Бонки Ҷаҳонӣ аз Тоҷикистон хост, фавран роҳи иқтисодашро дигар кунад

ТАЛКО, корхонаи муҳими саноатии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода

Як муассисаи мӯътабари молии ҷаҳонӣ ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия додааст, ки бе ягон таъхир ва фавран шеваи рушди иқтисодиашро дигар созад, чун модели феълӣ дар оянда ҳосили дилхоҳ намедиҳад.

Бонки Ҷаҳонӣ дар гузориши тозае бо номи “Иқлим ва рушди Тоҷикистон” гуфтааст, модели рушди иқтисодие, ки то ҳол ҳукумат ба кор мебурд, манобеи табии кишварро бисёр кам карда, натавонистааст, ҷойҳои кории муносиб офарад.

Муаллифони гузориш гуфтаанд, агарчӣ модели феълии рушди иқтисодии Тоҷикистон то кунун натиҷа додааст, вале акнун ба ҷое расидааст, ки дигар наметавонад, иқтисодро ба пеш ҳаракат диҳаду зиндагии мардумро беҳтар кунад. Дар ин гузориш омадааст, ки суръати миёнаи тавлидоти нохолиси миллӣ аз соли 2000 то соли 2023-юм 7 дар садро ташкил додааст ва сатҳи камбизоатӣ аз 30 дар сади соли 2003 ба тақрибан 11 дарсад дар соли 2023 расидааст.

Видеоро инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Бонки Ҷаҳонӣ мехоҳад, Тоҷикистон роҳашро дигар кунад

Вале бо ин ҳама ба гуфтаи Бонки Ҷаҳонӣ, модели феъли рушди иқтисодӣ гуногунҷабҳа нест ва натавонистааст, ба истиснои истихроҷи маъданҳои табиӣ ба дигар соҳаҳо сармоя ҷалб кунад. Ниҳодҳои давлатӣ заифанд, бахши хусусӣ дуруст инкишоф наёфтааст ва рушди иқтисодии Тоҷикистон асосан бар масрафи оилаҳои дастнигари муҳоҷирон, арсаи кишоварзӣ ва саноати вобаста ба истихроҷи маъдан пойдор мондааст. Бо назардошти ин ба гуфтаи муаллифони Бонки Ҷаҳонӣ, модели рушди иқтисодии Тоҷикистон ба ҳадди ниҳоии худ расидааст ва агар тағйир дода нашавад, суръати афзоиши тавлидоти нохолиси миллӣ солона аз 4.5 то 4 дар сад суст мешавад.

Воқеан сабабҳо ҳам возеҳ гуфта шудаанд ва ин ки модели феълӣ натавонистааст, барои лашкари азими ҷавонони тоҷик ба қадри кофӣ ҷойи кор офарад ва сабаби афзоиши муҳоҷирати корӣ шудааст. Ин масъала, ки ҷойи шарҳи бештар надорад. Афзоиши аҳолӣ ва эҷоди ҷойҳои кории кам, сабаби нобаробарӣ ва бесуботии иҷтимоӣ шудааст. Омори ҷолибе ҳам овардаанд, ки масалан фарқ байни ҷойҳои кории мавҷуд ва аҳолии қобили кор дар муддати 22 сол се баробар афзудааст. Яъне агар соли 2000 бештар аз 1 миллион ҷойи корӣ намерасид, Тоҷикистон соли 2022 барои аҳолии афзояндааш ба се миллион ҷойи кори нав эҳтиёҷ пайдо кардааст. Ба ин омор донишҷӯён шомил намешаванд, ки теъдоди он ҳам бисёр зиёд аст. Ҳамин раванд сабаб шудааст, мардуми зиёде ва ё тақрибан 25 дар сади нерӯи кории Тоҷикистон барои пайдо кардани ризқу рӯзӣ ба Русия равад ва албатта бо дарди сари зиёде пул ба даст биёрад. Ҳамин муҳоҷират сабаб шудааст, ки кори саҳро фақат ба занон монад ва соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ба қавле занона шавад. Дар умум ба гуфтаи Бонки Ҷаҳонӣ рушди иқтисодӣ манобеи табииро кам кардааст, имконоти рушд дар ояндаро заиф намуда ва ба сатҳи зиндагии мардум таъсири манфӣ гузоштааст.

Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, Тоҷикистон имконоти пешрафти зиёдтар дорад ва ҳукумат аҳд додааст, ки барои тағйир додани модели рушди иқтисодӣ тадбирҳое меандешад. Нерӯгоҳи барқи обии Роғунро як василаи муҳиме барои рушди ояндаи иқтисоди Тоҷикистон номида ва гуфтаанд, ки дар сурати баҳрабардории комил аз он дар соли 2034, иқтисоди кишвар комилан дигаргун мешавад, чун мардум бемаҳдудият нерӯи барқ мегиранд ва Тоҷикистон аз фурӯши нерӯи барқи изофӣ даромади зиёд ба даст меорад. Аммо тавсияҳо ҳамон аст, ки созмонҳои дигари молӣ додаанд, яъне боз кардани иқтисоди кишвар ба рӯи сармоягузорон, мудирияти дурусти корхонаҳои азим, ки қарздоранд ва ҳамеша дар бораи олуда будани онҳо ба ришвахорӣ сӯҳбат мешавад. Аз байн бурдани рақобати носолим байни ширкатҳо, имтиёзҳои ноодилона додан ба бозигарони алоҳида аз тавсияҳои дигар аст. Бар иловаи ин ҳама беҳтар кардани системаи заифи маориф, соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии мардум аз тавсияҳои дигари мутахассисони Бонки Ҷаҳонӣ аст.