Дар чанд ҷумла
Додситонӣ аз додгоҳ барои қотили Моҳира 20 сол зиндон хост
Айбдоркунандаи давлатӣ дар нисбати Бобоҷон Ширинзода, ки бо иттиҳоми куштори ҳамсари собиқаш айбдор дониста мешавад, аз додгоҳи пойтахт хост ӯро ба 20 соли зиндон маҳкум кунад. Бобоҷон Ширинзода дар қатли Моҳира Ятимова, ҳамсари 33-солааш муттаҳам аст. Ҳодиса 6-уми июн рух дод. Бобоҷон Ширинзода ҳамсари пешинаш Моҳира Ятимоваро бо 13 зарби корд дар пеши чашми ду кӯдаки ноболиғ кушт.
Як манбаъ аз Додгоҳи шаҳри Душанбе ба шарти набурдани номаш рӯзи 25-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, таҳқиқи парвандаи Бобоҷон Ширинзода пурра ба анҷом расид ва дар нимаи дуввуми рӯзи гузашта айбдоркунандаи давлатӣ дар нисбати ӯ 20 соли зиндон талаб кард.
Мурофиаи додгоҳи таҳти раёсати додраси додгоҳи пойтахт Тоҳир Мусозода ҷараён гирифтааст. Парвандаи Бобоҷон Ширинзода аз рӯи моддаи 104, қисми 2, яъне "куштори бераҳмона" таҳқиқ шудааст ва Кодекси ҷиноӣ барои ин ҷиноят аз 15 то 25 соли зиндон ва мусодираи молу мулкро пешбинӣ мекунад.
Аҳлиддин Ятимов, падари Моҳира Ятимова, бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, дар мурофиаи дирӯз ҳузур доштааст ва аз ҷараёни баррасии парванда розӣ аст. Вай гуфт: "Ба Бобоҷон аз 15 сол бештар ҳукм хоҳанд дод ва аслан барои ӯ муҳим ин аст, ки ҷинояткор мувофиқи аъмолаш муҷозот шавад. Дирӯз мурофиа то бевақт идома кард ва рӯзи душанбеи 29-уми октябр додгоҳ ҳукми ниҳоии худро эълон хоҳад кард".
Аҳлиддин Ятимов, дар сӯҳбати қаблӣ бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки аз шеваи тафтиши қазияи қатли бераҳмонаи духтараш қонеъ аст. Ба гуфтаи мақомот, Бобоҷон Ширинзода дар пурсишҳои ибтидоӣ қатли ҳамсари собиқашро эътироф карда, вале гуфтааст, ки "надонист, чӣ тавр ин амалро содир кард". Бобоҷон Ширинзода писари генерал ва як соҳибмақоми тоҷик аст.
Моҳира Ятимова соли 2016 аз Бобоҷон Шарифов ҷудо шудааст ва бар асоси қарори додгоҳ бояд фарзандонро ба ихтиёри ӯ медодаанд. Аммо Бобоҷон Ширинзода бар хилофи қарори додгоҳ, ду фарзанди калонӣ писарҳои 8 ва 10-соларо ба хонаи худ бурда, намегузошт, модарашонро бубинанд. Моҳира ва Бобоҷон ҳамсабақ буданд ва баъди хатми донишгоҳ соли 2007 издивоҷ карданд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Поёни ҷанг ва афзоиши нархи биткоин. Пешбинии як маҷаллаи бритониёӣ
Маҷаллаи бритониёии "Financial Times" пешбиниҳои худро барои соли 2025 нашр кардааст, ки рӯйдодҳои муҳими ҷаҳониро фаро мегиранд.
Рӯзноманигорони маҷалла пешбинӣ кардаанд, ки сулҳ миёни Русия ва Украина имконпазир аст, аммо фишори бештари Амрико зарур аст, аз ҷумла ҷорӣ кардани таҳримҳои сахту бештар.
Ба андешаи муаллифони гузориш, Киев мумкин аст дар ивази тазмин ё кафолати амниятӣ аз баъзе заминҳояш даст кашад.
Маҷалла дар бахши иқтисод маҷалла пешбинӣ кардааст, ки бозгашти Доналд Трамп ба Кохи Сафед метавонад ба “ҷанги иқтисодӣ” доман занад.
Ба пешбинии "Financial Times", Трамп ба эҳтимоли зиёд барои молҳои Чин 10 дарсад ва барои маҳсулоти Мексика ва Канада боҷи гумрукиро зиёд мекунад.
Дар гузориш омадааст, арзиши пули рақамӣ ё криптовалют дар соли 2025 метавонад то 200 ҳазор доллар боло равад. Ҳукумати нави Амрико аз ин навъи асъор пуштибонӣ мекунад.
Дар соҳаи технология пешбинӣ шудааст, ки оҷонсиҳо дар соҳаи ҳуши маснуӣ пайдо мешаванд.
Духтари афғонистониро баъди шикоят аз Тоҷикистон пеш кардаанд
Мақомоти Тоҷикистон Тамкин Меҳробиддин, як духтари афғонистониеро ихроҷ (депорт) кардаанд, ки аз хушунати оилавӣ шикоят карда буд.
Ин духтар 19-уми ноябри соли гузашта бо гиря дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегуфт, ки шаҳрванди Афғонистон асту як ҳамватанаш ӯро дар Тоҷикистон азоб додааст.
Раёсати корҳои дохилии Душанбе дар вокуниш ба ин шикоят навишта буд, Тамкин Меҳробиддини 24-сола ҳамсари марде аст, ки аз болои ӯ шикоят кардааст. Мақомот дар бораи ин ҳодиса дигар чизе нагуфтанд.
Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, мақомоти Тоҷикистон Тамкин Меҳробиддинро 17-уми декабри соли 2024 ба Афғонистон ихроҷ кардаанд. Мақомот барои шарҳи масъала феълан дастрас нестанд.
Худи Тамкин Меҳробиддин дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомот бидуни шарҳи зиёд ӯ, хоҳар ва бародарашро аз манзилашон дар шаҳри Ваҳдат гирифта, ба гузаргоҳи Панҷ бурданд ва ба Афғонистон пеш карданд. Ба гуфтаи Тамкин, сабаби ихроҷи ӯро ин гуфтаанд, ки ҳам раводиди Тоҷикистон ва ҳам корти паноҳандагӣ дорад.
"Чанд нафар аз кормандони мақомоти Тоҷикистон ба хонаи мо омада гуфтанд, ки барои тафтиши ҳуҷҷатҳо бояд ҳамроҳашон ба Душанбе равем. Ҳатто иҷоза надоданд, ки либосҳоямонро тағйир диҳем. Соати 8-и бегоҳ ба марз оварданд, апаам хеле зора кард, ки моро ихроҷ накунанд, мо дар он тараф касе надорем. Аммо кормандони мақомот гуфтанд, ки бародаратон шуморо дар он тарафи марз интизор аст. Апаам ҳайрон шудам, ки чӣ хел бародар, мо ака надорем. Бо вуҷуди зораву таваллои мо кормандони мақомот гуфтанд, ки супоришро иҷро мекунанд,"-афзуд Тамкин Меҳробиддин.
Назари мақомот дар ин масъала феълан маълум нест. Дар сурати дастрас шудани шарҳи расмӣ дар матлаб илова мешавад.
Шикояти Тамкин Меҳробиддин вокунишҳои зиёдро дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус Инстаграм ба миён овард ва корбарон аз мақомот хостанд, қазияро таҳқиқ кунанд.
Интиқоли гази Русия ба Аврупо қатъ мешавад?
Ширкати русии "Газпром" рӯзи 31-уми декабр ба коҳиши интиқоли газ ба Аврупо, аз тариқи хоки Украина шуруъ кард. Дар ин бора хабаргузории "Ройтерс" бо такя ба изҳороти ширкат гузориш додааст.
Ин тасмим дар ҳолест, ки рӯзи 1-уми январи имсол созишнома барои интиқоли гази Русия аз тариқи Украина ба анҷом мерасад. Намояндагони идораи гази Украина хабар доданд, ки “Газпром” барои тамдиди созишнома дархости нав надодааст. Киев қаблан аз музокирот барои идомаи транзити гази Русия ба Аврупо худдорӣ карда буд.
Президент Владимир Путин пештар гуфта буд, бастани созишномаи нав дар бораи интиқоли газ ба Аврупо то оғози соли 2025 ғайримумкин аст. Муштариёни асосии гази Русия дар Аврупо Словакия ва Австрия аллакай аз манбаъҳои дигар гази мавриди ниёзи худро таъмин карданд. Барои ҳамин таҳлилгарон гуфтаанд, қатъи газ аз тариқи Украина ба бозори Аврупо таъсири зиёде надорад.
Аз соли 2022 ва баъди ҳамлаи бедалели Русия ба Украина, кишварҳои аврупоӣ фаъолона вобастагии худро аз гази русӣ кам карданд. Газ аз ИМА, Норвегия ва Қатар ҷойгузини гази русӣ дар Аврупо шудааст. Ин вазъ боис шудааст, ки Русия мавқеи асосиро дар бозори сӯзишвории Аврупо аз даст диҳад.
Сабабҳои суқути ҳавопаймои Озарбойҷон як моҳ баъд эълон мешаванд
Аввалин натиҷаҳои таҳқиқот дар бораи сабабҳои чаппа шудани ҳавопаймои ширкати “Озарбойҷон Эйрлайнз” то 30 рӯзи дигар эълон хоҳанд шуд. Дар ин бора Талгат Ластаев, муовини вазири нақлиёти Қазоқистон хабар додааст.
Ба гуфтаи ин мақомдор, феълан корҳои саҳроии таҳқиқот анҷом мешаванд ва боқимондаҳои ҳавопайморо дар анбори махсусе дар фурудгоҳи Актау нигоҳ медоранд.
Пеш аз ин Вазорати нақлиёти Қазоқистон хабар дод, ки коршиносони хориҷӣ азҷумла, аз Ташкилоти байнулмилалии авиатсияи шаҳрвандӣ аз Бразилия, барои таҳқиқи ҳодиса вориди Қазоқистон шудаанд.
Дар ҳамин ҳол қарор аст, қуттии сиёҳи ҳавопаймо, ки тамоми иттилои ҷараёни парвозро сабт мекунад, барои таҳқиқ ба Бразилия фиристода шавад. Ҷойе, ки тавлидкунандаи ҳавопаймоҳои навъи Embraer аст.
Ҳавопаймои ширкати Озарбойҷон Эйрланз, ки рӯзи 25-уми декабр аз шаҳри Боку ба Грозний парвоз дошт, дар наздикии шаҳри Оқтау дар Қазоқистон суқут кард. 38 нафар ҷон бохта, 29 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия рӯзи шанбеи 28-уми декабр аз ҳамтои озариаш Илҳом Алиев барои суқути ҳавопаймои ширкати озарӣ узр пурсид.
Баъди гузориши Радиои Озодӣ даҳ муҳоҷири тоҷик аз ғуломӣ озод шудаанд
Даҳ муҳоҷири тоҷик, ки дар як фермаи говпарварӣ дар минтақаи дурдасти Магадани Русия, ба гуфтаи худашон, ғуломвор кор мекарданд, баъди гузориши Мигрант Медиаи Радиои Озодӣ наҷот дода шудаанд.
Ин гуруҳи муҳоҷирон дар як паёми видеоӣ ба Вазорати меҳнат ва бахши Мигрант Медиаи Радиои Озодӣ миннатдорӣ кардаанд, ки онҳоро баъди се моҳ аз меҳнати сангини ғуломӣ озод карданд. Муҳоҷирон дар ин навор мегӯянд, онҳоро ба утоқи гарм оварданд ва бо ғизо таъмин ҳастанд.
Ин муҳоҷирон мегӯянд, бо вуҷуди раҳо шудан аз шароити сахт то ҳол натавонистанд маоши худро бигиранд. Онҳо аз Сафорати Тоҷикистон дар Русия ва намояндагии Вазорати кор ва муҳоҷират дархости кӯмак доранд.
Ин муҳоҷирон аввали моҳи декабр аз шароити сахташон дар як фермаи говпарварӣ ба бахши Мигрант медиаи Радиои Озодӣ шикоят карда буданд. Онҳо гуфтанд, дар сардиҳои тоқатфарсо кори вазнин мекунанд, вале на хӯроки хуб доранд ва на маош мегиранд. Соҳиби ферма шиносномаашонро гирифта, ҳузури онҳоро қонунӣ накардааст. "Мигрант Медиа" борҳо талош кард, бо ӯ тамос гирад ва мавқеашро ба қазия пурсад, вале то ин дам бенатиҷа буд.
Ин бори аввал нест, ки муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба шароити ғуломӣ гирифтор мешаванд.
Навор дар Инстаграм:
"Ангур 130, қулфинай 200 сомонӣ." Ҳолу ҳавои бозорҳои Душанбе пеш аз Соли нав
Баъзе аз сокинон шикоят доранд, ки дар арафаи иди Соли нав дар шаҳри Душанбе нархи баъзе аз маҳсулот, аз ҷумла меваҳо, якбора гарон шудааст.
“Як кило ангур (манзур ангури воридотӣ)-ро 130 сомонӣ мегӯянд. Ин чӣ гап аст? Як кило қулфинай 200 сомонӣ. Пештар 60 сомонӣ буд. Хуб, мегуфтем, ки дар гармхона парвариш меёбад. 200 сомонӣ бисёр бад аст. Нархҳоро хеле гарон кардаанд”, - изҳор дошт Парвина Ҷумаева рӯзи 31-уми декабр.
Ба гуфтаи мусоҳиби мо, ҳарчанд нархҳо дар шаҳри Хуҷанд ҳам дар арафаи иди Соли нав боло рафтаанд, на ба андозае, ки ҳоло ӯ дар Душанбе шоҳид шудааст.
Аскаралӣ Ғоибов, сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва меҳмони пойтахт, низ назари ҳамсон дорад: “Ман маҳсулоти дигарро напурсидаам. Аз деҳот ҳастам, ҳамин об дар онҷо 12 сомонӣ аст. Дар инҷо ба 13 сомонӣ харидаам. Дар ҳоле ки инҷо макони яклухтфурӯшӣ асту мардум аз ҳамин ҷо мебаранд.”
Тоҷирон, баръакс, мегӯянд, нархи маҳсулот дар арафаи Соли нав тақрибан тағйир наёфтааст. Наҷибулло Заҳмат рӯзи 30-юми декабр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, меваҳояшро бо нархе мефурӯшад, ки чанд рӯз пеш мефурӯхт.
“Чи хеле буд, ҳамон хел аст. Ҳеч тағйир наёфтааст. Мандарин 40 сомонӣ буд, ҳол ҳам 40 сомонӣ”, - илова кард вай.
Шикоятҳо аз гароншавии нархи молу маҳсулот, хусусан маҳсулоти ниёзи аввал дар Тоҷикистон дар арафаи иду ҷашнҳо зиёд садо медиҳад. Ҳарчанд мақомот дар ин рӯзҳо ярмарка ва намоишгоҳҳои фурӯши маҳсулот баргузор мекунанд, аммо сокинон чунин тадбирҳоро барои пешгирӣ аз болоравии нархҳо муассир намедонанд.
Амалиёти Фаронса ба зидди ДОИШ дар Сурия
Фаронса ба маконҳои гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" (ДОИШ) дар Сурия бо мушак зарба задааст.
Себастян Лекорню, вазири мудофиаи Фаронса, дар ин бора рӯзи 31-уми декабр хабар дод.
Ӯ гуфт, ки амалиёти зидди ҷангҷӯён рӯзи якшанбе, 29-уми декабр, анҷом шуд.
Аз он пеш ҳамлаи мушобеҳ аз тарафи Амрико сурат гирифт. Дар ҷараёни амалиёти Вашингтон чанд ҷангҷӯйи ДОИШ кушта шудаанд.
Хабаргузории "Рейтерс" менависад, пас аз суқути режими Башор Асад ояндаи сиёсии Сурия номуайян мемонад.
Ҳукумати ӯ рӯзи 8-уми декабр аз тарафи нерӯҳои шӯришӣ таҳти раҳбарии “Таҳрир аш-Шом” (Амрико ва кишварҳои дигар террористӣ медонанд) сарнагун карда шуд.
Ҳукми волидони як навраси 13-сола дар Белград
Додгоҳе дар Белград волидони як навраси 13-соларо ба зиндон маҳкум кард.
Ин наврас соли гузашта 9 хонанда ва посбони мактабро бо зарби тир кушт.
Ҳукм рӯзи 30-юми декабр содир шуд.
Бар тибқи он, Владимир Кечманович 14 сол ва Миляна Кечманович се сол аз озодӣ маҳрум гаштаанд.
Владимир Кечмановичро ба "ҷинояти вазнин алайҳи амнияти ҷомеа, бепарвоӣ ва суистифода аз ноболиғ" гунаҳкор донистанд.
Миляна Кечманович ба бепарвоӣ муттаҳам шуд.
Вакилони мудофеъ эътироз карданд.
Додситон Ненад Стефанович гуфт, аз ҳукм розист, ҳарчанд оқибатҳои фоҷиабори ҷиноятро ҷуброн намекунад.
Бонги хатар дар Украина; зарба ба як анбори нафт дар Русия
Нерӯҳои Русия рӯзи 31-уми декабр бо мушаку ҳавопаймоҳои бесарнишин ба минтақаҳои мухталифи Украина ҳамла кардаанд.
Дар ин рӯз дар пойтахти Украина садои таркиш шунида шуда, дар Черниҳов, Суми, Полтава, Луҳанск, Днепропетровск, Запорожйе, Черкаси, Кировоҳрад ва Виннитса бонги хатар садо дод.
Сергей Попко, раиси маъмурияти низомии Киев, гуфт, боқимондаҳои як мушаки Русия дар ноҳияи Дарнитский ба се бино ва ду мошин зарар расонд.
Ҳамлаҳои Русия дар шаҳри Шосткаи вилояти Суми ба 12 бинои истиқоматӣ ва ду мактаб осеб расонда, чанд иншооти дигарро вайрон кард.
Дар ҳамин ҳол, ҳавопаймоҳои бесарнишини украинӣ рӯзи 31-уми декабр ба як анбори нафт дар ноҳияи Яртсевои вилояти Смоленски Русия зарба задаанд.
Амрико рӯзи 30-юми декабр бастаи нави кумакҳоро ба арзиши дуним миллиард доллар ба Украина эълон кард.
Дертар Вазорати молияи Иёлоти Муттаҳида гуфт, ки бар илова барои дастгирии буҷаи ба Украина 3,4 миллиард доллар медиҳад.
Табодули асирон байни Украина ва Русия
Русия ва Украина рӯзи 30-юми декабр даври нави табодули асиронро анҷом доданд. Гуфтугӯ барои иваз кардани асирон бо миёнравии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ гузаштааст.
Ду тараф дар бораи шумораи асирони ивазшуда рақамҳои гуногун гуфтаанд.
Вазорати дифои Русия эълон кардааст, ки табодул бо ҳисоби баробари "150 ба 150" анҷом шуд.
Владимир Зеленский, президенти Украина, гуфтааст, ба ин кишвар на 150, балки 189 асир баргардонда шуд.
Дар миёни онҳо, ба гуфтаи Зеленский, низомиён ва ҳамчунин ду шаҳрванди мулкӣ буданд, ки ҳангоми тасарруфи Мариупол ба асорат афтиданд.
Вазорати дифои Русия гуфтааст, низомиёни озодшудаи ин кишвар ба Беларус оварда шуданд ва дар онҷо барояшон кумаки пизишкӣ расонда шуд.
Аз замони оғози ҷанги Русия алайҳи Украина ду кишвар чанд дафъа асиронро иваз кардаанд.
Путин имзо кард. Қабули фарзандони муҳоҷирон ба мактаб мушкил шуд
Президенти Русия Владимир Путин ба қонуне имзо кард, ки қабули фарзандони муҳоҷиронро ба мактаб мушкил мекунад.
Бар асоси ин санад, ки раиси ҷумҳури Русия 28-уми декабр зераш имзо кард, фарзандони муҳоҷирон танҳо баъди супоридани имтиҳон аз забони русӣ, ба мактаб пазируфта мешаванд. Ин қонун аз 1-уми апрели соли 2025 ба иҷро медарояд.
Агар фарзандони муҳоҷирон аз имтиҳони забони русӣ нагузаранд, ҳаққи таҳсил дар мактабро нахоҳанд дошт. Имтиҳон дар муассисаҳои давлатӣ гирифта мешудааст.
Талаботи дигар ин аст, ки пеш аз пазируфта шудан ба мактаб, қонунӣ будани ҳузури наврас дар Русия санҷида мешавад. Думаи давлатии Русия ин қонунро аввали моҳи декабри имсол қабул карда буд.
Мушкили қабули кӯдакон дар мактабҳои Русияро муҳоҷирони тоҷик ҳам доранд. Ба ин далел ҳам баъзе аз волидони муҳоҷир аз Тоҷикистон маҷбур мешаванд фарзандонашонро аз худ дур кунанду дар ватан дар тарбияи хешу табор гузоранд.
Соли 2025 нархи патент дар Русия боло меравад
Соли 2025 нархи патент ё иҷозатномаи кор қариб дар ҳама минтақаҳои Русия боло меравад.
Ба гузориши сомонаи расмии "Консультант Плюс", гаронтарин патент дар вилояти Краснодар таин шудааст, ки 17 ҳазор рубл мебошад. Дар ҷойҳои дуввум ва сеюм Челябинск бо 15 ҳазор рубл ва вилояти Твер бо қариб 15 ҳазор рубл ҷой ҷой гирифтаанд.
Арзонтарин патент дар Чеченистон, як ҷумҳурии зертобеи Русия аст, ки ҳамагӣ 3100 рубл таин шудааст. Вале сокинони ин ҷумҳурии воқеъ дар Қафқоз, худашон барои кор ба дигар минтақаҳои Русия мераванд.
Ба гузориши сомонаи "Консультант Плюс", ба истиснои Ҷумҳурии Хакасия, қариб дар ҳама минтақаҳои Русия патент гарон шуд. Аз ҷумла, дар шаҳри Маскав, ки бисёре аз муҳоҷирони тоҷик барои кор ба онҷо мераванд, патент аз 7500 то 8900 рубл гарон шуд. Дар вилояти Новосибирск бошад, нархи моҳонаи патентро аз 6300 рубл то 7900 рубл боло бурданд.
Боло рафтани нархи патент барои муҳоҷирон хабари нохуш аст, чун хароҷоти онҳоро зиёд мекунад. Бидуни патент дар Русия кор кардан манъ аст ва садҳо муҳоҷирро бо ин гуноҳ ихроҷ карданд.
"Тиреза нагузоред." Қарори нави "Толибон" нисбат ба занон
Бо қарори нави Ҳайбатулло Охундзода, раҳбари “Толибон”, дар Афғонистон гузоштани тиреза дар маконҳое, ки занон кору зиндагӣ мекунанд, манъ шудааст.
Матни қарор рӯзи 28-уми декабр дар шабакаи "Х" (Твиттери собиқ) нашр шуд.
Тибқи он, дар девори биноҳо набояд тирезае бошад, ки аз онҷо "рӯйи ҳавлӣ, ошхона, чоҳи оби ҳамсоя дида мешавад". Ҷое, ки одатан занҳо истифода мекунанд.
Дар қарор омадааст, назорати занон аз пушти тиреза метавонад боис ба амалҳои ғайриахлоқӣ шавад.
Мақомоти маҳаллӣ бояд сохтмони биноҳои навро барои таъмини меъёрҳои нав назорат кунанд. "Агар чунин тирезаҳо бошанд, бояд онҳоро аз байн бурда девор гузошт," -- омадааст дар амри раҳбари "Толибон".
"Толибон" соли 2021 идораи ҳукуматро дар Афғонистон ба даст гирифт.
Масъулони гурӯҳ то кунун қарору қонунҳое қабул карданд, ки занону духтаронро аз ҳамаи ҳуқуқ, бахусус таҳсилу кор ва ҳозир шудан дар маконҳои иҷтимоӣ ба шиддат маҳдуд мекунанд.
Даҳҳо муҳоҷири тоҷик дар гузаргоҳҳои Қазоқистон банд мондаанд
Даҳҳо муҳоҷири тоҷик, ки дар Қазоқистон кору зиндагӣ мекарданд, ҳангоми бозгашт ба Тоҷикистон дар гузаргоҳҳои марзии ин кишвар банд мондаанд.
Шарҳи мақомоти ду кишвар дастрас нест.
Баъзе аз муҳоҷирон рӯзи 30-юми декабр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, маъмурони интизомии Қазоқистон онҳоро ба сохта ё қалбакӣ будани қайди ҷойи зист муттаҳам кардаанд.
Ҳоло онҳо мунтазири қарори Додгоҳ ҳастанд. Ба муҳоҷирон ихроҷ аз Қазоқистон таҳдид мекунад.
Дар миёни шаҳрвандони бандмондаи Тоҷикистон занону кӯдакон ҳам ҳастанд. Ҳавои сард вазъи онҳоро мушкил кардааст.
Муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, дар як ҳафтаи охир амалиёт ва тафтиши хориҷиён дар Қазоқистон зиёд шудааст.
Ин кишвар баъд аз Русия макони дуюми муҳоҷирпазир аз Тоҷикистон аст.
Озарбойҷон қоидаи муҳоҷиратро барои русҳо сахттар кард
Дар Озарбойҷон қоидаҳои муҳоҷиратро барои шаҳрвандони Русия сахттар кардаанд.
Шаҳрвандони Русия аз соли 2025 ҳақ доранд, ки дар як сол фақат 90 рӯз дар хоки Озарбойҷон бе виза истанд.
Қарори нав рӯзи 29-уми декабр нашр шуд.
Вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон гуфт, чунин иқдом дар посух ба қарори монанд дар Русия нисбат ба шаҳрвандони Озарбойҷон гирифта шуд.
Қоидаи нав дар пасманзари суқути ҳавопаймои озарбойҷонӣ ҷорӣ мешавад, ки боис ба таниш дар равобити Боку ва Маскав гаштааст.
Ҳавопаймои ширкати озарӣ, ки рӯзи 25-уми декабр аз Боку ба Грозний парвоз мекард, дар Қазоқистон афтод. Аз 67 мусофиру сарнишин 38 кас ҷон бохт.
Ба иттилои пешакӣ, ҳавопаймо ҳангоми ҳамлаи паҳподҳо ба Чеченистон ҳадафи низоми дифои зиддимушакии Русия қарор гирифтааст.
Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон, гуфт, Русия барои ин кор бояд узрхоҳӣ кунад, гунаҳкоронро ҷазо диҳад ва ҷуброн пардозад. Владимир Путин, президенти Русия, дар суҳбати телефонӣ бо Алиев “барои ҳодисаи фоҷеабор дар фазои Русия” маъзарат хост.
Номаи раисҷумҳури Тоҷикистон ба Ҷо Байден
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар номае ба Ҷо Байден, президенти Амрико, нисбат ба даргузашти Ҷимми Картер, раҳбари пешини Иёлоти Муттаҳида, изҳори ҳамдардӣ кардааст.
Ҷимми Картер рӯзи 29-уми декабр дар садсолагӣ даргузашт.
Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 30-юми декабр дар номааш ба Ҷо Байден гуфтааст, аз шунидани ин хабар андуҳгин шуд.
Ӯ Ҷимми Картерро шахсе номидааст, ки "дар дохили кишвар соҳиби иззату эҳтироми хос" буд ва "дар арсаи байналмилалӣ обрӯву эътибори баланд дошт".
Ҷимми Картер, барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел, аз соли 1977 то 1981 раисҷумҳури Амрико буд.
Дар давраи раҳбарии ӯ инқилоби исломӣ дар Эрон пирӯз шуда, рӯҳониёни тундрав сафорати Амрикоро дар Теҳрон ишғол карданд.
Дар айни замон Картер ба чанд созиши муҳими байнулмилалӣ даст ёфт. Аз ҷумла, имзои созишнома байни Мисру Исроил дар соли 1979 яке аз рухдодҳои муҳими даврони зимомдории ӯ буд.
Парванда ба зидди ду мансабдори собиқ дар Сербистон
Додситонии Сербистон дар робита ба марги 15 нафар сездаҳ кас, аз ҷумла вазири пешини нақлиёт ва раиси собиқи Идораи роҳи оҳанро ба ҷавобгарӣ кашидааст.
Мақомот дар ин бора рӯзи 30-юми декабр изҳорот доданд.
Додситонӣ гуфт, Горан Весич, вазири пешини нақлиёт ва Елена Танаскович, раиси собиқи Идораи роҳи оҳан, дар миёни масъулони дигари фоҷеа ҳастанд.
Понздаҳ нафар дар натиҷаи шикастани боми даромадгоҳи Истгоҳи роҳи оҳан дар шаҳраки Нови Сад ҷон бохтанд.
Ҳодиса дар моҳи ноябри имсол рӯй дод ва боис ба эътирози ҳазорҳо нафар шуд. Мардум тақозо доштанд, ки ҳама гунаҳгорони ҳодиса ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ин ҳодиса баъд аз он рух дод, ки истгоҳи роҳи оҳан дар солҳои охир аз ҷониби як консорсиуми чинии иборат аз чор ширкат ду дафъа таъмир карда шуд.
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ISI-и Покистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, бо Муҳаммад Асим Малик, раиси ISI ё Хадамоти байниидоравии иктишофи Покистон, суҳбат кардааст.
Мулоқот рӯзи 30-юми декабр дар шаҳри Душанбе гузашт.
Хадамоти матбуоти президент гуфт, ду тараф вазъи ҳозира ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Покистонро баррасӣ карданд.
Ба иттилои манбаъ, "таъмини субот, амнияти минтақаӣ ва ҳалли масоили мубрами ҳамкории дуҷониба" аз мавзуъҳои дигари суҳбат будааст.
Тарафҳо ҳамчунин дар бораи тақвияти ҳамкорӣ барои мубориза бо терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории фаромиллӣ гап задаанд, аммо тафсилоташ дастрас нест.
Сафари мақоми баландпояи амниятии Покистон ба Тоҷикистон пас аз задухӯрд миёни марзбонони ин кишвар ва нерӯҳои “Толибон”-и Афғонистон сурат гирифт. Ин воқеа рӯзи 28-уми декабр иттифоқ афтод.
Ҳарчанд ҳукумати “Толибон” аз поёни даргирӣ хабар дод, баъзе аз кишварҳо, аз ҷумла Русия, аз идомаи задухӯрд миёни Афғонистону Покистон нигаронанд.
Имтиёзи бештар барои қонунӣ кардани молу мулк ва дороиҳо дар Тоҷикистон
Ҳукумати Тоҷикистон имтиёз барои қонунигардонии молу мулк ва дороиҳоро зиёд кардааст.
Бар асоси муқаррароти қонун дар бораи афви амвол, шахсоне, ки дороиҳои худро расман сабтином мекунанд, давоми се сол аз пардохти андоз ва ҷаримаҳо озод буданд. Муқаррароти нави қонун ин муҳлатро чор сол пешбинӣ кардааст, яъне як сол бештар.
Лоиҳаи қонунро ҳукумат 19-уми декабр ба порлумон пешниҳод кардааст.
Қонун дар бораи афви дороиҳо моҳи июли соли 2021 қабул шуда, мақомот онро чанд дафъа тамдид карданд.
Муҳлати охири ин қонун 5-уми январи соли 2025 таъин шудааст ва маълум нест, ки мақомот онро боз дароз мекунанд ё не.
Фирдавс Толибзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, дар моҳи январи соли 2024 дар назди вакилони порлумон гуфта буд, аз замони иҷрои қонун, 5,9 миллиард сомонӣ қонунӣ карда шудааст. Иттилои алтернативи дар бораи ин дороиҳо ва соҳибони онҳо дастрас нест.
Ҷулонӣ аз ҳамкорӣ бо Эрону Русия гуфт, вале бар пояи “эҳтироми баробар”
Аҳмад Аш-Шаръ ё Абумуҳаммади Ҷулонӣ гуфтааст, Димишқ мехоҳад, ки бо Эрону Русия робита дошта бошад, аммо бар пояи “эҳтироми баробар”. Ҷулонӣ раҳбари гурӯҳи “Таҳрир аш-Шом” аст, ки идораи ҳукуматро дар Сурия ба даст дорад.
Ӯ рӯзи 29-уми декабр дар мусоҳиба бо телевизиони “Ал-Арабия” гуфт, “имкон надорад, ки Сурия бо як кишвари муҳими минтақаӣ мисли Эрон робита надошта бошад.”
Аммо ин робита, ба гуфтаи роҳбари нави Сурия, “бояд бар пояи эҳтиром ба истиқлоли ҳарду кишвар ва дахолат накардан ба корҳои ду давлат асос ёбад.”
Ҷулонӣ аз Теҳрон хост, дар сиёсатҳои худ дар минтақа, аз ҷумла дахолат ба корҳои дигар кишварҳо таҷдиди назар кунад.
Эрон ва Русия аз ҳампаймонҳои асосии Башор Асад, раисҷумҳури сарнагуншудаи Сурия, ҳастанд. Асад дар оғози моҳи декабр аз сӯйи гурӯҳҳои мухолиф бо роҳбарии “Ҳайат Таҳрир аш-Шом” аз қудрат барканор шуд.
Алиев гуфт, дар се рӯзи аввал аз Русия ба ҷуз сафсата чизе нашуниданд
Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон, баъд аз як рӯзи узрхоҳии Владимир Путин, президенти Русия, суқути ҳавопаймои озариро дар ҳудуди Қазоқистон шарҳ дод.
Ӯ рӯзи 29-уми декабр дар суҳбат бо шабакаи "AzTV" гуфт, ҳавопаймои "Озарбойҷон Эйрлайнз" "қасдан суқут дода нашудааст", вале "дар се рӯзи аввал аз Русия ба ҷуз сафсата чизе нашунидем".
Дар ҳоле ки, ба гуфтаи Алиев, чораҳои зарурӣ "эътирофи гуноҳ, маъзарат хостан аз Озарбойҷон ва расондани маълумоти дуруст ба мардум" буд.
Ҳавопаймои ширкати "Озарбойҷон Эйрлайнз", ки рӯзи 25-уми декабр аз шаҳри Боку ба Грозний парвоз дошт, дар наздикии шаҳри Оқтау дар Қазоқистон суқут кард. 38 нафар ҷон бохта, 29 кас маҷрӯҳ шуданд.
Дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Русия рӯзи 28-уми декабр гуфт, Владимир Путин дар суҳбати телефонӣ бо Илҳом Алиев аз он узрхоҳӣ кард, ки ҳодисаи фоҷиабор дар қаламрави ҳавоии Русия рух додааст.
"Хулосаи ниҳоӣ баъди кушодани қуттии сиёҳ маълум хоҳад шуд, аммо фарзиязҳои ибтидоӣ низ бо далелҳо асос ёфтаанд. Далел ин аст, ки як ҳавопаймои мусофирбари Озарбойҷон дар қаламрави Русия, дар наздикии шаҳри Грозний, осеб дид ва идораро аз даст дод," - гуфт Илҳом Алиев.
Вай ҳаргуна кӯшиши инкори ин далел ва пинҳон доштани воқеиятро "ҳам бемаъно ва ҳам аблаҳӣ" номид.
Сарнагунии 9 паҳподи Русия дар вилояти Николаеви Украина
Шаби 28 ба 29-уми декабр дар вилояти Николаеви Украина 9 паҳпод ё ҳавопаймои бесарнишини Русияро сарнагун кардаанд.
Дар ин бора Виталий Ким, раиси маъмурияти низомии вилоят, дар Телеграм хабар дод.
Ӯ гуфт, ки ҳавопаймоҳои бесарнишин асосан зербунёдҳои энержиро ҳадаф дода буданд.
Мақомоти Русия ҳамлаи ҳадафмандона ба зербиноҳои иҷтимоиро дар шаҳру ноҳияҳои Украина пайваста рад мекунанд.
Дар натиҷаи афтодани боқимондаи ҳавопаймоҳо дар ҳудуди як корхона дар вилояти Николаев сӯхтор сар зада, як кас маҷруҳ шудааст.
Русия дар моҳи феврали соли 2022 бедалел ба хоки Украина ҳамла кард ва даргирии ду тараф аз он замон идома дорад.
Як шаҳрванди гумшудаи Тоҷикистонро баъд аз 21 сол ёфтаанд
Як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки соли 2003 бо нияти сафар ба Русия ба роҳ баромада, бенишон гашта буд, баъди 21 сол дар Қазоқистон ёфта, ба назди пайвандонаш баргардондаанд.
Толиб Бегимқулов 52-сола аст ва аз деҳаи Шӯрноваи шаҳри Панҷакент.
Акбар Шарифӣ, подполковник (сарҳангёр)-и милиса, мегӯяд, Бегимқулов соли 2003 дар роҳ ба Русия, дар ҳудуди Қазоқистон, бар асари тасодуфи нақлиётӣ “осеби майнаи сар бардошта, ба бемории фаромӯшхотирӣ гирифтор шудааст”.
Вай рӯзи 28-уми декабр дар гузорише дар торнамои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон навишт: “Толиб Бегимқулов маълумот дар бораи худ, наздикону пайвандон ва ҷойи зистро пурра аз хотир бароварда, то ин дам дар ҳавлии шаҳрванди Қазоқистон дар шаҳри Чимкент мезист.”
Ҷузъиёт маълум нест. Вазорати корҳои дохилӣ "истифода аз барномаҳои интернетӣ", ҳамкорӣ бо консулгарии Тоҷикистон дар Алмато ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қазоқистонро аз омилҳои ёфтани Толиб Бегимқулов номбар кардааст.
Мақомот мегӯянд, кофтукоби Толиб Бегимқулов бо дархости падараш аз соли 2014 расман идома дошт, вале ӯ замоне пайдо ва ба ватан оварда шуд, ки волидонаш дигар барҳаёт нестанд. “Пайдо шудани ӯ барои ҳамсару фарзандон ва дигар аъзои оила хурсандибахш гардид,” – гуфтааст Акбар Шарифӣ.
Омори пурра дар бораи чӣ қадар бедарак будани шаҳрвандони Тоҷикистон дар дохил ва беруни ҷумҳурӣ нашр намешавад.
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, танҳо дар нуҳ моҳи соли 2020 зиёда аз 700 нафар бедарак шуда буданд. Маълум нест чӣ қадаре аз онҳо ёфт шуда, чанд нафар бедарак мондаанд.
Михеил Кавелашвилӣ, раисҷумҳури нави Гурҷистон савганд ёд кард
Михеил Кавелашвилӣ, футболбози собиқ ва яке аз мунтақидони Ғарб, ба унвони раисҷумҳури нави Гурҷистон савганд ёд кард.
Ин маросим рӯзи 29-уми декабр, дар пасманзари буҳрони сиёсии чандмоҳа дар Гурҷистон, баргузор шуд.
Ваколати президенти ғарбгаро, Саломе Зурабишвили, рӯзи 29-уми декабр ба поён расид.
Ӯ кохи раёсати ҷумҳуриро тарк кард, вале гуфт, ҳамчунон раҳбари қонунӣ мемонад.
Зурабишвилӣ маросими савгандёдкунии Кавелашвилиро "масхараомез" номид. Чандсад эътирозгар дар назди бинои порлумони Гурҷистон гирди ҳам омаданд.
Саломе Зурабишвилӣ ва намояндагони мухолифон қаблан натиҷаҳои интихоботи порлумониро напазируфта, хоҳони овоздиҳии такрорӣ дар Гурҷистон ҳастанд.
Дар ин интихобот, ки рӯзи 26-уми октябри соли 2024 баргузор шуд, "Орзуи гурҷӣ", ҳизби ҳоким ва аз “дӯстон”-и Русия, иддаои пирӯзӣ кард. Намояндагони мухолифон гуфтанд, маърака бо тақаллуб ва хушунату таҳдид гузашт.
Аз он замон эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар Гурҷистон ҷараён дорад. Қатъи музокирот барои пайвастани Тбилиси ба Иттиҳоди Аврупо ин эътирозҳоро бештар кард.
Михеил Кавелашвилӣ 53-сола аст ва аз соли 2016 вакили порлумони Гурҷистон. Вай дар соли 1995 дар ҳайати дастаи "Спартак-Алания"-и Владикавказ унвони қаҳрамони Русияро соҳиб шудааст.
Медведев гуфт, фарзандони муҳоҷирон забони русиро "дуруст намедонанд"
Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия гуфт, беш аз 40 дарсади фарзандони муҳоҷирон дар мактабҳои ин кишвар забони русиро "дуруст намедонанд".
Дмитрий Медведев дар ин бора рӯзи 26-уми декабр дар ҷаласае сухан ронд.
"Шумори онҳо зиёд аст, беш аз 200 ҳазор нафар. Мутаассифона, қисми зиёди онҳо – беш аз 40 дарсад барои азхудкунии барномаи таълимии ибтидоӣ забони русиро намедонанд," – гуфт ӯ.
Ин омор бар пояи маълумоти Вазорати маорифи Русия ба даст омадааст.
Медведев афзуд, фарзандони муҳоҷирон бо сабаби кору зиндагии волидонашон дар Русия ба мактабҳои маҳаллӣ мераванд.
Думаи Давлатии Русия дар моҳи декабри соли 2024 қонунеро қабул кард, ки бар асоси он, фарзандони муҳоҷирон бе донистани забони русӣ ба мактабҳо пазируфта намешаванд.
Иҷрои қонуни нав аз аввали моҳи апрел дар назар аст.
Русия мизбони бештар аз 1 миллион муҳоҷири кории тоҷик аст ва қонуни нав зиндагии ҳазорон нафари онҳоро, ки мехоҳанд фарзандонашонро аз худ дур накунанд, сахттар хоҳад кард.
Сиёсати зидди муҳоҷирон дар Русия дар баҳори соли 2024, пас аз ҳамлаи маргбор ба толори “Крокус Сити Ҳолл”, шиддат гирифт. Аксари гумонзадҳо, ба иттилои мақомоти Русия, зодагони Тоҷикистон ҳастанд.