Ба иттилои раиси АЖРВТ Нарзулло Латипов, бар асоси натиҷагирии назархоҳии хабарнигорони варзишӣ ба даҳгонаи беҳтаринҳои сол намояндагони чор намуд – ҷудо, бокс, гуштии озод ва самбо дохил шуданд.
Рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини сол:
Сомон МАҲМАДБЕКОВ (ҷудо) - барандаи медалҳои биринҷии Бозиҳои тобистонаи олимпии Порис-2024 ва қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Абузабии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар вазни то 81 кг;
Темур РАҲИМОВ (ҷудо) – барандаи медали биринҷии Бозиҳои тобистонаи олимпии Порис-2024 дар вазни +100 кг;
Давлат БОЛТАЕВ (бокс) - барандаи медали биринҷии Бозиҳои тобистонаи олимпии Порис-2024 дар вазни то 92 кг;
Абдулмаҷид КУДИЕВ (гуштии озод) - барандаи медали биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Тиранаи Албания дар вазни то 70 кг;
Акмал УБАЙДОВ (бокс) – барандаи медали тиллои қаҳрамонии Осиё дар шаҳри Чиангмайи Тайланд дар вазни то 60 кг;
Виктор РАССАДИН (гуштии озод) – барандаи медали нуқраи қаҳрамонии Осиё дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон дар вазни то 74 кг;
Парвиз КАРИМОВ (бокс) – барандаи медали нуқраи қаҳрамонии Осиё дар шаҳри Чиангмайи Тайланд дар вазни то 92 кг;
Эмомалӣ НУРАЛӢ (ҷудо) – барандаи медали тиллои “Tashkent Grand Slam 2024” дар вазни то 66 кг;
Муҳаммадсолеҳ ҚУВВАТОВ (ҷудо) – барандаи медали тиллои “Dushanbe Grand Slam 2024” дар вазни то 60 кг;
Сорбон ЛАТИФОВ (самбо) – барандаи медали биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Остонаи Қазоқистон дар вазни то 64 кг.
“Паҳлавони маъруфи тоҷик Сомон Маҳмадбеков, ки дар Олимпиадаи Порис-2024 ва қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Абузабии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар риштаи ҷудо дар вазни то 81 кило медали биринҷӣ гирифт, беҳтарин варзишгари соли 2024 дониста шуд”, - иброз дошт раиси АЖРВТ Нарзулло Латипов.