Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар якуним соли ахир ба кишвар зиёда аз 8,5 ҳазор мошини барқӣ ворид шудааст.
Тибқи омори расмӣ, соли 2023 ба Тоҷикистон 3316 ва дар шаш моҳи аввали имсол бошад 5266 нақлиёти барқӣ ё электромобил овардаанд.
Ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2022 воридоти нақлиёти барқиро аз пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ озод кардааст.
Шаҳрдори Душанбе ҳам дастур додааст, то моҳи сентябри соли 2025 ҳама мошинҳои таксӣ дар пойтахт электромобил бошанд.
Мошинҳои барқӣ ба Тоҷикистон асосан аз Ҷумҳурии мардуми Чин оварда мешаванд ва нархашон ҳам ба гуфтаи соҳибкорон назар ба як соли гузашта арзонтар шудааст.
Аммо баъзе соҳибони нақлиётҳои барқӣ аз набудани нуқтаҳои барқдиҳӣ бахусус дар шоҳроҳҳои кишвар шикоят доранд.