"Барои гуноҳашон накуштаанд." Моёншо Назаршоев кӣ буд?

Моёншо Назаршоев, донишманд ва сиёсатмадори тоҷик

Моёншо Назаршоев, донишманд ва сиёсатмадори тоҷик, агар умр вафо мекард, рӯзи 17-уми декабр ба синни 95 мерасид. Ӯ сӣ сол пеш дар хонааш дар шаҳри Душанбе кушта шуд. Сабабгорони маргашро то ҳол пайдо накардаанд.

Назару фарзияҳо дар бораи қатли Назаршоев

Дар бораи кушта шудани Моёншо Назаршоев назару фарзияҳо яксон нест. “Ман гумон мекунам, ин монанди кушта шудани муаллим Осимӣ, Исҳоқӣ, Ғуломов (Муҳаммад Осимӣ, Юсуф Исҳоқӣ, Минҳоҷ Ғуломов - РО) як навъ иғво дар муқобили ҳукумат буд. Яъне, бинед, ҳукумат қудрате надорад, ки одамони худашро дастгирӣ кунад. Ман тақрибан ҳамин хел фикр мекунам," -- гуфт доктори илми таърих Иброҳим Усмонов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Ӯ афзуд: "Инҳоро касе барои гуноҳашон накуштааст. Ман гумон мекунам, гуноҳе накардаанд, ки куштани онҳо барои хоҳ мухолифин ва хоҳ ҳукуматиҳо даркор бошад. Фикр мекунам, ин як навъ иғво, тавтеа буд.”

Нуралӣ Давлат

Рӯзноманигору таърихдони тоҷик Нуралӣ Давлат аз фарзияи дигаре дар робита ба қатли Моёншо Назаршоев ном гирифт, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ борҳо расонаӣ шудааст.

“Моҳи марти соли 1994 шодравон Моёншо Назаршоев террор шуд. Дар расонаҳо навиштанд, гуё террор барои он буд, ки ӯ дар даври якуми музокироти сулҳ, ки дар ояндаи наздик шурӯъ мешуд, бояд роҳбарии ҳайати музокироти ҳукуматро бар уҳда мегирифт. Ҳамин фарзия дар расонаҳои хориҷӣ бисёр инъикос шуда, баъдан ба китобҳо низ кӯчид,” -- шарҳ дод Нуралӣ Давлат.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ Моёншо Назаршоевро шахси таъсиргузор дар раванди сулҳи тоҷикон номида, бар ин назар аст, ки кушта шудани ӯ беҳадаф набуд.

“Яке аз шахсиятҳое, ки ҳам таҷрибаи замони Шӯравиро дошт ва ҳам дар доираҳои ҳизбиву ҳукуматӣ ҳамзамон маъруф буд, метавонист ҳамчун раҳбари намояндагони ҳукумат раванди гуфтушунид ва сулҳро битезонад. Чун як шахси мустақил, ботаҷриба буд, табиист, ки нигоҳи шахсии ӯ болои мавқеи ҳукумат ҳам бетаъсир наметавонист бошад. Фикр мекунам, ҳадафи асосии куштори Назаршоев дар он шабу рӯзҳо пеши роҳи раванди сулҳро ҳадди ақал ба таъхир андохтан буд ё тарзе бояд мешуд, ки дар он шахсиятҳои дорои афкор ва мавқеи мустақил ҳузур надошта бошанд,” – илова кард ӯ.

Аз донишгоҳ то ҳукумати Бадахшон

Моёншо Назаршоев кори худро аз омӯзгорӣ дар Институти омӯзгории шаҳри Кӯлоб ва дертар дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон сар кардааст. Хидматҳои ӯ ҳангоми кор дар ин муассисаҳои таълимӣ дар рушди илму маориф муассир арзёбӣ мешаванд.

Профессор Иброҳим Усмонов, ки бо ӯ ҳамкор будааст, мегӯяд: “Дар замоне ки устод дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (Донишгоҳи миллӣ) ноиби ректор дар соҳаи илм буданд, ба назар ҳамин хел менамуд, ки илм дар Донишгоҳи миллӣ дар ҷои аввал баромадааст. Барои ҳама, барои донишҷӯй ҳам, барои муаллим ҳам, барои муҳит ҳам. Муаллим пеш аз он ки ба рухсатии тобистона равад, ҳисоботи илмӣ пешниҳод мекард."

Иброҳим Усмонов

Усмонов афзуд, ки Моёншо Назаршоев тамоми умри худро ба илм ва ободии кишвар сарф карда, шахсиятест, ки таърих набояд номашро фаромӯш кунад.

Ба назари ҳамсуҳбатони дигари мо, дар солҳое, ки Моёншо Назаршоев раёсати ҳукуматро дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бар уҳда дошт, ин минтақа "ба таври назаррас рушд кардааст".

Ҳайдаршо Акбаров, вакили собиқи Шӯрои олӣ, гуфт, имрӯз мардум дар Бадахшон аз корнамоиҳои Моёншо Назаршоев зиёд ёд мекунанд, ки аз замони раҳбарияш дар минтақа боқӣ мондааст.

“Мушкилиҳо, мавзуъҳои зиёди ҳалношуда буд. Бисёр корҳоро мустақилона ҳал мекарданд. Бо истифода аз ҳамон мухторияти Бадахшон баъзе мавзуъҳоро дар худи Маскав ҳал мекарданд. Мардум ҳамеша ёд мекунанд, ки он замон масъалаи нақлиёт бисёр мушкил буд дар Бадахшон, мошин кам буд, роҳҳои кӯҳистон дигар. Ба ин хотир, дар назди Кумитаи марказӣ мавзӯи ташкил кардани автобазаро ба миён мегузорад ва ӯ мустақим дар онҷо ин корро ҳал мекунад. Як базаи навтарин бо мошинҳои ҷадид оварда, дар худи Бадахшон бунёд карданд. Бо ҳамин тариқ, бештари мушкилиҳои он замонаро дар вилоят ҳал карданд,” -- таъкид кард Ҳайдаршо Акбаров.

Ҳайдаршо Акбаров

Дар замони фаъолияташ дар Шӯрои Олӣ ё парлумон аз вакилони фаъол номбар мешавад. Ҳайдаршо Акбаров дар Шӯрои олӣ ҳамроҳи Моёншо Назаршоев кор кардааст. Мегӯяд, ӯ бештар дар масоили илму маориф ва ислоҳот дар ин низом гап мезад.

"Замони охири Шӯравӣ буд. Дигар зарурат пеш омада буд, ки ба сохтори илму маориф назар кард. Аз ин рӯ, бештар сари ин масъала меандешиданд, ки маорифи мо чӣ гуна бояд бишавад,” – ба ёд овард ӯ.

Баҳс бо Қаҳҳор Маҳкамов

Як баҳси Моёншо Назаршоев бо Қаҳҳор Маҳкамов, раҳбари собиқи ҷумҳурӣ, миёни таърихнигорон ё афроде, ки ҳодисаҳои солҳои 90-умро пайгирӣ мекарданд, садо медиҳад. Нуралӣ Давлат онро чунин ба хотир овард: “Худи коммунистҳо тасмим гирифтанд, ки Қаҳҳор Маҳкамовро ба хотири хиёнат барканор кунанд. Дар рӯзи дуюм, фикр мекунам, Моёншо Назаршоев баромад карда, гуфт, ман як сол қабл аз номзадии Маҳкамов бисёр қотеъона ҷонибдорӣ карда, гуфта будам, ӯ кадри лоиқ аст ва сазовори он аст, ки роҳбарии Тоҷикистон боз бар дӯши ин одам гузошта шавад, аммо ман хидмати хукона кардаам. Инҷо як каме иштибоҳ буд. Мехост хидмати хирсона бигӯяд, шояд саросема шуд, шояд фаромӯш кард. Маҳкамов ҳам як эрод гирифт ба Назаршоев.”

Ба қавли Ҳайдаршо Акбаров, чунин баҳс вақте ба миён омад, ки Қаҳҳор Маҳкамов бояд ба истеъфо мерафт, вале худдорӣ кард.

Дар умум, ба назари мусоҳибони мо Моёншо Назаршоев барои рушди Тоҷикистон нақшаву ниятҳои зиёд дошт, вале қатли ӯ боис шуд, ҳама орзуву ниятҳояшро бо худ бибарад.

Оромгоҳи марҳум дар зодгоҳаш, дар деҳаи Хосаи ноҳияи Шуғнон, аст. Барои поси хотири ӯ соли 1999 хона-музеи Моёншо Назаршоев дар ноҳияи Шуғнон таъсис ёфта, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи ӯ гузошта шудааст. Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе низ кӯчае ба номи ӯст.

Видеои пурраи суҳбатҳоро дар бораи Моёншо Назаршоев дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Моёншо Назаршоев кӣ буд?