Президент: даромади аҳолӣ 100 миллиард сомонӣ зиёд шудааст

Эмомалӣ Раҳмон

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонааш ба порлумон гуфт, даромади аҳолӣ давоми панҷ соли ахир беш аз 100 миллиард сомонӣ зиёд шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон 28-уми декабр дар назди вакилон ва аъзои ҳукумат гуфт, даромади пулии аҳолӣ аз 48 млрд сомонии соли 2019 ба 147 млрд сомонӣ дар соли 2024 расид. Раҳмон инро дастоварди кори ҳукумат ва порлумон гуфт. Ҳарчанд бархе коршиносон мегӯянд, пули муҳоҷирон дар беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум ва зиёд шудани даромади онҳо нақши асосӣ дорад.

“Вакилони мардумӣ навишта гиред, назди мардум меравед мепурсанд, ин хизмати вакилон ҳам ҳаст. Ҳукумат бо порлумон ва мардуми Тоҷикистон ба ин нишондиҳанда расид,”-гуфт президент.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, давоми панҷ соли ахир маоши кормандони буҷавӣ 4 маротиба ва дар маҷмуъ ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шуд. “Дар ин муддат дар 5 сол сатҳи таваррум ё баландшавии нархҳо ҳамагӣ 29 фоизро ташкил кард. Яъне дар ин давра маошу нафақа ва стипендияҳо нисбат ба сатҳи таваррум бамаротиб зиёд гардиданд ки бевосита ба коҳишёбии сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардум мусоидат намуд.”

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҳоле аз афзоиши маош дар кишвар ситоиш мекунад, ки нархи маҳсулот ва манзил дар кишвар назаррас боло рафтааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар назди вакилон ҳамчунин гуфт, ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар соли 2024 ба беш аз 150 миллиард сомонӣ расид.

Ҳамасола дар моҳи декабр раиси ҷумҳурии Тоҷикистон паёми солонаи худро ба порлумон ироа мекунад.

Маъмулан дар пайи ироаи паёми солонаи президент телевизионҳои расмӣ рӯзҳо ин мавзуъро инъикос карда, гурӯҳҳои вижа барои фаҳмондани нуктаҳои он таъсис дода мешаванд.