Cокинони Конибодом дару тирезаашонро панҷарапеч мекунанд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Сокинони чанд деҳа дар Конибодом мегӯянд, шабона аз тарс хоби ором надоранд ва бинобар ин дару тирезаҳои хонаашонро бо панҷараҳои оҳанин маҳкам карданд. Дар як моҳи охир дар ин минтақаи вилояти Суғд даҳ узви се оила ба таври мармуз кушта шуд.