Эмомалӣ Раҳмон хост, солона на камтар аз 280 ҳазор ҷойи корӣ офаранд

Мунтазири фармоиш ва кор барои таъмини оила. Мардикорбозор дар Душанбе. Акс аз бойгонист.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз мақомоти расмӣ хост, то 5 соли оянда 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи кории нав таъсис диҳанд, то лашкари афзояндаи ҷавонон дар кишвар бекор намонанд.

Ӯ зимни паёми солонааш ба вакилони Маҷлиси олӣ гуфт: “Ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки тамоми имкониятҳоро барои дар панҷ соли оянда дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ таъсис додани беш аз 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи кории нав сафарбар созанд.”

Ба ибораи дигар, мақомоти расмӣ акнун вазифадоранд, солона дар Тоҷикистон на камтар аз 280 000 ҷойи кори нав биёфаранд, ки кори осоне нест. Дар Тоҷикистон, бекорӣ яке аз мушкилоти аслии иқтисод ба ҳисоб меравад ва аз ин рӯ солона садҳо ҳазор нафар, бахусус нерӯи ҷавони корӣ ба Русия барои кор ва пайдо кардани музди беҳтар мераванд.

Чанде пеш Бонки Ҷаҳонӣ дар як гузориши фарогире дар бораи иқтисоди Тоҷикистон гуфт, ки модели рушди иқтисодии кишвар дар оянда дигар натиҷа намедиҳад, зеро натавонистааст, барои аҳолии афзояндаи кишвар ҷойҳои кории муносиб фароҳам кунад.

Эмомалӣ Раҳмон охири ҳар соли милодӣ бо паём ба мардум ва вакилони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, палатаи болоӣ ва поёнии порлумон муроҷиат карда, дар бораи дастовардҳои гузашта ва вазифаҳои оянда мегӯяд.