гумонзадҳои дигари ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл”-ро пайрави гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” ё ДОИШ меноманд. Аммо расонаҳои Русия рӯзи 17-уми июл навиштанд, ки Далерҷон Мирзоев ҳангоми гуфтугӯ бо посбони Боздоштгоҳ, ки мусалмон будааст, "дини исломро сахт танқид кардааст” ва ин баҳс бо занозанӣ анҷомид.

Видеоро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Соли андӯҳи оилаҳои зиндониён дар Тоҷикистон

Маълумот дар бораи ҳамла ба "Крокус"

Ҳамла ба толори консертии "Крокус Сити Ҳолл" дар вилояти Маскав рӯзи 22-юми марти соли 2024 рӯй дод ва дар натиҷа 144 нафар куштаву садҳо тан маҷрӯҳ шуданд.

Мақомоти қудратии Русия беш аз 20 нафар, асосан зодагони Тоҷикистонро бо гумони тарҳрезӣ, иҷро ва ёрӣ дар ин ҳамла боздошт карданд, вале то имрӯз шубҳаву суолҳо мондааст. Як далеле, ки ҳомиёни ҳуқуқ онро пайваста ёдрас мекунанд, иқрори гумонбарон таҳти шиканҷаи сангин мебошад.

Баъзе аз гумонзадҳо худро бегуноҳ дониста, хоҳони бозбинии парванда шуданд, вале посухи рад гирифтанд.