"Кохи Сафед"-и Бишкекро кӣ месозад ва бо мақомот чӣ пайвандӣ дорад?

Таҳқиқоти бахши қирғизии Радиои Озодӣ маълум кардааст, ки масъулони сохтмони қасри президент (маъруф ба “Кохи Сафед”-и Бишкек) ва девони вазирони ин кишвар бо маъмурияти президент наздикӣ доранд.

Сохтмони бинои нави ҳукумат (маъруф ба “Кохи Сафед”-и Бишкек) ва дастгоҳи иҷроияи президенти Қирғизистон босуръат идома дорад. Масоҳати бино тақрибан 30 ҳазор метри мураббаъ хоҳад буд, аммо масъулон харҷи умумии тарҳ ва иҷрокунандаи онро фош намекунанд. Бо сабабҳои номаълум ин маълумот махфӣ эълон шудааст.

"Мо фақат замин додем"

Оқилбек Ҷабборов (Жапаров), раиси Девони вазирони Қирғизистон, гуфта буд, ки ҳамзамон бо сохтмони ин бино тарҳи дигаре дар ҳоли омода шудан аст ва маблағи ниҳоӣ баъд аз анҷоми пурраи он маълум мешавад. Дар бораи сохтмон президенти Қирғизистон ҳам изҳори назар кард.

Раиси ҷумҳурии Қирғизистон Содир Ҷабборов (Жапаров) мегӯяд, дар бинои маъмурӣ, ки дар ҷойи меҳмонхонаи пешинаи “Исиқкӯл” сохта хоҳад шуд, ягон танга аз буҷет харҷ намешавад.

Содир Ҷабборов (Жапаров)

"Мо фақат 16 гектар заминеро додем, ки дар ихтиёри дастгоҳи иҷроияи президент буд. Мо замин додем, онҳо сохтанд. Бе ин ҳам давоми 30 сол заминҳои давлатӣ дуздида мешуданд. Ин 16 гектар замин як рӯз шахсӣ карда мешуд. Барои ҳамин, тасмим гирифтем, ки замин ба нафъи давлат истифода шавад", -- афзуд ӯ.

Дертар маълум шуд, ба ширкати бинокоре, ки масъулияти сохтмони иншооти стратегиро ба дӯш дорад, якуним баробар замини бештар дода шудааст. Яъне, на 16, балки 26 гектар. Таҳқиқот маълум кард, ки ин қитъаҳо зиёда аз 77 миллион доллар арзиш доранд.

Константин Помикалов, мудири ширкати "Ваш эксперт", мегӯяд, "дар қитъае, ки шумо дар назар доред, даҳ метри мураббаъ аз 25 то 35 ҳазор доллар аст. Дар ин ҷо замин бисёр гарон аст ва ҳар сол нархи он меафзояд".

Ширкатҳои "шубаҳовар"

Ширкати “Иншаат строй билдинг” соли 2020 ташкил шуда, дар давоми 3 сол нуҳ дафъа аз қайди давлатӣ гузаштаву ном ва муассису раҳбаронашро иваз кардааст. Хабарнигорон маълум карданд, ки се мудири ширкат бо Қанибек Туманбоев, раиси Дастгоҳи иҷроияи президент робитаи зич доранд.

Яке аз муассисони ширкат писари раиси собиқи Оҷонси миллии сармоягузории назди президент, Равшанбек Собиров, будааст. Ба гуфтаи манбаъҳои бахши қирғизии Радиои Озодӣ, онҳо бо Туманбеков тиҷорати шарикӣ доранд. Худи Собиров инро рад кард.

Равшанбек Собиров дар байн

Равшанбек Собиров, раиси пешини Оҷонси миллии сармоягузории Қирғизистон, мегӯяд, "ҳама метавонад ба тиҷорат машғул шавад ва агар хост, тиҷораташро ба касе диҳад. Ин кори фарзандони ман аст. Ман Қанибек Туманбоевро медонам, вале мо тиҷорати якҷоя надорем".

Таҳқиқот маълум кардааст, ки яке аз раҳбарони дигари ширкати сохтмоние, ки қасри президентро месозад, шиноси деринаи раиси дастгоҳи иҷроияи президенти Қирғизистон аст. Дар гузашта онҳо чанд тиҷорати муштарак доштаанд. Моҳи июли соли 2022 ширкати "Экспресс-Строй КГ" номашро ба "Иншаат Строй Билдинг" иваз кард ва дар санадҳо муассисаш Акбаралӣ Абдураззоқов ном бурда шудааст.

Сохтмони арзонтар аз "Оқ-Орда"?

Хабарнигорони Радиои Озодӣ маълум кардаанд, ки ӯ шахси боварбахши Қанибек Туманбеков, раиси Дастгоҳи иҷроияи президент аст. Ӯ чанд ширкати Туманбековро раҳбарӣ мекард ва як соли ахир дар аксҳо бештар дар маҳалли сохтмони иншооти давлатӣ дида мешуд. Абдураззоқов дар сӯҳбати телефонӣ ба хабарнигорон гуфт, бо раиси дастгоҳ ягон пайвандӣ надорад. Туманбеков дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин мавзуъро шарҳ дода буд.

Қанибек Туманбеков, раиси дастгоҳи иҷроияи президенти Қиғизистон мегӯяд, "дар Қазоқистон "Оқ-Орда"-ро ба маблағи 652 миллион доллар сохтанд. Сохтмони мо 10 баробар арзонтар аст. Ба мисли пешина ширкати касе ё манфиати касе нахоҳад буд. Дӯстони азиз, ҳар як тангаи давлат зери назорати президентамон ва Қамчибек Қидиршаевич аст".

Ҷузъиёти дигаре, ки хабарнигорон ошкор карданд, ин аст, ки дар санад нишонаи ширкати "Иншаат стройдинг" як манзили хоксоронае дар маҳаллаи Бокай-Ата навишта шудааст. Соҳибони хона солҳост, ки дар бозор савдо мекунанд ва аз ширкате бо ин ном аслан хабар надоранд. Онҳо гуфтанд, ягон робитае бо ширкату сохтмон надоранд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Кохи Сафед"-и Бишкекро кӣ месозад?