Дар чанд ҷумла
Дар Узбекистон барои таблиғи бисёрникоҳӣ ҷавобгарӣ таъйин карданд
Дар Узбекистон касонеро ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб хоҳанд кард, ки зиндагии муштаракро дар як замон бо ду ва ё зиёда зан таблиғ ва ҳамчунин ошкоро баробарҳуқуқии зану мардро инкор мекунанд. Ин қонунро вакилони порлумони Узбекистон қабул кардаанд.
Дар қонуни мазкур ҳамчунин ҷавобгарии маъмурӣ барои таблиғи бартарӣ ва ё номукамаллии шаҳрванд аз рӯи иртиботи миллӣ, нажодӣ, қавмӣ ва ё мазҳабӣ ҷорӣ шудааст.
Ба илова дар қонуни мазкур барои анҷом додани никоҳи шаръӣ бидуни санади расмии қайди никоҳ ҷавобгарӣ таъйин шудааст. Мавзӯи бисёрзанӣ моҳи августи имсол дар миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Узбекистон баҳси тезу тундеро ба миён оварда буд.
Шаҳноза Соатова, блогер ва мушовири ҳуқуқӣ дар Узбекистон аз афзоиши таблиғи бисёрҳамсарӣ дар расонаҳо ва бозори реклама нигаронӣ карда, ин равандро “таблиғ алайҳи низом ва самти муайянкардаи Конститутсияи Узбекистон” номид.
Банди 126-и Кодекси ҷиноии Узбекистон бисёрникоҳиро манъ карда, барои он аз корҳои ислоҳӣ ё то се соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Маошу нафақа дар Тоҷикистон зиёд мешавад. Аз кӣ ва кай?
Аз моҳи сентябри соли 2025 маоши кормандони боғчаҳои бачагона ва омӯзгорон дар Тоҷикистон 30 дарсад зиёд мешавад. Дастмузди дигар кормандони соҳаи маориф, илм, тандурустӣ ва стипендияҳо 20 дарсад афзоиш меёбад. Дар ин бора президент Эмомалӣ Раҳмон 28-уми декабр дар назди вакилони ҳарду палатаи порлумон хабар дод.
Раиси ҷумҳур ҳамчунин гуфт, аз соли оянда маоши кормандони ниҳодҳои қудратӣ 20 дарсад зиёд мешавад. Ҳаҷми нафақаҳо бошад 10 дарсад зиёд мешудааст.
Дар миёни кишварҳои собиқ Шӯравӣ, шаҳрвандони Тоҷикистон маошу нафақаи аз ҳама камро мегиранд. Кам будани маоши кормандони буҷавӣ яке аз сабабҳои ба миён омадани фасод гуфта мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 28-уми декабр ҳамчунин гуфт, маоши ҳадди ақал дар кишвар аз соли оянда ҳазор сомонӣ (қариб 100 доллар) таин мешавад. То ин вақт маоши ҳадди ақал дар Тоҷикистон 800 сомонӣ буд.
Ваъдаи Президент: соли 2027 "лимит" дар Тоҷикистон аз байн меравад
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонааш ба порлумон гуфт, аз моҳи майи соли 2027 камбуди энергетикӣ дар Тоҷикистон аз байн меравад ва кишвар пурра ба истиқлоли энергетикӣ даст меёбад.
Раҳмон рӯзи 28-уми декабр дар назди вакилони порлумон аз камбуди барқ дар кишвар ёдовар шуд ва гуфт, “ташвишу заҳмати мардуми Тоҷикистонро” эҳсос мекунад. Нарасидани барқ дар Тоҷикистон яке аз интиқодҳои асосӣ аз кори ҳукумати Тоҷикистон аст, чун сокинони кишвар дар фасли тирамоҳ ва зимистон бо реҷа барқ мегиранд.
Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонааш ба порлумон афзуд, соли 2027 аз ҳисоби неругоҳи “Роғун” ва дигар неругоҳҳои дарёи Вахш ба камбуди барқ дар кишвар хотима медиҳад.
“Шояд ин зимистонҳои охире бошад, ки мо бо мушкилӣ паси сар мекунем, зимистони дар пеш истода хеле беҳтар мешавад, нисбат ба имсол... Соли 2027 ба он тараф дар таърихи гузаштааш мемонад. Мо ин душвориҳоро мегузарем. Ҳам барои мардум ҳам барои рушди далват ин беноиҳоят муҳим аст,”-гуфт раиси ҷумҳури Тоҷикистон.
Соли 2018 Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи як чархаи нерӯгоҳи Роғун гуфта буд, ки дигар дар Тоҷикистон камбуди нерӯи барқ ба “афсона” табдил хоҳад ёфт. Вале аз он ба баъд, ҳар сол дар Тоҷикистон маҳдудият ҷорӣ мешавад.
Изҳороти Эмомалӣ Раҳмон дар ҳолест, ки дар мавсими зимистон вазъи бахсус минтақаи дурдасти Тоҷикистон аз назари дастрасӣ ба нирӯи барқу васоили гармидиҳию энержӣ хеле танг мешавад. Бархе мунаққидон мушкилро на танҳо бо кори ҳанӯз нопурраи нирӯгоҳҳои барқии обӣ, балки бо фурӯши барқ ба кишварҳои ҳамсояи мисли Афғонистону Узбекистон дар фасли зимистон рабт медиҳанд.
Эмомалӣ Раҳмон санҷиши соҳибкоронро то соли 2027 манъ кард
Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки то 1 январи соли 2027 санҷиши кори соҳибкорон, ба истиснои санҷиши мақомоти андоз, манъ карда шавад. Президент 28-уми декабр дар ҳузури вакилон гуфт. ҳарчанд санҷишҳо кам карда шудаанд, аммо ҳоло ҳам баъзе сохторҳо такрор ба такрор корхонаҳоро тафтиш мекунанд.
Раҳмон бидуни зикри тафсилот гуфт, кори баъзе ширкатҳо, ки ба коркарди металҳои қиматбаҳо машғуланд, давоми як сол аз 25 то 40 маротиба санҷида мешавад. “Баъзе сохторҳо то 5-7 маротиба санҷиш рафтанд. дар натиҷаи санҷиш ягон чиз нест сифр. Рӯирост маълум, ки дар инҷо санҷиш нест, ин барои амалӣ кардани дигар корҳо аст. Мо ба ин корҳо хотима мебахшем.”
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, давоми се моҳи оянда барнома ё стратегияи ҷалби сармоя то соли 2040 таҳия хоҳад шуд.
Мақомот дар гузашта низ санҷиши фаъолияти соҳибкоронро дар Тоҷикистон муваққатан манъ карда буданд. Тоҷирон мегӯянд, мораторияҳои гузашта ба вазъи иқтисодӣ таъсири зиёд надоштанд, чун риоят ва назорат намешуданд.
Президент: даромади аҳолӣ 100 миллиард сомонӣ зиёд шудааст
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонааш ба порлумон гуфт, даромади аҳолӣ давоми панҷ соли ахир беш аз 100 миллиард сомонӣ зиёд шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон 28-уми декабр дар назди вакилон ва аъзои ҳукумат гуфт, даромади пулии аҳолӣ аз 48 млрд сомонии соли 2019 ба 147 млрд сомонӣ дар соли 2024 расид. Раҳмон инро дастоварди кори ҳукумат ва порлумон гуфт. Ҳарчанд бархе коршиносон мегӯянд, пули муҳоҷирон дар беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум ва зиёд шудани даромади онҳо нақши асосӣ дорад.
“Вакилони мардумӣ навишта гиред, назди мардум меравед мепурсанд, ин хизмати вакилон ҳам ҳаст. Ҳукумат бо порлумон ва мардуми Тоҷикистон ба ин нишондиҳанда расид,”-гуфт президент.
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, давоми панҷ соли ахир маоши кормандони буҷавӣ 4 маротиба ва дар маҷмуъ ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шуд. “Дар ин муддат дар 5 сол сатҳи таваррум ё баландшавии нархҳо ҳамагӣ 29 фоизро ташкил кард. Яъне дар ин давра маошу нафақа ва стипендияҳо нисбат ба сатҳи таваррум бамаротиб зиёд гардиданд ки бевосита ба коҳишёбии сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардум мусоидат намуд.”
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҳоле аз афзоиши маош дар кишвар ситоиш мекунад, ки нархи маҳсулот ва манзил дар кишвар назаррас боло рафтааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар назди вакилон ҳамчунин гуфт, ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар соли 2024 ба беш аз 150 миллиард сомонӣ расид.
Ҳамасола дар моҳи декабр раиси ҷумҳурии Тоҷикистон паёми солонаи худро ба порлумон ироа мекунад.
Маъмулан дар пайи ироаи паёми солонаи президент телевизионҳои расмӣ рӯзҳо ин мавзуъро инъикос карда, гурӯҳҳои вижа барои фаҳмондани нуктаҳои он таъсис дода мешаванд.
Ширкати озарӣ парвозҳо ба Русияро барои муддате боздоштааст
Ширкати “Azerbaijan Airlines" ки ҳавопаймояш дар Қазоқистон суқут кард, рӯзи 28-уми декабр аз манъи парвоз ба 7 шаҳри Русия хабар дод. Ба навиштаи РБК маҳдудият дар парвоз ба шаҳру минтақаҳои Минералные Води, Сочи, Волгоград, Уфа, Самара, Грозний ва Махачкалъа рабт хоҳад дошт. Масъулини ширкат гуфтаанд, тасмими мазкур “натиҷаи таҳқиқи пешаки”- и суқути ҳавопаймои Embraer-190 ва хатарҳои эҳтимолӣ барои парвоз гирифта шудааст.
Рӯзи 25-уми декабр ҳавопаймои Azerbaijan Airlines дар Қазоқистон суқут кард ва дар натиҷа 38 мусофири он ба ҳалокат расиданд. Бино ба навиштаи расонаҳо, аз ҷумла хабаргузории “Ройтерс”дар пайи зарбаи низоми зиддаҳавоии Русия суқут кардааст.
Аз ин пеш ба далели хатари бесарнишинҳо, фурудгоҳҳои Маскав, Шереметево, Домодедово, Внуково ва Жуковский муваққатан баста шуда буданд. 26- уми декабр ширкати миллии ҳавопаймоии "ЭлАл"и Исроил "ба далели ҳодисаҳо дар фазои Русия" парвозҳо ба Маскавро барои як ҳафта қатъ кард. Ширкати қазоқистонии Qazaq Air ҳам то 27-уми январ парвозҳоро дар хатсайри Остона-Екатеринбург боздоштааст.
Гузоришҳои печида дар бораи марги сарбози Куриёи шимолӣ дар Украина
Бино ба гузоришҳо, як сарбоз аз Куриёи Шимолӣ, ки бовар мерафт, ба асорати нерӯҳои Украина афтодааст, ҳалок шудааст.
Хабаргузории расмии Куриёи Ҷанубӣ рӯзи 27-уми декабр бо такя ба мақомоти амниятӣ гуфт, ки сарбози куриёӣ қабл аз онки ба дасти нерӯҳои махсуси Украина биафтад, ҷон додааст. Як рӯз пеш аз ин яке аз расонаҳои украинӣ хабар дод, ки як сарбоз аз Куриёи Шимолӣ дар вилояти Курск ба асорати нерӯҳои Украина афтодааст.
Акси як сарбозеро, ки бовар мерафт, маҷрӯҳ аст, дар Телеграм нашр карданд, ҳарчанд воқеӣ будани акс аз манобеи мустақил тасдиқ нашудааст. Моҳи гузашта Куриёи Шимолӣ як аҳднома дар бораи шарикии стратегӣ бо Русияро тасдиқ кард ва роҳ барои ширкати сарбозони он кишвар дар ҷанг ба зидди Украина боз шуд.
Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина рӯзи 23-уми декабр гуфт, аз миёни 10 ҳазор сарбози нерӯҳои махсуси Куриёи Шимолӣ, ки ба ҷанг фиристода шудаанд, бештар аз 3 ҳазор нафари онҳо кушта шудаанд. Хадамоти Иттилоотии Куриёи Ҷанубӣ пештар гуфта буд, ки теъдоди куштаву маҷрӯҳшудагони куриёӣ на бештар аз 1100 нафарро ташкил медиҳад.
Радиои Озодӣ ин иттилоро мустақилона тасдиқ карда наметавонад ва мақомоти Русия ҳам онро шарҳ намедиҳанд.
Пулиси Душанбе: қаллобӣ бо кортҳои бонкӣ зиёд шудааст
Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз зиёд шудани қаллобӣ бо истифода аз кортҳои бонкӣ хабар додааст.
Ин ниҳод 26-уми декабр хабар дод, ки қаллобон бо ваъдаи пул кортҳои бонкии шаҳрвандонро "ба иҷора" мегиранд ва онро барои амалҳои ғайриқонунӣ истифода мебаранд. Раёсати корҳои дохилии Душанбе ҳеч оморе нашр накардааст.
Дар хабарномаи ин ниҳод аз як намунаи дигари қаллобӣ зикр шудааст, ки баъзе афрод бо баҳонаи пешниҳоди ҷойи кор, нусхаи шиноснома ва рақами корти шаҳрвандонро гирифта, барои қонуншиканӣ истифода мебаранд. Пулиси Душанбе ба сокинон ҳушдор додааст, ки эҳтиёт кунанд, чун дар чунин ҳолат худашон шарики ҷиноят ҳисоб мешаванд.
Пулиси пойтахт ба сокинон ҳушдор додааст, ки корти бонкӣ ё дигар маълумоти хусусии худро ба шахси дигар надиҳанд ва агар касе аз онҳо “иҷораи корт”-ро дархост кард ба мақомот хабар расонанд. Фиреб хӯрдани сокинон тавассути корти бонкӣ солҳои гузашта низ иттифоқ афтода буд.
Ройтерс: ҳавопаймои Озарбойҷон бо зарбаи низоми дифоии Русия суқут кард
Ҳавопаймои ширкати “Azerbaijan Airlines" дар натиҷаи зарбаи низоми зиддаҳавоии Русия суқут кардааст. Дар ин бора хабаргузории “Ройтерс” бо такя ба чор манбаи огоҳ аз таҳқиқот дар Озарбойҷон хабар додааст.
Телевизиони Евронюс ҳам тасдиқ кардааст, ки мушаки "замин ба ҳаво"-и низоми зиддиҳавоии Русия сабаби ба садама дучор шудани ҳавопаймои ширкати озарӣ шуд. Дар натиҷаи ин ҳодиса, ки 25-уми декабр рух дод, 38 нафар ба ҳалокат расиданд.
Хабаргузории “Ройтерс” гузориш додааст, ки мақомот нахуст нафаҳмиданд, ки чаро ҳавопаймое, ки аз Боку ба Грозний бояд парвоз мекард, маҷбур шуд хати парвозро дигар карда, садҳо километр дуртар аз ҷойи таъиншуда дар Қазоқистон фуруд ояд. Ҳавопаймои мусофирбари Embraer баъд аз онки натавонист дар фурудгоҳи Грознийи Чеченистон фуруд ояд, осмони Русияро тарк кард.
Расонаҳои русӣ аз қавли Ҳамзат Қодиров, котиби Шӯрои амнияти Русия ва хоҳарзодаи Рамзан Қодиров навиштаанд, дар лаҳзаи фуруди ҳавопаймои озарӣ, бесарнишин ё дронҳо ба ин ҷумҳурии Русия ҳамла мекарданд. Ин иттилоъро телеграм-канали чечении NIYSO низ тасдиқ кардааст.
Фарзияи расмии суқути ҳавопаймо феълан маълум нест ва таҳқиқ идома дорад. Мақомоти Озарбойҷон ва Қазоқистон дар бораи сабабҳои садама расман суҳбат накардаанд.
Заҳролуд шудани модар ва се фарзандаш дар Душанбе
Шаби 24-уми декабр чор узви як оила дар шаҳри Душанбе аз дуди ангишт заҳролуд шудаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо нашри ин хабар гуфтааст, ин афродро ба беморхона интиқол додаанд ва феълан зери назорати пизишкон қарор доранд.
Ба иттилои манбаъ, ин афрод модари 33-сола ва се фарзанди 13, 10 ва 4-сола мебошанд. Онҳо сокинони ноҳияи Шоҳмансури Душанбе ҳастанд.
"Сабаби ин ҳодиса риоя накардани қоидаҳои бехатарии истифода аз ангишт барои гарм кардани хонаҳост",-навиштааст Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.
Ин аввалин ҳодиса заҳролуд шудани сокинон дар моҳи декабр нест. Рӯзи 17-уми декабр чор наврас дар ноҳияи Шаҳристон аз дуди ангишт заҳролуд шуда, ду нафарашон фавтидаанд. Солҳои гузашта низ ин ҳодиса иттифоқ афтодааст.
Дар Тоҷикистон, ки сокинон дар тирамоҳ ва зимистон бо маҳдудият барқ мегиранд, сокинон маҷбур мешаванд бо ангишт хонаҳоро гарм кунанд.
Чин тарҳи бунёди азимтарин нерӯгоҳро тасдиқ кард. Ҳинд нигарон аст
Ҳукумати Чин тарҳи сохтмони азимтарин нерӯгоҳи барқи обиро тасдиқ кард.
Онро дар қаламрави Тибет месозанд, ки ба ҳаёти миллионҳо сокини поёноби Ҳинду Бангладеш таъсир хоҳад дошт.
Сарбанди баландтарин, қарор аст, дар дарёи Ярлунг Сангпо сохта шуда, соле 300 миллиард кловатт-соат барқ истеҳсол кунад.
“Садои Амрико” навишт, ки тарҳи сарбанд соли 2020 аз ҷониби Маҷмаи сохтмони нерӯгоҳҳои барқии Чин таҳия шудааст. Ҳоло сарбанди бузургтарин (дар Чин ҳаст) “Садди седара” ном дорад ва соле 88,2 миллиард киловатт-соат барқ тавлид мекунад.
"Синҳуа", хабаргузории расмии Чин, рӯзи 25-уми декабр навишт, ки сохтмони нерӯгоҳи азим барои кам кардани партоби газ ба ҳаво ва эҷоди ҷойҳои кории нав мусоидат мекунад. Пешбинӣ мешавад, ки арзиши сохтмони нерӯгоҳи азимтарин тақрибан 35 миллиард доллар хоҳад буд.
Дар минтақае, ки қарор аст нерӯгоҳ сохта шавад, 1,4 миллион нафар зиндагӣ мекунанд ва онҳоро бояд ба ҷойҳои дигар кӯчонанд. Мақомот ҳанӯз нагуфтанд, ки масъалаи кӯч додани мардумро чӣ гуна ҳал хоҳанд кард.
Ҳукумати Чин то ҳол таъкид кардааст, ки ин тарҳ пайомадҳои азими экологӣ нахоҳад дошт. Ҳинду Бангладеш аз таъсири тарҳ ба экосистема ва дигар шудани самти об изҳори нигаронӣ кардаанд.
Дарёи Ярлунг Сангпо дар қаламрави Тибет бо номи дарёи Браҳмапутра маъруф аст ва он тавассути иёлоти Аруначал Прадеж ва Ассами Ҳинд гузашта, дар ниҳоят вориди Бангладеш мешавад.
Чин дар гузашта генераторҳои барқи обиро дар болооби дарёи Ярлунг Сангпо бунёд кардааст, ки маҷрои обро аз ғарб ба шарқи Тибет мебарад. Дар қисмати болоии дарё бунёди тарҳҳои бештаре дар назар аст.
Маҳдудияти муваққатӣ дар фурудгоҳҳои Маскав ва Калуга
Рӯзи 26-уми декабр дар фурудгоҳҳои Маскав ва Калуга маҳдудияти муваққатӣ ҷорӣ шуд.
Дар ин бора ширкати "Росавиатсия" хабар дод.
Фурудгоҳҳои Шереметево, Домодедово, Внуково, Жуковский ва Калуга парвози ҳавопаймоҳоро боздоштаанд.
Дар се фурудгоҳи асосии Маскав (Домодедово, Шереметево ва Внуково) тахминан 30 парвоз боздошта шуд.
Торнамоҳои "Baza" ва "Mash" сабаби ҷорӣ шудани маҳдудиятро ба барномаи рамзии "Ковёр" рабт доданд, ки баъд аз таҳдиди паҳподҳо ҷорӣ шудааст.
Вазорати дифои Русия дар бораи таҳдиди ҳамлаи бесарнишинҳо ба Маскав ва Калуга хабар намедиҳад.
"Ҳуҷҷатҳоро бурданд." Вокуниши як зан аз Конибодом ба ҳабси абади писараш
Модари Марат Сатторов, марде, ки дар пайванд ба куштори шаш узви ду оила дар Конибодом ҳабси абад гирифт, баъд аз тақрибан як моҳи эълони ҳукм назарашро баён кард. Қатлҳо шаби 28 ба 29-уми майи соли 2024 дар деҳаи Санҷидзор рух додаанд.
Лутфӣ Сатторова рӯзи 23-юми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз замони боздошт писарашро надидааст, вале ба бегуноҳии ӯ бовар дорад. "Писарам дар шаби ҳодиса ба ҳеч куҷо нарафтааст, ҳамроҳи ман дар хона буд," -- гуфт ӯ.
Коллегияи ҳарбии Додгоҳи олии Тоҷикистон дар охири моҳи ноябри соли 2024 Марат Сатторови 43-соларо бо гуноҳи куштори аъзои ду оила ба ҳабси абад маҳкум кард. Радиои Озодӣ дар ин бора 12-уми декабр хабар дода, он замон мавқеи вакили мудофеъ ва наздикони ӯро дастрас накарда буд.
"Вай айбдор нест. Як соли охир дар мактаби деҳа посбон буд. Камтар замин дорем, бо корҳои саҳро машғул мешуд. Ба он ҳодиса рафтагӣ не, дидагӣ не, аз хона баромадагӣ ҳам нест," – афзуд Лутфӣ Саттороваи 75-сола.
Марат Сатторов соҳиби ду фарзанд аст. Падараш дувоздаҳ сол пеш фавтидааст. Хоҳару бародаронаш дар Қирғизистон ҳастанд ва шаҳрвандии он кишварро доранд.
Модараш, Лутфӣ Сатторова, гуфт: "Дар хона бо як саг танҳо мондам. Ҳама ҷоро тит карда рафтанд. Ҳуҷҷатҳо ва кортҳои бонкиро бо худ бурданд. Ақаллан кортамро диҳанд, панҷмоҳа нафақаамро нагирифтаам. Кӣ нигоҳ мекунад маро? Шароити ҳама вазнин."
Моҳи майи соли 2024 дар деҳаи Санҷидзори Конибодом аз ду оила (яке тоҷик ва дигаре қирғизтабор) шаш кас кушта шуд.
Маҳбуба Аҳмедоваи 38-сола, Нозанин Аҳмедоваи 17-сола ва Дамир Аҳмедови 14-сола аз хонаводаи тоҷик ва Зулхо Иброҳимоваи 54-сола, додараш Абдуфаттоҳ Иброҳимови 47-сола ва Қурбонгул Иброҳимоваи 46-сола аъзои кушташудаи оилаи қирғизтабор буданд.
На тафтишот ва на додгоҳ ангезаҳои қатлҳоро номбар намекунанд.
Аз моҳи марти соли 2024 то кунун дар деҳаҳои Конибодом беш аз бист кас ба таври мармуз ба қатл расидааст. Танҳо дар моҳи декабр дар ин минтақаи вилояти Суғд даҳ узви се оила, аз ҷумла чор ноболиғ, дар шароити номаълум кушта шуданд.
Мақомот ба ҷуз хабарномаи пароканда ва эълони таҳқиқи ҳодиса дар бораи кушторҳо ва ангезаи он маълумот намедиҳанд. Аз аввали қатлҳои пайиҳам ду кас зиндонӣ шуда, чаҳор нафар дар боздошт ҳастанд, вале наздикони бархеи онҳо бо хулосаи муфаттишону додрасҳо розӣ нестанд.
Ҳамлаи Русия ба бозори шаҳри Никопол дар Украина
Артиши Русия бо паҳподҳои "камикадзе" ба бозори шаҳри Никопол дар вилояти Днепропетровскии Украина зарба зад.
Ҳодиса рӯзи 26-уми декабр рӯй дод.
Сергей Лисак, раиси вилоят, гуфт, ки ҳашт нафар осеб дид.
Аз миёни онҳо ҳафт нафарро ба беморхона бурдаанд. Як зан дар ҳолати вазнин аст.
Дӯконҳо низ зарар дидаанд.
Русия 25-уми декабр, дар Иди Милоди Масеҳ, ба шаҳрҳои Харков, Днепр ва Кривий Роҳи Украина силсилаи ҳамлаҳо анҷом дод.
“Кореяи Ҷанубӣ аввал кафшергаронро аз Тоҷикистон ба кор мегирад”
Вазорати кору муҳоҷирати Тоҷикистон гуфтааст, кафшергарони тоҷик аз аввали соли 2025 метавонанд ба муҳоҷират ба Кореяи Ҷанубӣ бираванд.
Эълон дар ин бора рӯзи 25-уми декабр нашр шуд.
Аммо мақомот гуфтаанд, корҷӯёни аз 18 то 39-сола бояд шаҳодатномаи кафшергарӣ дошта, забони кореягиро азхуд карда бошанд.
Аз корҷӯёни дигар хоста шудааст, ки барои омӯхтани забони кореягӣ ва касбҳои зарурӣ ба маркази таълимии Вазорати кору муҳоҷират дар Душанбе, Бохтар ва Хуҷанд муроҷиат кунанд.
Бекорӣ ё кор бо маоши кам яке аз душвориҳои асосии ҷомеаи Тоҷикистон аст. Ин вазъ садҳо ҳазор касро ба муҳоҷирати корӣ дар хориҷа маҷбур мекунад.
Ҳукумати Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 2024 бо Кореяи Ҷанубӣ ва Кувайт тафоҳумномаи ҳамкориро дар заминаи муҳоҷират имзо кард.
То ин вақт муҳоҷирони кории тоҷик асосан ба Русия ва Қазоқистон мерафтанд.
26 декабр – Рӯзи мотами миллӣ дар Озарбойҷон
26-уми декабр дар Озарбойҷон ба хотири қурбониёни ҳавопаймои афтода рӯзи мотами миллӣ эълон шуд.
Як ҳавопаймои ширкати “Azerbaijan Airlines” бо 67 мусофир рӯзи 25-уми декабр дар ҳудуди Қазоқистон суқут кард.
38 кас ҷон бохт, 29 нафар зинда монд.
Ҳавопаймо аз шаҳри Боку ба Грозний мерафт.
Сабаби рӯй додани фоҷеа ҳанӯз маълум нест.
Мақомоти Озарбойҷон ва Қазоқистон ҳодисаро таҳқиқ доранд.
Ба иттилои расмӣ, дар дохили ҳавопаймо 42 шаҳрванди Озарбойҷон, 16 шаҳрванди Русия ва боқимонда аз Қазоқистону Қирғизистон, Тоҷикистон ва кишварҳои дигар будаанд.
Мақомот теъдоди дақиқи шаҳрвандони Тоҷикистонро нагуфтанд.
Ба хабари ёфтаи Радиои Озодӣ, дар ҳавопаймо ду зодаи Тоҷикистон буданд. Як нафари онҳо ҷон ба саломат бурда, тақдири дувумӣ рӯшан нест.
Амалиёт дар Омск. 12 парванда ва ихроҷи 3 муҳоҷир
Нерӯҳои интизомии Русия санади 570 муҳоҷирро дар вилояти Омск санҷидаанд.
Вазорати корҳои дохилии Русия рӯзи 25-уми декабр гуфт, амалиёт 88 мавриди нақзи қонунро ошкор кард.
12 парвандаи ҷиноӣ боз ва 3 муҳоҷир аз Русия ронда хоҳанд шуд.
Ба иттилои ВКД, муҳоҷирон қоидаи будубошро дар Русия вайрон карда, ба идораи муҳоҷират маълумоти нодуруст додаанд ё ғайриқонунӣ кор кардаанд.
Пас аз ҳамла ба толори консертии "Крокус Сити Ҳолл" (марти 2024) муносибат бо муҳоҷирон дар Русия дигар шуд.
Мақомоти Русия дар тарҳрезӣ ва иҷрои ҳамла асосан зодагони Тоҷикистонро гумонбар медонанд.
Думаи Давлатӣ дар нуҳ моҳи охир беш аз даҳ қарору қонуни маҳдуд ё манъкунандаи кори хориҷиёнро дар Русия қабул кард. Даҳҳо ҳазор нафар бо далелҳои гуногун ронда шуданд.
Александр Горовой, муовини аввали вазири корҳои дохилии Русия, гуфтааст, айни замон дар ин кишвар 6 миллиону 174 ҳазор хориҷӣ қарор доранд.
Аз рӯйи шумора ба даҳгонаи аввал шаҳрвандони Узбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Беларус, Украина, Арманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Чин ва Туркманистон шомиланд.
Як мард дар Русия бо мошинааш ба комиссариати ҳарбӣ задааст
Як мард дар шаҳри Гус-Хрусталнии вилояти Владимири Русия бо мошинааш ба бинои комиссариати ҳарбӣ зада, сипас онро сӯзондааст.
Ҳодиса шоми 25-уми декабр рух дод.
Мард боздошт шуда, ба "қасдан расонидани зарар ба моликияти дигарон" муттаҳам аст.
Раиси шаҳр Алексей Соколов дар саҳифааш дар Телеграм иддао кард, ки "ӯ қурбонии дигари қаллобони украинист". Соколов аз сокинон хост, ҳеч гоҳ дастури телефонии шахсони ношиносро иҷро накунанд.
Сомонаи "Медиазона" ҳисоб кардааст, ки шаҳрвандони Русия аз 13-уми декабр ба ин сӯ бо дастури қаллобони телефонӣ дар 50 маврид идораи бонк, почта ва мошини ходимони полисро оташ задаанд.
Хабаргузории расмии "ТАСС" бо такя ба манбаъҳояш навишт, ки сокинони Русия дар даҳ рӯзи гузашта бо дастури қаллобони телефонӣ дар беш аз 40 ҳолат ҷоеро оташ зада ва ё таркондаанд. Чунин ҳодисаҳо дар Маскав, Санкт-Петербург, Новосибирск, Владивосток, Перм, Курск, минтақаи Ставропол рух дод.
Манбаъҳои "ТАСС" гуфтаанд, дар миёни ҷабрдидаҳо нафақахӯрҳову донишҷӯҳо ҳастанд. "Шаҳрвандон бисёр вақт мехоҳанд, аз ин роҳ пулҳои худро баргардонанд," -- навишт хабаргузорӣ.
Байден аз Пентагон хост, ирсоли силоҳро ба Украина суръат бахшад
Ба гузориши "Садои Амрико", президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷо Байден ба Пентагон ё Вазорати дифои ин кишвар дастур додааст, ки фиристодани силоҳро ба Украина суръат бахшанд. Ин изҳорот баъд аз он нашр шуд, ки Русия рӯзи 25-уми декабр ба низоми барқии Украина ҳамла кард.
Байден дар изҳороташ гуфтааст, "мақсади ин ҳамлаи золимона дар зимистон аз гармиву барқ маҳрум кардани мардуми Украина ва дар хатар гузоштани низоми барқи ин кишвар мебошад".
Русия субҳи 25-уми декабр ба низоми барқии Украина бо мушакҳои болдору дурпарворз ва паҳподҳо ҳамла кард. Дар натиҷа, дастикам шаш нафар дар Харков маҷрӯҳ ва як нафар дар вилояти Днепропетровск кушта шуд.
Байден гуфт, "ИМА барои тақвияти мавқеи Украина бетанаффус корашро давом хоҳад дод". Ӯ афзуд, Вашингтон дар чанд моҳи гузашта ба нерӯҳои мусаллаҳи Украина "садҳо мушаки дифои зиддинизомӣ додааст ва ирсоли силоҳҳои дигар дар пеш аст".
Амрико рӯзи 2-юми декабр дар бораи бастаи навбатии силоҳҳо ба Украина хабар дод. Ҳаҷми умумии ин ёриҳо 725 миллион долларро ташкил медиҳад.
Дар миёни дигар силоҳҳо, муҳиммоти навъи NASAMS, мушакҳои "Стингер" ва маҷмаи зиддитонкии Javelin ва AT-4 низ ҳастанд.
9 сол зиндон, 400 ҳазор рубл ҷарима. Ҳукми Алишер Исматзода дар Маскав
Додгоҳи ҳарбии шаҳри Маскав гӯштигири тоҷик ва мураббии тими миллии ҷавонони Русия Алишер Исматзодаро бо гуноҳи сармоягузорӣ ба ДОИШ ба 9 сол зиндон маҳкум кардааст.
Ҳукм шоми 25-уми декабр содир шуд.
Алишер Исматзода шаҳрвандии Русияро дорад.
Хабаргузории давлатии “ТАСС” хабар дод, ки ӯ бар илова бояд 400 ҳазор рубл ҷарима супурда, се соли ҳукмро дар зиндони низомаш умумӣ ва бақияро дар зиндони шароиташ сахт сипарӣ кунад.
Алишер Исматзодаро дар моҳи июли имсол бо иттиҳоми кумаки молӣ ба як узви гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” ё ДОИШ дастгир карданд.
Худаш дар додгоҳ гуфтааст, гуноҳе надорад ва қарзи фардеро баргардонд, ки намедонист, узви ДОИШ аст.
Додситон таъкид кардааст, ки Исматзода дар бораи ба террористон фиристодани пул хабар дошт ва ин кори ӯ баргардондани қарз набуд. Додгоҳи ҳарбӣ ҳарфи ӯро пазируфтааст.
Ба қавли муфаттишон, Алишер Исматзода ба ҳисоби як узви ин созмон 9 ҳазор рубл (муодили 90 доллари амрикоӣ) фиристодааст.
Бисёре аз шоҳидон дар додгоҳ гуфтаанд, ки Алишер Исматзода, мураббии хубе буд, ки ҳар рӯз бо шогирдонаш муошират дошт ва онҳоро барои пешрафтҳояшон таҳсину офарин мегуфт ва бо пули хеш барои онҳо кафшу пироҳанҳои варзишӣ мехарид.
Алишер Исматзода ҳақ дорад, аз ҳукми додгоҳ ба зинаҳои болоӣ шикоят барад.
Ӯ 32-сола аст ва зодаи ноҳияи зодаи Ҷайҳун (Қумсангири пешин). Соли 2015 Донишгоҳи давлатии варзиш ва туризми Русияро хатм карда, устоди варзиши Русия дар бахши гӯштии озод, номзад ба устоди варзиш аз рӯи гӯштии юнонию румӣ мебошад.
Дар саҳифааш дар Инстаграм аксҳои зиёде аз ҷараёни мусобиқаҳо ва ё ҷоизагирии варзишгарони ҷавон дида мешавад. Матлаби охирини гузоштааш дар ин саҳифа аз моҳи январи соли 2024 аст.
Ҳаҷми ҷарима дар Тоҷикистон боз афзоиш меёбад
Бо сабаби зиёд шудани нишондиҳанда барои ҳисобҳо, аз аввали соли 2025 ҳаҷми ҷарима, боҷ ва пардохтҳои дигари ҳатмӣ дар Тоҷикистон андаке зиёдтар мешавад.
Ин нукта дар қонун дар бораи буҷаи давлатӣ барои соли 2025 зикр шудааст.
Бар асоси матни қонун, ки нашрияҳои расмии Тоҷикистон чоп карданд, нишондиҳанда барои ҳисобҳо аз якуми январи соли оянда ба 75 сомонӣ хоҳад расид. 3 сомонӣ бештар аз имсол.
Соли 2024 як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 72 сомонӣ ва соли 2023 68 сомонӣ буд.
Вакилони парлумони Тоҷикистон ба бинои нав кӯчиданд
Вакилони Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба бинои нав кӯчидаанд.
Дафтари матбуотии парлумон навишт, ки ҷаласаи Маҷлиси намояндагон рӯзи 25-уми декабр дар бинои нав баргузор шуд.
Бинои нави порлумон ва бинои ҳукумат бо 220 миллион доллар пули Чин сохта шуда, моҳи июли имсол дар ҷараёни сафари Си Ҷинпин ба Душанбе ифтитоҳ шуданд.
Ҷойи кори нави вакилон дар хиёбони Рӯдакӣ бунёд ва барои ҳар ду палатаи парлумон пешбинӣ шудааст. Баъзе аз вакилони порлумон қаблан гуфтанд, бинои муҳташам ба кори онҳо таъсири мусбат мегузорад.
Бархе таҳлилгарон, аз ҷумла, Раҷаби Мирзо, бо ишора ба зиёд фаъол набудани вакилон мегӯянд, дар баробари зоҳир ба моҳияти мавҷудияти парлумон таваҷҷӯҳ шавад.
Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ бо 13 номзад дар интихобот ширкат мекунад
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон барои ширкат дар интихоботи порлумонӣ номзадии сездаҳ нафарро пешбарӣ кард.
Интихобот дар моҳи марти соли 2025 баргузор хоҳад шуд.
Дар миёни номзадҳо раиси ҳизб Fиёсиддин Ашӯрзода, сармуҳаррири нашрияи "Навиди Кӯлоб" Ғоиб Фирӯз, мудири як кафедраи Донишгоҳи славянӣ Наима Солизода, ходими Пажӯҳишгоҳи иқтисод Комилҷон Бобозода ва вакили Маҷлис Даринг Раҳмон Ҷаҳон Афрӯз ҳастанд.
Анҷумани Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон рӯзи 25-уми декабр дар шаҳри Душанбе гузашт.
Пеш аз ин, баъзе аз ҳизбҳои дигари сиёсӣ, аз ҷумла ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ, номзадҳои худро ба интихобот пешбарӣ карданд.
Баъд аз манъи фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ, дар Тоҷикистон ҳафт ҳизби сиёсӣ мондааст.
Намояндагони мухолифин дар хориҷа мегӯянд, ҳеч яке ин ҳизбҳо оппозитсияи воқеӣ набуда, вакилонашон дар парлумон аз қарору қонунҳои пешниҳодии ҳукумат бе баҳсу танқид пуштибонӣ мекунанд.
163 чиниро дар Бразилия аз шароити монанд ба ғуломӣ озод кардаанд
Дар як амалиёт дар Бразилия аз корхонае 163 шаҳрванди Чинро берун овардаанд, ки ба қавли муфаттишон "дар шароити монанд ба ғуломӣ кору зиндагӣ мекарданд".
Дар ин бора “Садои Амрико” бо такя ба хабаргузории "Ассошиэйтед Пресс" иттилоъ дод. Ин коргарон барои ширкате заҳмат мекашиданд, ки мошинҳои барқии BYD истеҳсол мекунад.
Додситонии умури кори Бразилия бо нашри видео нишон дод, ки коргарон дар як ҷойи тангу торике бо катҳои бидуни кӯрпа ва бе таҷҳизот шабро рӯз мекунанд.
Дар изҳороти додситонӣ гуфта шудааст, ки коргарон дар Чин аз ҷониби ширкати Jinjiang Construction Brazil барои кор дар корхонаи воқеъ дар шаҳри Камасарии вилояти Салвадор ҷалб шудаанд.
Маъмурияти ширкат шиносномаи коргаронро гирифта, ҳар моҳ 60 дарсад аз даромади онҳоро азхуд мекардааст. "Ҳар касе аз кор хориҷ мешавад, бояд пули парвозашро ба Чин ба ширкат бипардозад", -- гуфта шудааст дар хабари расмӣ.
Додситонҳо гуфтанд, шароити зисти коргарон ба ҳадди сахте буд, ки барои ҳар 31 коргар як ташноб рост меояд ва коргарон маҷбуранд барои қазои ҳоҷат аз соати 4-и саҳар дар навбат биистанд, то ки соати 5:30 тавонанд барои ба кор рафтан омода шаванд.
Ширкати Jinjiang Construction дар Бразилия ба муроҷиати хабарнигорон ҳодиса посух надод.
BYD, истеҳсолкунандаи мошинҳои барқӣ, дар изҳороте рӯзи 23-юми декабр гуфт, ҳама кору қарордодро бо ширкати Jinjian group бекор мекунад.
Манъи истифода аз WhatsApp ва Google Play дар Эрон бекор мешавад
Мақомот дар Эрон розӣ шудаанд, ки манъи истифода аз WhatsApp ва замимаи Google Play дар қаламрави ин кишвар бекор карда шавад.
Дар ин бора хабаргузории ИРНА иттилоъ дод.
Аз ин пеш раисҷумҳур Масъуд Пизишкиён ваъда дода буд, ки монеаҳоро дар Интернет сабуктар хоҳад кард. Феълан маълум нест, қарор кай ба иҷро медарояд.
Ҳамзамон аз 290 узви Маҷлиси Эрон 136 нафар дар номае ба Шӯрои олии амнияти иттилоотӣ навиштаанд, ки манъи истифодаи Google Play ва WhatsApp “тӯҳфае барои душманон" хоҳад шуд.
Истифода аз Facebook, Х, Telegram ва YouTube аз соли 2009 дар Эрон манъ аст. Google Play ва WhatsApp соли 2022, баъд аз марги Маҳсо Аминӣ ва эътирозҳои сартосарии зиддиҳукуматӣ масдуд шуд.
Рӯйхат: Довталабони ҷоизаҳои Лигаи футболи Тоҷикистон - 2024
Маросими супурдани ҷоизаҳои Лигаи футболи Тоҷикистон ба беҳтаринҳои мавсими соли 2024 26-уми декабр дар Кохи “Суруш”-и шаҳри Душанбе доир мегардад.
Ҷоизаҳо ба беҳтаринҳои мавсими гузашта аз рӯи 13 номинатсия супурда мешавад. Федератсияи футболи Тоҷикистон дар сомонаи худ рӯйхати номзадҳоро аз рӯи ҳар як номинатсия нашр кардааст.
Аз он ҷумла, барои ҷоизаи беҳтарин бозигари соли 2024 Евгений Гритсенко, дарвозабони дастаи «Равшан»-и Кӯлоб, Манучеҳр Ҷалилов, ҳамлагари тими «Истиқлол”-и Душанбе ва Бахтиёр Қаландаров, бозигари дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода муддаӣ мебошанд.
Барои ҷоизаи беҳтарин мураббии қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ Рустам Хоҷаев, сармураббии дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, Шамсиддин Қосимов, сармураббии Клуби марказии варзишии артиши Душанбе ва Зайниддин Раҳимов, сармураббии бошгоҳи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода довталабанд.
Танҳо дар як номинатсия – беҳтарин нишонзани қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ ғолиб маълум аст. Ин ҷоиза ба ҳамлагари дастаи “Истиқлол”-и Душанбе Манучеҳр Ҷалилов, ки дар мусобиқоти имсола 17 гол задааст, супурда мешавад. Дарвоқеъ, вай бори панҷум дар корномаи худ беҳтарин нишонзани қаҳрамонии Тоҷикистон гардидааст.
Рӯйхати довталабон барои дарёфти ҷоизаҳои инфиродии Лигаи футболи Тоҷикистон аз рӯи ҷамъбасти соли 2024:
Беҳтарин бозигари қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи якум:
Ҷаҳонгир Алиев («Парвоз»)
Шоҳин Боев («Моҳир»)
Хайриддин Турахонов («Ҳулбук»)
Беҳтарин мураббии қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи якум:
Ҷурахон Мирзоев («Ҳулбук»)
Алишер Полвонов («Парвоз»)
Сиёвуш Боев («Моҳир»)
Беҳтарин бозигари қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои ҷавонони лигаи олӣ:
Муҳаммад Назриев («Истиқлол»)
Акмал Раҳимов («Регар-ТадАЗ»)
Беҳтарин мураббии қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои ҷавонони лигаи олӣ:
Рустам Қурбонов («Истиқлол»)
Ҷамшед Баротов (КМВА)
Зафарҷон Ҳотамов («Эсхата»)
Беҳтарин довар:
Амирҷон Хоркашев (Душанбе)
Гулмуроди Саъдулло (Душанбе)
Насрулло Кабиров (Норак)
Беҳтарин дарвозабон:
Сафармад Ғаффоров («Хуҷанд»)
Шоҳрухҷон Эшбутаев (КМВА)
Евгений Гритсенко («Равшан»)
Комрони Мирзохон (КМВА)
Бахтиёр Қаландаров («Регар-ТадАЗ»)
Холмурод Назаров («Равшан»)
Беҳтарин нимҳимоятгар:
Алишер Ҷалилов («Истиқлол»)
Муҳаммадҷон Раҳимов («Равшан»)
Нозим Бобоҷонов («Хуҷанд»)
Беҳтарин ҳамлагар:
Деян Тумбас («Хуҷанд»)
Квадво Фримпонг («Регар-ТадАЗ»)
Ҷаҳонгир Эргашев («Эсхата»)
Беҳтарин легионер, ки дар қаҳрамонии Тоҷикистон бозӣ мекунад:
Квадво Фримпонг («Регар-ТадАЗ»)
Деян Тумбас («Хуҷанд»)
Сергей Яворский («Вахш»)
Беҳтарин мураббӣ:
Рустам Хоҷаев («Хуҷанд»)
Шамсиддин Қосимов (КМВА)
Зайниддин Раҳимов («Регар-ТадАЗ»)
Беҳтарин бозигари сол:
Евгений Гритсенко («Равшан»)
Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»)
Бахтиёр Қаландаров («Регар-ТадАЗ»)